Ҳар як маҳал, деҳа, ноҳия, шаҳр... таърихи худро дорад. Деҳае, ки ҳоло дар бораи он сухан меравад, дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ҷойгир шудааст.
Тавре маълум аст, Ӯзбекистон дар чорраҳаи «Роҳи бузурги абрешим» қарор дорад. Пас бармеояд, ки ноҳияи Деҳқонобод ҳам дар ин бобат ҳамчун мавзеи муҳими иқтисодиёт, маданият, тиҷорат ва дӯстии халқҳои Шарқ хизмат кардааст. Номи қадимаи он «Танги Ҳарам» буда, ба гуфтаи бостоншинос Д. Н. Логофет ду корвонсаройи азим доштааст.
Деҳаи Бешқӯтон низ дар ноҳияи Деҳқонобод воқеъ мебошад. Сокинони деҳа бо боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар боғдорӣ аз шохоби дарёҳои хурди Қародарё, Тӯраназарсой, Бибиширинсой, Сурхикӯлсой истифода мебаранд.
Чорводорӣ низ дар ҳаёти аҳолӣ нақши муҳим мебозад, ки аз номаш пайдост. Медонем, ки зоти «гӯсфанди ҳисорӣ» маълум ва машҳур аст. Деҳа бо парвариши ин зоти гӯсфанд, расонидани пӯст ва гӯшти он дар мамлакат ном баровардааст.
Ҳоло дар Бешқӯтон мардуми тоҷик, ки онҳоро ҳардурии каворагӣ меноманд, зиндагӣ мекунанд. Дар ноҳияи Деҳқонобод деҳаҳои тоҷикнишин зиёданд. Тоҷиконе, ки дар ин деҳаҳо зиндагӣ мекунанд, мисли ӯзбекон қабила ва лаҳҷаҳои худро доранд.
Кишваршинос Б. Х. Кармишева дар китоби худ дар бораи вожаи «ҳардурӣ» чунин менависад: «Ҳардурӣ» ба маънои аз ҳар куҷо, яъне аз ҳар ҷо ҷамъомада аст».
Дар ибтидои асри XIX Муҳаммад Содиқхӯҷаи Гулшанӣ дар бораи вожаи «ҳардурӣ» дар асари «Таърихи Ҳумоюнӣ» чунин навиштааст: «Қабилаи Қӯнғирот ва қабилаи Ҳардурӣ дар байни ду дарё истиқомат мекунанд».
Дар бораи вожаи «ҳардурӣ» байни мардуми маҳаллӣ ақидаи дигаре низ мавҷуд аст. Шахсе бо номи Холмат Ҳоҷӣ (вафоташ тақрибан солҳои 1926-1930), ки дар деҳаи Тӯхликӯшаки маҳаллаи Бешқӯтон (ҳоло ин деҳа Мачит ном дорад) зиндагӣ мекард, ду маротиба Маккаю Мадинаро зиёрат карда, ба кишварҳои зиёде сафар кардааст. Ӯ менависад, ки ҳардуриён аз авлоди қабилаи дуррониҳои Афғонистонанд.
Тибқи ривоятҳо, ҳардуриён аз вилояти Тошканд (тақрибан соли 1335) ба деҳаи Чоргили шаҳри қадимаи Қаршии вилояти Қашқадарё ва сипас деҳаи Ҳайроншайхи ноҳияи Деҳҳонобод (ҳоло ин мавзеъ дар байни деҳаҳои Гумбулоқ ва Шӯргузар ҷойгир аст) кӯч бастаанд. Дар ноҳияи Деҳқонобод ҳатто як қабристони бо номи Ҳайроншайх ҳаст.
Алҳол Ҳайроншайх аз маркази ноҳияи Ғузор ва ноҳияи Деҳқонобод дар масофаи 50-60 километр, дар ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳисор воқеъ аст. Бармеояд, ки мардуми ҳардурӣ тақрибан 100-200 сол боз дар Ҳайроншайх зиндагӣ ва дар ҳар дарае, ки барои чорводорӣ мусоид аст, сукунат ва то имрӯз зиндагӣ мекунанд.
Соли 2007 академик Ғаффор Норбоев асареро бо номи «Оилаи ҳардуриёни Бойсун» аз нашр баровард. Тибқи он то ҳол дар деҳаҳои Кочаки ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ва Пасурхии ноҳияи Бойсун ҳардуриён умр ба сар мебаранд.
Пас саволе ба миён меояд, ки ҳардуриён чи тавр ба ноҳияи Деҳқонобод омадаанд? Тавре дар боло зикр кардем, шуғли дӯстдоштаи сокинони деҳаи Бешқӯтон чорводорӣ буд. Он панҷ қӯтон дорад, ки дар номаш низ инъикос ёфтааст. Маълум мешавад, ки аҷдоди ҳардуриҳо (гузаштагони сокинони Кавораги Бешқӯтон) аз Ҳайроншайх омада, дар ин мавзеъ, ки барои чорводорӣ қулай аст, маскан гирифтаанд.
Салоҳиддин ҶАҲОНГИРЗОДА,
донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон-Финландия.