МУШТЗАНҲОИ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ БА ТАЙИЛАНД РАФТАНД

Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд аз 30 ноябр то 12 декабр бо иштироки беҳтарин муштзанони қораи Осиё доир мегардад.

Дар мусобиқа беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 давлати Осиё рақобат менамоянд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси Ӯзбекистон дар ин мусобиқа байни мардон Шодиёр Мелиқўзиев дар вазни 48 кг, Асилбек Ҷалилов дар вазни 51 кг, Шаҳзод Музаффаров дар вазни 54 кг, Миразиз Мирзаҳалилов дар вазни 57 кг, Дилшод Абдумуродов дар вазни 60 кг, Адҳамҷон Муҳиддинов дар вазни 63,5 кг, Муҷбилло Турсунов дар вазни 67 кг, Ҳавасбек Асатуллаев дар вазни 71 кг, Ҷавоҳир Умматалиев дар вазни 75 кг, Тўрабек Ҳабибуллаев дар вазни 80 кг, Ҷасурбек Йўлдошев дар вазни 86 кг, Мадияр Саидраҳимов дар вазни 92 кг ва Ҷаҳонгир Зокиров дар вазни беш аз 92 кг шарафи кишвари моро ҳимоя хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: