РИСОЛАТИ НАВИСАНДА

Ба муносибати 60-умин солгарди зодрӯзи нависанда Юнуси Имомназар

Ҳарчанд мегӯянд, ки насри бадеӣ дар ҳавзаи адабии тоҷикии Ӯзбекистон пешрафти чашмгир надорад, умед аст, ки қиссаву ҳикоя ва романҳои солҳои охир таълифшуда ин холигиро пур карда, моро ба ояндаи дурахшони он хушбин месозанд. Аз ҷумлаи адибони серғайрату кӯшои ҳавзаи мазкур Юнуси Имомназар мебошад, ки бо навиштаҳои рангоранги худ дар дили садҳо нафар хонанда роҳ ёфтааст ва дар ташаккули насри замони истиқлол саъйи бештар ба харҷ медиҳад. Қиссаву ҳикоя ва новеллаҳои муаллиф асосан дар китобҳои «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Ҷоми саргардон» ва «Марзи умед» ҷой гирифтаву фарогири муҳимтарин масоили иҷтимоии рӯзгори мо мебошанд. Чанде аз ҳикояҳои ӯ дар китобҳои дастҷамъии «Се барги сабз» (Т.: «Noshirlik yog»dusi», 2019), «Суғдиёна» (Ҳӯланд: «Ақли Сурх», 2020), «Гули санг» (Т.: «Tamaddun», 2020) низ ҷамъ омадаанд. Навиштаҳои адиб дидаву шунидаҳояшро бозгӯ мекунанд. Насраш равону хоност, баъзан калимаҳои камистеъмолро ба он ҳадаф корбаст мекунад, то мардумро ба забони ноби форсии тоҷикӣ, ки реша дар ҳазор соли гузашта дорад, ҳарчи бештар наздик намояд. Дар навиштаҳояш ба риояи меъёрҳои забони адабӣ эътибори алоҳида медиҳад. Юнуси Имомназар кӯшиш мекунад, ки дар поксозии забони навишторӣ хидмати алоҳида анҷом диҳад. Чунин амалҳои адиб шоистаи таҳсин аст. Ӯ, ҳамчунин, ба гӯйиши мардуми зодгоҳи худ таваҷҷуҳ намуда, бисёр калимаҳои роиҷ дар забони мардумро ҷудо ва тасниф карда, хусусиятҳои фонетикии онҳоро нишон додааст. Натиҷаи пажӯҳишҳои муаллиф дар ин самт дар китоби «Деҳаи зархез» инъикос ёфтааст. Ҷониби дигари пажӯҳишҳои мавсуф он аст, ки ҳамчун муҳаққиқи нуктагир эҷодиёти шоиру нависандагони ҳамзамони худро мураттаб мутолиа ва пайгирӣ мекунад. Чунончи, китоби «Гули санг» маҳсули ҷустуҷӯ ва таҳқиқҳои эҷодкоронаи ӯст, ки тавонистааст адибони шинохтаи кӯҳистони Нураторо дар як маҷмуа гирдиҳам оварад ва бо баёни зиндагиномаи эшон намунаҳои барҷастаро аз эҷодиёташон рӯнамоӣ кунад. Феълан китоби мазкур мукаммалтарин манбаи адабиест, ки фазои назму насри минтақаи ёдшударо фаро мегирад. Бояд гуфт, ки нависанда бештар мисли як ровии муфассир дар ҷараёни нақли ҳикояҳо амал мекунад. Тарҳи ҳикояҳояш одиву маъмулӣ, ғояҳои дар зеҳни нависанда ташаккулёфта барои ба вуҷуд омадани сужети ҳикояву қиссаҳо кумак мекунанд. Яъне тарҳи ҳикояҳо тибқи ғояи эҷодии нависанда ташаккул меёбанд, ки аз комёбиҳои эҷодӣ ба шумор меояд. Дар осори нависанда садоқату самимият, қадру манзалати инсоният тарғиб карда мешавад. Ҳатто муносибати инсону ҳайвон мавриди муҳокимаи бадеӣ қарор мегирад. Масалан, дар ҳикояи «Вафодор» ҳадафи муаллиф нишон додани меҳру шафқати саг нисбат ба инсон аст. Номи ҳикоя ҳам ҳамин маъниро таъйид мекунад. Дар ҳикояи «Нолаи хар» низ тасвири ҳайвони дигари хонагӣ – харро мушоҳида мекунем. Юнуси Имомназар дар таълифи мақолаҳои таҳлилӣ низ имконияти фаровон дорад, мақолаҳое, ки дар «Аз санг сахт, аз гул нозук» фароҳам оварда шудаанд, далели ин даъвост. Нависанда бо тарҷумаи ҳикояву қиссаҳои адибони ӯзбек низ машғул аст. Айни замон осори беш аз 40 нафар адиби ӯзбекзабонро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои алоҳида ба чоп расонидааст. Аз ҷумла, дар қисматҳои 1, 2, 3-юми «Хирмани сухан» аксари онҳо ҷой гирифтаанд. Қиссаҳои «Томирис», «Нур ва зулмат»-и Миркарим Осим, «Қиссаи Робия»-и Исоҷон Султон низ ба он ворид карда шудаанд. Муаллиф аз шеърият низ воқиф аст ва машқҳои худро ба ин ё он муносибат эҷод мекунад, аммо бештар домани насрро гирифта, дар ин самт бароҳат қалам мезанад, шояд ӯ низ «чорчӯбаи назмро барои баёни афкори худ танг» ҳис карда бошад, ки пайваста барои инъикоси мушоҳидаҳои худ аз анвои гуногуни наср мадад меҷӯяд. Беҳуда ҳикояро «ғазали наср» намегӯянд. Дар назми классикӣ он бореро, ки жанри ғазал мекашад, дар насри муосир ҳикоя ба зимма дорад. Бо вуҷуди он ки дар замони муосир ҳикояҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун ва дигарон банду басти қавӣ доранд, мактаби ҳикоянависӣ мисли ғазали имрӯз ривоҷ пайдо накард. Дар ҳавзаи адабии Ӯзбекистон ҳам жанри ҳикоя ба таври дилхоҳ пешрафт надорад. Ин ба чанд омил вобаста аст, аввал ин ки мардум ба хотири кӯтоҳии баён ва мусиқиву зарб доштан бештар қолабҳои лирикиро интихоб мекунанд, дувум, ҳикоянависӣ камтар тарғиб мешавад ва мактаби ҳикоянависӣ хуб ба роҳ монда нашудааст. Дигар ин ки аксарият аз назарияи ҳикояҳои имрӯз огоҳ нестанд. Юнуси Имомназар бо чанд нафар ҳамтоёни худ дар ин роҳ бо муваффақият пеш меравад ва на танҳо аз болои ғояву мазмуни ҳикояҳо гаштаву баргашта кор мекунад, балки барои ҳар як калимаи мавриди истифода пофишорӣ карда, вожаҳои қобили истифодаро корбаст мекунад. Нависандагони воқеӣ болои ҳар як навиштаи худ мудом кор мекунанд, «Алвидоъ, силоҳ»-ро 50 маротиба бо такмилу таҳрир навиштани Эрнест Ҳемингуэй бесабаб набуд. Ё Абдулло Қаҳҳор баъзе саҳифаҳои осорашро то 23 маротиба таҳрир мекард, аз нав менавишт. Як имтиёзи эҷодии Ю.Имомназар дар ин аст, ки калимаву таркибҳои барои ҳамаи форсизабонон фаҳморо пайдо карда, фикрҳояшро баён месозад. Шояд бархе дар мавриди баъзе калимаҳои осори нависанда хурдагирӣ кунанд, ки душворфаҳм аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳимоягари забон дар навбати аввал нависандагон ҳастанд. Мавзӯъ ва мазмунҳои тозаву навро баён кардан ҳам аз вижагиҳои нависандагии ӯст. Дар ин бобат овардани суханони шоири шинохта Паймон муҳим аст: «Ҷиҳати дигаре, ки, фикр мекунам, хоссаи ҳикояву қиссаҳои ӯст, ин дарёфти мавзӯъ ва мазмунҳои тоза, ҳатто ногуфта мебошад». («Деҳаи зархез», саҳ.3). Адиб на танҳо барои хонанда мазмуну муҳтавои нав, ғояҳои пешқадам илқо мекунад, балки ӯро бо вожаҳои аз назарҳо дурмондаи забони куҳанбунёди форсӣ, махсусан, бо калимаҳои дар гӯйишҳои маҳаллии диёрамон мавриди истифодабуда низ шинос менамояд. Бо ин роҳ, масъулияти аз ҳама муҳими нависандагӣ – тарғиби вожаҳои ноби забони зиндаи халқро ба роҳ мемонад. Солҳои сиюми асри гузашта вазифаи нависандагон сода карда, ба фаҳмиши мардуми одӣ наздик намудани забон буд, имрӯзҳо ин масъулият бештар меафзояд, яъне адиби имрӯз дар ин самт ду масъулияти муҳимро бар дӯш дорад: ғояҳои муҳимми милливу умумибашариро инъикос кардан, забонро ба дарки мардум аз роҳи истифодаи калимаҳои умумифорсӣ наздик намудан. Романи «Сабзу сурх», ки соли 2021 ба нашр расид, воқеаҳои таърихиеро дар бар мегирад, ки асосан дар кӯҳпояи Нурато ва Бухоро ба амал омадаанд. Ин ҳодисаҳо замони ҳукмронии Аморати Бухоро ва давраи аввали фаъолияти собиқ шӯравиро фаро мегиранд, ки ду давраи аз ҳам мутафовит буда, аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар гузашта ба талабҳои дарпешистода мутобиқ шудани оммаи халқ осон набуд. Ҳадафи асосии муаллиф аз навиштани роман бозгӯ кардани ҳофизаи таърихии халқ мебошад, ки соҳиби донишу хирад, таҷрибаву ҷаҳонбинии хоси худ буданд. Азбаски роман воқеаҳои то солҳои сиюми асри гузаштаро дар бар мегирад, муаллиф ният дорад, ки қисмати дувуми романро бо оғоз аз давраи номбурда навишта ба итмом расонад ва дар асоси факту санадҳои воқеӣ рӯзгори мардуми он давра, машаққати мутобиқшавии онҳо ба ҳаёти навро низ нишон диҳад. Мавзӯи худшиносӣ аз масъалаҳои муҳиммест, ки мисли хати сурх аз миёни қиссаву роман ва ҳикояву новеллаҳои Ю.Имомназар мегузарад. Дар ҳикояи «Ба ман гап мерасад» масъалаи фирор аз асли хеш ва натиҷаи номатлуби он баён мегардад. Дар мисоли Равшан ӯ шахсони аз маънавият ва асли хеш дурро зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Равшан дар хонаи худ китобхонае аз китобҳои гуногун фароҳам кардааст, аммо онҳо барои назарфиребӣ ҳастанд. Маҳз, «дар сина будани китобхона» аз худро шинохтан сарчашма мегирад. Муҳимтарин масъала ин аст, ки афроди ба ном зиёӣ «илмро воситаи ҷоҳ» медонанд ва суханашон бо кирдорашон мувофиқ нест. Гиёҳмандӣ аз иллатест, ки ба сабаби норасоиҳои иқтисодӣ дар охири асри ХХ дар миёни ҷомеаи Осиёи Марказӣ ба зудӣ паҳн шуд ва ба оқибатҳои номатлуб оварда расонд. Мисли бемории сирояткунанда ба зеҳни ҷавонони аз донишу маънавият дур зуд сироят кард. Бояд гуфт, нависандае, ки мушкилоти рӯзгори худро нодида мегирад, навиштаҳояш ба дарди мардум намехӯранд. Аз ҷониби дигар адиб муваззаф аст, ки норасоиҳои ҷомеаро дар қолаби асари бадеӣ инъикос намуда, чашми мардумро кушояд. Яъне ҳушдор диҳад, ки набояд аз камбудиву хатоҳо чашм пӯшанд. Дар қиссаи «Гурез аз худ» Ромиш ба пули бедарди миён одат мекунад, вазъи танги иқтисодӣ ӯро маҷбур кард, ки ба хотири манфиати моддӣ ба кӯчаи бунбаст ворид шавад. Ба фикри ба шаҳр кӯч бастан ҳам меафтад. Аммо сухани пандомези падар ӯро аз ин раъй баргардонд: «Ман об дар ҷувоз мекӯбам, бо мижгонам хору хас ҷамъ мекунам, дастамро ба оташ мезанам, лекин боғу дарамро тарк намекунам. Ҳамин зиндагии «пуразоб» аз ҳаёти шоҳонаи шаҳриҳоят сад бор беҳтар аст. Ман намехоҳам ватангадо шавам, бояд тобутам аз ҳамин дарвозаи чӯбинам барояд» («Ҷоми саргардон», саҳ.8). Омили муҳимме, ки ҳикояҳои Ю.Имомназарро ширину намакин мекунад, ин воқеаҳои ҷолибест, ки аз рӯзгори рӯзмарраи мардум бо услуби хос оварда мешавад. Хонанда донистани давоми воқеаро интизорӣ мекашад. Ба ин хотир, баъзе хонандаҳо агар дар як шаб сартопо китоберо мутолиа кунанд, набояд тааҷҷуб кард. Занҷирбандии воқеаҳост, ки хонандаро ба идома додани мутолиаи асар шавқманд мекунад. Шоир Абдулло Субҳон дар пешгуфтори китоби «Аз санг сахт, аз гул нозук» чунин меорад: «Сабки эҷод ва банду басти навиштаҳояш (Юнуси Имомназар – Х.С.) ҷозибае дар худ ниҳон доранд, ки хонандаро беихтиёр аз пайи худ мебаранд». Ин ҷозиба ҳамоно бо саргузашти ҷолиб шурӯъ гардидани ҳикоя ва занҷирбандии воқеаҳост. Нависанда чун аз адабиёти ҷаҳон ва муосир огоҳии басанда дорад, дар банду басти ҳикояҳо огоҳона рафтор мекунад. Новеллаи «Нони башир» касро ба ёди рӯзгори донишҷӯӣ мебарад, ки модарон сумкаи фарзандонро аз нону кулчаи баширу мағзу бодом пур карда, ба шаҳр барои хондан гусел мекарданд. Дар даме, ки се бародар аз ниҳояти гуруснагӣ чӣ кор кардани худро намедонистанд, нони баширу пулҳои аз намадпазию гилембофӣ ҷамъ карда фиристодаи модар ба додашон мерасад. Ин ҷо, дар баробари падар, меҳнату машаққатҳои модар барои таълим гирифтани фарзандон эҳсос мешавад. Дар охири нома «Ман шумоёнро дуо мекунам» гуфтани модар ба фарзандони мусофири донишҷӯяш рӯҳ мебахшад. Дар новелла манзараи солҳои навадуми асри гузашта пеши чашм меояд, ки баъзе нафарон аз хидмати коргарон истифода бурда, ҳаққи кори онҳоро намедоданд. Фиребу дурӯғгӯӣ усули пешбарии кор гардида буд. Дар ҳикояи «Писарак» муаллиф аз мумсикии нонвой сухан мегӯяд, ки на танҳо намехоҳад ба писараки муҳтоҷ ноне диҳад, балки ҳангоми аз ғояти гуруснагӣ ба нон даст дароз кардан ба дасти ӯ ҷароҳат мерасонад. Вазифаи нависанда ба воситаи осори худ мардумро ба сӯйи инсонгариву ҷавонмардӣ тарғиб кардан аст. Муаллиф дар ҳикоя аз ҳамин нуқтаи назар бархурд мекунад. Юнуси Имомназар дар ҳар як ҳикоя як масъалаи доғи иҷтимоиро ба таҳқиқи бадеӣ мекашад ва аз як китоб то китоби дигар муҳтавои онҳо ғанӣ мегарданд. Адабиётшинос Саиди Саъдӣ таъкид мекунад, ки: «Бештари ҳикояҳои ӯ (Юнуси Имомназар – Х.С.) аз лиҳози мазмун ва шакл дар радифи беҳтарин ҳикояҳои адабиёти мо қарор доранд». Дар ҳақиқат, ҳикояҳои адиб бо инъикос кардани масоили иҷтимоиву маънавии рӯз арзиш пайдо мекунанд. Риштаи дигари эҷодиёти Юнуси Имомназар нигориши сафарнома аст. Дарвоқеъ, нахустин китоби адиб «Аз Гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон» ном дорад, ки соли 2008 аз тариқи нашриёти давлатии «Ӯзбекистон» ба табъ расидааст. Ӯ дар ин китоб ёддоштҳои худро аз сафари анҷомдодааш ба шаҳрҳои Шерозу Исфаҳон ва Теҳрони Эрон чунон ба қалам медиҳад, ки хонанда низ тасаввур мекунад ҳамроҳи муаллиф дар ҷойҳои дидаи ӯ қадам мезанад. Мо раванди зиндагии адибро аз нигоҳи мушоҳида гузаронида, возеҳан воқиф мешавем, ки аксари тахайюлоти эҷодиаш фароварди дидаю шунидаҳояш аз муҳитҳои гуногун аст. Дар ин маврид Шайх Саъдӣ беҳуда нафармуда: «Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме». Дар маҷмӯъ, гуфтан мумкин аст, ки нависандаи чирадаст Юнуси Имомназар бо навиштаҳои гуногунжанри худ дар пешрафти насри адабиёти тоҷики давраи истиқлоли Ӯзбекистон саҳми назаррас мегузорад ва ҳикояву қиссаҳояш бо инъикоси ҳаёти иҷтимоии ҳамзамонон арзиши бештар пайдо мекунанд. Дар тарғибу ташвиқ ва покиза нигоҳ доштани забони адабӣ чун бонигари забон ва фарҳанги аҷдодӣ хидмати шоиста анҷом медиҳад ва рисолати нависандагиро ба ҷо меорад. Илова бар ин, ҷуғрофияи навиштаҳояш бештар вусъат пайдо карда, рӯзгори мардуми минтақаро фаро мегиранд. Узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, барандаи нишони «Сухан» дар ин рӯзҳои фарорасии синни камолот ба камоли эҷодӣ расидааст, ки ин тавфиқро барояш муборакбод мегӯем.

Хусрави САЪДУЛЛО, доктори фалсафа оид ба илмҳои филология.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: