МАҲАЛЛА — РОҲНАМОИ КОРҲОИ БУЗУРГИ ИН ДАВРУ ЗАМОН

Ба идораи вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон Адҳамҷон Зиявитдинов дастикам як сол муқаддам сардор таъин гардидааст. Вай солҳои зиёд дар мақоми ҳокими шаҳри Марғилон фаъолият намудааст. Мо бо Адҳамҷон Зиявитдинов дар бораи корҳое суҳбат кардем, ки то ин давраи соли равон дар вилояти Фарғона анҷом дода шудаанд.

— Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мо 1 ҳазору 62 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо мавҷуданд ва ҳар кадоми он барои тарғиби сиёсати хирадмандонаи Президент ва иҷрои қарору фармонҳои ҳукумат ҳисса мегузорад, инчунин дар ҳалли мушкилоти сокинони он корҳои мушаххасеро ба анҷом мерасонад. Бо мақсади ба роҳ мондани «Кори бекоғаз» дар ҳамаи ниҳодҳои маҳаллии марбути Садорати маҳаллаи вилоят ҳуҷҷатҳо ба шакли электронӣ гузаронида шудаанд, — гуфт дар ибтидо Зиявитдинов. Вай афзуд, ки яке аз самтҳои кори маҳаллаҳоро вокуниш ба муроҷиати шаҳрвандон ташкил мекунад. Бар ин асос 2 ҳазору 762 муроҷиате, ки аз тариқи Қабулхонаи виртуалии Президент ва Қабулхонаҳои халқ ба онҳо расидааст, мавриди таҳқиқу баррасӣ ва иҷро қарор гирифтаанд. Ин муроҷиатҳо асосан масъалаҳои иҷтимоиро фаро гирифта, ба беш аз 2 ҳазору 55-тои он вокуниш ва ҷиҳати ҳаллу фасл чораҳои фаврӣ андешида шуд. Инчунин тибқи нақша садорат дар давоми нӯҳ моҳи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо қабулҳои сайёр ташкил намудааст. Гуфта шуд, ки дар чаҳорчӯби «Олимпиадаи панҷ ташаббус» 1 ҳазору 368 мусобиқаи варзишӣ, 1 ҳазору 166 тадбири «Машварати пиронсолон», таҳти шиори «5 ҳазор қадам барои саломатӣ» 452 чорабинии гуногуни варзишӣ ва раҳпаймоиҳо роҳандозӣ гардиданд, ки дар он 114 ҳазору 109 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона ширкат варзиданд. Бо мақсади боз ҳам таҳкими низоми кори маҳалла, ҳалли мушкилоти ҷавонон дар худи маҳалла «ҳафтгонаи маҳалла» фаъолият менамояд, ки дар иҷрои корҳои зиёд нақши муҳим мебозад. — Иттиҳодияи ҷумҳуриявӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши «ҳафтгонаи маҳалла» курсҳои омӯзишии 34-соатаи онлайн ташкил намуд. Чунин курсҳои таълимӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронда шуд ва ин раванд беш аз пеш доман фарох намудааст. Ғайр аз ин, оид ба ташкили фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» дастурҳои методӣ тақдим гардид. Дар он ҳамаи масъалаҳои ташкили самараноки кор ба таври возеҳ шарҳу тафсир ёфтаанд. — Бемуҳобот метавон гуфт, ки ин дастур дар ташкили босамари фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла», пурзӯрсозии нақши он дар ҳаёти сокинон, ҳаллу фасли масъалаҳои зиёд хеле мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба беҳбуди вазъи иҷтимоии хонаводаҳои камдаромад, фаъолияти идораҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини муҳити боамну субот, ҷилавгирӣ аз вазъи душвори иҷтимоии аҳолӣ, ҳамзамон пурмазмун ташкил намудани вақти холии ҷавонон, тарғиби тамоюлҳои «Оилаи солим — ҷомеаи солим» нақши муассир хоҳад бозид, — қайд намуд Зиявитдинов. Маълум шуд, ки баҳри иҷрои қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагии обод ва кабудизоркунии маҳаллаҳо, беҳтар намудани намои он» перомуни ободгардонии маҳаллаҳо корҳои доманфарох барномарезӣ шудаанд. — Бар асоси супориши хос дар маҳаллаи «Юксалиш»-и ноҳияи Бағдод ба сифати намуна ҶДММ «Юксалиш Маҳалла Сервис Компани» таъсис дода шуд, ки ба аҳолӣ аз рӯи 24 намуд хидматҳои коммуналӣ мерасонад. Он як гурӯҳ сокинони бекори ин маҳалларо ба кори доимӣ ҷалб кард. Онҳо ба дуредгарӣ, сантехникӣ, кафшергарӣ ва ғайра машғул мешаванд, — гуфт ӯ. — Дар айни ҳол 10-тои ин ширкат дар бинои ҷамоати шаҳрвандон, 2-тои он дар бинои хусусии соҳибкорон воқеъ гашта бошад, барои 7-тои боқимонда ҳокими вилоят қарор содир намуда, барои сохтмони бинои он замин ҷудо карда додааст. Аллакай дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Юксалиш»-и ноҳияи Бағдод, «Баҳрин»-и шаҳри Марғелон, «Акбаробод»-и ноҳияи Қува, «Янги ҳаёт»-и ноҳияи Олтиариқ, «Шомирзо»-и ноҳияи Қӯштеппа, «Ровон»-и ноҳияи Сӯх, «Бегобод»-и ноҳияи Учкӯприк, «Истиқлол»-и ноҳияи Тошлоқ, «Масҷиди хурди сафед»-и ноҳияи Ӯзбекистон, «Асри нав»-и ноҳияи Фарғона чунин ширкатҳо оғоз ба фаъолият кардаанд, — мегӯяд мусоҳибам. — Ҳоло боз бармегардем ба масъалаи «ҳафтгонаи маҳалла». Дар ин замина метавон гуфт, ки ҳанӯз барои истихдоми аъзоёни он ҷойҳои холӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ 37 ҷойи холӣ мунтазири шахсоне мебошад, ки метавонанд барои ишғоли мақоми раиси маҳалла — 3 нафар, ёварони раиси шаҳр — 12 нафар, пешсафи ҷавонон — 10 нафар, занони фаъол — 16 нафар, нозири профилактикӣ — 1 нафар, кормандони иҷтимоӣ — 3 нафар, нозирони андоз — 4 нафар даъвогарӣ кунанд, — изҳор намуд вай. Дар ноҳияи эксклави Сӯх, ки аз чаҳор тараф онро Қирғизистон иҳота намудааст, дар натиҷаи таъсиси «ҳафтгонаи маҳалла» беш аз 70 масъалаи ҳаллашон мушкил ба таври дастаҷамъӣ ҳал карда шуданд. Инҳо бақайдгирии сокинони ниёзманд, расонидани кумакҳои молӣ, дар худи маҳалла ҷудо кардани қарзи имтиёзнок, ки бидуни рафтан ба идораҳои дахлдори ноҳиявӣ ва вилоятӣ имконпазир шудаанд, аз ҳамин зумра мебошанд. — Дар бобати иҷрои корҳое, ки ба беҳбудии муҳити иҷтимоию маънавӣ нигаронида шудаанд, чанд сухан мегуфтед. — Байни мардуми мо маҳалларо макони арзишҳои миллӣ меноманд. Ин арзишҳои миллӣ бояд ҳамеша ҳифзу нигаҳдорӣ ва барои насли оянда ба мерос гузошта шаванд. Ин арзишҳои миллӣ аз тӯю маърака, ҷашну маросимҳо иборатанд, ки қарнҳо ба ин сӯ давом карда меоянд. Фақат ҳоло ҳар кадоми он мувофиқи давру замон тағйир ёфтааст, бо вуҷуди он бояд меъёре риоят шавад, ки боиси азияти иқтисодии мардум нагардад. Дар ин ҷода низ ҳафтгонаи маҳалла як ҷо бо аъзои комиссияҳо баргузории ин арзишҳоро аз мадди назар дур намегузорад, — гуфт Зиявитдинов. Ба гуфтаи ӯ дар самти беҳдошти муҳити иҷтимоӣ-маънавӣ чорабиниҳои зиёд пиёда мешаванд. Он таҳти шиори «Маҳалла — макони арзишҳо» сурат гирифта, масъалаҳои баланд бардоштани маданияти китобхонӣ дар байни аҳолӣ, таҷлили иду санаҳои пуршарафро низ фаро мегирад. «Маърифат бар зидди ҷаҳолат», «Ҳамсоядорӣ — пояи сулҳу оромӣ, тинҷию ҳамбастагӣ, қалъаи маърифат», «Рӯзи дарҳои кушод» аз шумори ҳамин чорабиниҳо арзёбӣ гардиданд. — Ҳоло мо ба тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунем. Ноҳия ва шаҳрҳо аз рӯи таносуби ҳодисаҳои ҷудошавӣ ба аҳолӣ ба 3 тоифа тақсим карда шудаанд. Дар ин ҳолат шаҳрҳои Фарғона, Қӯқанд, Қувасой ва ноҳияи Фурқат — 1,0 ба ҳар ҳазор — дар ҳудуди «сурх», 2 ноҳия (Данғара, Ӯзбекистон) — 0,9 ба ҳазор — дар ҳудуди «зард», 12 шаҳру ноҳия (Марғелон, Бешариқ, Бағдод, Бувайда, Ёзёвон, Қува, Олтиариқ, Қӯштеппа, Риштон, Сӯх, Тошлоқ, Учкӯприк) — 0,6-0,8 дар минтақаи «сабз» муайян шудаанд. Дар 263 ҷамоати маҳалла ҷудошавӣ коҳиш дида ва дар 60 ҷамоати шаҳрвандон умуман ин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст, — тазаккур дод сардори садорати маҳаллаҳо. Зиявитдинов иброз дошт, ки маҳз бо кумаки ҳафтгона маҳаллаҳои зиёд ба пешгирии ҷинояткорӣ ноил мешаванд. Инчунин ҳафтгона талош ба харҷ медиҳад, ки вазъи иҷтимоии сокинони маҳаллаи худро муайян намояд ва барои рафъи мушкилоти онҳо чораҳои амалӣ андешад. Аз ҷумла, 3 ҳазору 439 нафар машғули кори дӯзандагӣ, 233 нафар ба чорводорӣ, 88 нафар барои тавсеаи фаъолияти истеҳсолӣ, 47 нафар ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, 161 нафар ба ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардиданд ва 109 нафар гармхона сохта, 56 нафар тавассути қарзи имтиёзнок касби ниҳолпарвариро пеша намуданд. — Дар соли ҷорӣ 53 ҳазору 936 нафар сокинони вилояти мо барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд. Барои ҳамин дар тамоми 1 ҳазору 62 ҷамоати шаҳрвандон «ҳафтгона» таҷрибаи мулоқот бо муҳоҷирон аз тариқи онлайнро ҷорӣ намуданд ва ба он муваффақ шуданд, ки шаҳрвандони баргаштаро ба кор таъмин кунанд. Дақиқан, «ҳафтгона» бо 133 ҳазору 736 нафар муҳоҷир бевосита суҳбат гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои он 73 ҳазору 175 нафари онҳо хоҳиши бозгашт ба Ватанро кардаанд. Аз ин шумор 62 ҳазору 254 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин гардиданд, — мегӯяд Адҳамҷон Зиявитдинов. Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик». Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: