ДАР ҲОШИЯИ «СОЛИ 2025 – СОЛИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ИҚТИСОДИЁТИ «САБЗ»

Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мардуми кишвар ва дар асоси тавсияҳо соли 2025-умро дар мамлакат «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти »сабз» эълон кард.

На ҳама хуб дарк мекунанд, ки «иқтисодиёти сабз» чӣ маънӣ дораду онро ба муҳити зист чӣ иртиботе ҳаст? Ё худ энергетикаи «сабз» чист?

Иқтисодиёти «сабз» аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир мавриди корбаст қарор гирифт ва вирди забони олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон, мутахассисони соҳаҳои муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва умуман мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқи кишварҳои ҷаҳон гардид. Иқтисодиёти «сабз» маънии  ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани шаклҳои мухталифи хоҷагидорӣ, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити атроф ва солимии ҷомеа, истифодаи самараноке аз захираҳои табиӣ, истеҳсолу истифодаи маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва рӯй овардан ба манбаъҳои муқобили энергияро дорад. Ва бидуни шубҳа, мақсад  аз иқтисодиёти «сабз» ҳифзи табиати сайёра, саломатии аҳолӣ ва ба насли ояндаи инсоният сабзу хуррам ба мерос гузоштани сайёраи Замин мебошад.

Ифлосшавии об ва ҳаво, эрозияи хок, биёбоншавӣ, истифодаи аз ҳад зиёди сӯзишвории истихроҷшаванда боиси гармшавии ҷаҳонӣ, афзоиши офатҳои табиӣ гардида, ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ зарар мерасонанд. Ба мушоҳида мерасад, ки бо вуҷуди ҳама комёбиҳои беназири илмиву техникӣ як қатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ инсониятро ба ташвиш овардаанд. Олимон, мутахассисону сиёсатмадорон барои бартараф намудани ин мушкилоти ташвишовар ғояи рушду тараққиётро пешниҳод менамоянд, ки яке аз онҳо маҳз иқтисодиёти «сабз» аст.

Дар раванди он волоияти арзиши истеъмолӣ ва сифат дар мадди аввал қарор дорад, ки он ба истеъмолгари ниҳоӣ ва беҳдошти муҳити зист нигаронида шудааст. Тибқи консепсияи иқтисодиёти «сабз» дар табиат партов набояд бошад. Дар ин консепсия бештар ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти саноати «сабз» ва энергияи барқароршаванда афзалият дода мешавад. Аз ин рӯ, бинобар он бояд ҷанбаи тағйироти иҷтимоию экологӣ ҳамбаста, миёни давлат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади таҳаввулоти инноватсионӣ ҳамкории зич вуҷуд дошта бошад.

Татбиқ шудани иқтисодиёти «сабз» барои бартарафсозии камбизоатӣ ва бекорӣ имконияти хуб фароҳам меоварад. Чунки афзоиши сармояҳои табиӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ манфиати бевосита меоварад. Тибқи хабари Созмони байналмилалии меҳнат тадбирҳои гузариш ба иқтисодиёти «сабз» ва дар ҳудуди 2 дараҷа нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ имкон медиҳад, ки то соли 2030-юм 24 миллион ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шавад. Ҷойҳои нави корӣ дар натиҷаи дигаргунӣ дар бахши энергетика ба вуҷуд омада, зарурат ба кормандон дар соҳаҳои тозасозии ҳаво, об, замин ва ҳифз аз офатҳои дорои хусусияти табиӣ меафзоянд.

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии метериологӣ зиёда аз 80 фоизи талафот аз оқибати офатҳои табиии саросари ҷаҳон ба обу ҳаво, иқлим ва об: тӯфон, обхезӣ ва хушксолиҳо алоқаманд мебошанд. Тӯли 30 соли охир ин офатҳо 3 баробар афзудааст. Дар натиҷаи офатҳои табиии солҳои 90-уми асри ХХ зиёда аз 600 ҳазор  нафар ҷон бохтаанд.

Омили дигаре, ки ба раванди тағйирёбии иқлим ва норасоии оби ошомиданӣ таъсири бевосита дорад, обшавии пиряхҳо ва коҳиш ёфтани майдони яхистонҳо мебошад. Олимон ду омили гармшавии ҳаворо эътироф кардаанд. Аввалӣ, зиёдшавии гази карбонат дар табиат аст, ки дар натиҷаи сол то сол зиёд сӯхтани газ, нафту ангишт ҳосил мешавад, дувумӣ, омилҳои маҳаллӣ мебошанд. Мисолан, аз соли 1912 то соли 2007 ҳаҷми пиряхҳои кӯҳи Килиманҷаро (Танзания) 85 фоиз кам шуда, чоряк ҳиссаи он ба давраи аз соли 2010 то ба ин ҷониб рост меояд. Сабаби бо суръат коҳиш ёфтани майдони пиряхҳои Килиманҷаро буридани ҷангалзор ба мақсади бунёди қаҳвазору бананзор аст. Дар натиҷаи буридани дарахтони сӯзанбарг намнокии ҳаво кам шуда, гармсел пиряхҳоро об кардааст.

Чунин ҳолатро дар баҳри Арал низ метавон мушоҳида кард. Солҳои ҳокимияти Шӯравӣ бо мақсади гирифтани ҳосили зиёди пахта заминҳои асрҳо бекорхобидаи Осиёи Марказӣ ба майдони кишти пахта табдил дода шуданд. Оби дарёҳои Аму ва Сир ба пахтазору шолизорҳо ҷорӣ шуда, то баҳри Арал намерасид. Дар натиҷа, 100 км масоҳати баҳри Арал ба биёбони гармои пур аз заҳрхимикат ва шӯразор табдил ёфт.

Дар Ӯзбекистон барои татбиқ кардани лоиҳаҳои иқтисодиёти «сабз» қадамҳои устувор гузошта шуданд. Бо ташаббуси Президент се сол муқаддам лоиҳаи «Макони сабз» роҳандозӣ гардид. Ин ташаббус дар кишвар бо рӯҳбаландии бузург татбиқ мешавад. Кабудизоргардонии соҳилҳои баҳри Арал ва бунёди Муйноқ намунаи барҷастаи ин ташаббус аст. Имрӯз дар сар то сари кишвари мо ниҳолшинонӣ дар авҷ аст.

Мегӯянд, ки барои ба «тараққиёти сабз» гузаштан бояд «иқтисодиёти сабз»-ро ҷорӣ намуд. Дар ин раванд низ қадамҳои устувор гузошта шудаанд. »Стратегияи гузариш ба иқтисодиёти «сабз» дар Ӯзбекистон соли 2019 қабул гардида буд. Бисёр корхонаву муассисаҳо ба истифода ва истеъмоли энергетикаи «сабз» гузаштаанд. Дар Бухоро, Ҷиззах, Самарқанд, Қашқадарё, Навоӣ ва Сурхондарё 9 неругоҳи калони офтобӣ ва бодӣ ба кор андохта шуд, ки иқтидори умумии онҳо 1,6 гегаватт мебошад. Дар вилоятҳои Андиҷон, Самарқанд, Сурхондарё ва Тошканд  6 неругоҳи хурду бузурги иқтидори умумиашон 183 мегаватт ба истифода дода шуданд. Дар натиҷаи ин имконият ба вуҷуд омад, ки ба таври илова 5 миллиард киловатт-соат қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва 1,5 миллиард мукааб метр газ сарфа шавад. Ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои сабукрави барқӣ низ дар ин раванд иқдоми хубест.

Ҳамин тариқ, пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев бинобар «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти »сабз» эълон кардани соли 2025 дар роҳи таъминсозии рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист барои наслҳои оянда қадами муҳим мебошад. Он муносибати дастҷамъона, навоварӣ ва ҳамкории ҳамаи иштирокдорони ҷомеаро барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор тақозо менамояд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: