ОТАШ – ДУШМАНИ БЕЗАБОН

Дар кишварамон бо мақсади пешгирии хавфи ҳодисаҳои нохуш дар фасли зимистон, ки бар асари сӯхтор рӯй медиҳанд, аз 15 ноябр то 15 декабр, «Моҳонаи бехатарӣ аз сӯхтор» эълон карда шудааст.

Бо ин муносабат дар вилояти Намангон низ корҳои амалӣ идома доранд. Бо иштироки масъулони ташкилотҳои дахлдор дар муассисаҳои давлатӣ, маҳаллаҳо, хонадон ва манзилҳои бисёрошёна дар бораи аҳамияти моҳонаи бехатарии сӯхтор суҳбатҳо гузаронида мешавад. Дар мавзӯи «Заҳролудшавиҳо аз ғубори газ ба ҳаёти одамон зомин мешавад» видеороликҳо намоиш дода мешавад. 

Хусусан, дар маҳаллаи Обиҳаёт, ки дар шаҳри Намангон воқеъ аст, корҳои амалӣ дар авҷ. Дар давоми тадбир камбудиҳои соҳа аз тарафи ходимони соҳа бартараф карда шуд.

Мутасаддиён дар ҷойҳое, ки хонаҳои бисёрошёна барпо карда шуда истодааст, бо бинокорон дар бораи бехатарии сӯхтор суҳбат карда, ба қоидаҳои техникӣ ва ҷойгиркунии асбобу анҷомҳои лозимӣ амал карданро ёдрас намуданд. Дар мактаби рақами 38 бо хонандагон ва ҷамоаи мактаб бинобар моҳонаи номбурда вохӯрӣ баргузор шуд ва мутахассисон ба саволҳои иштироккунандагон ҷавоб доданд.

– То қадри имкон мувофиқи нақша дар ҳудудҳо бо аҳолӣ вохӯриҳо ташкил карда истодаем, – мегӯяд ҷонишини роҳбари вазъияти фавқулоддаи вилоят, подполковник Баҳром Раҷабов. Дар рафти саволу ҷавобҳо ҳолати асбобу анҷомҳои гармкуниеро, ки онҳо истифода мебаранд, аз назар мегузаронем, маслаҳатҳои зарурӣ медиҳем, лозим бошад, дар таъмирашон кӯмак мерасонем.  Соли 2022 дар вилоят 9 ҳолати заҳролудшавӣ қайд шуда бошад, соли 2023 ин рақам ба 4-то кам шуд. Соли ҷорӣ бошад, дар давоми 9 моҳ, 1 ҳолат рӯй дод. Афсӯс, ки сӯхтор низ кам нест. Дар ҳудуди вилоят дар давоми 9 моҳ зиёда аз 500 маротиба сӯхтор ба вуҷуд омад, 1 нафар вафот кард, 5 нафар ҷароҳат гирифт, ҷабрдидагон аз 113 миллиард сӯм зиёд зарари моддӣ диданд. Барои ҳамин, мо бо аҳолӣ доир ба усулҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар вақти сӯхтор корҳои амалӣ мегузаронем.

Мо бояд дар хотир дорем, ки «Моҳонаи бехатарӣ» мавсимӣ нест. Мо дар давоми сол бояд ба қоидаҳои бехатарӣ амал кунем, аз ин офат худро, хонаву ҷоямонро ва наздиконро муҳофизат кунем.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: