Вай ҳамеша як соат пеш аз оғози дарс ба мактаб меояд. Ба тозагӣ ва ҳолати синфхонаҳо шинос мешавад. Сари компутер нишаста, нақшаи кории рӯзро аз назар мегузаронад, вазифаҳои иҷрошавандаро муайян мекунад.
Ва ҳар рӯз пеш аз оғози дарс толибилмон ва омӯзгоронро бо чеҳраи кушоду хандон пешвоз мегирад. Чунин аст оғози рӯзи кории ҷонишини директор оиди корҳои таълими мактаби ҳамагонии рақами 30-юми ноҳияи Нурато Абдураҳмон Раҳимов.
– Муаллимӣ, – гуфт зимни суҳбат А. Раҳимов, – касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Омӯзгор барои гулгулшукуфии низоми ҷомеа, маърифатнокии насли наврас ва ҷавонон, худшиносию худогоҳии инсон хидмат мекунад. Омӯзгор бо ақл, хирад, сабурӣ насли созандаву бунёдкор, худшиносу худогоҳро таълиму тарбия дода, ба шоҳроҳи ҳаёт ҳидоят мекунад.
Барои ин ӯ нури чашмонашро аз даст медиҳад, мӯйи сарашро сафед мекунад, пайваста меомӯзад, то биомӯзонад. Ҳар як омӯзгор бояд бидонад, чун аз омӯзиш бозмонд, симои омӯзгориашро гум мекунад. Шоире барҳақ фармудааст:
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Ривоят мекунанд, ки замоне чун нахустин омӯзгор ба дунё меояд, сари гаҳворааш се фаришта ҳозир мешаванд.
Фариштаи аввал мегӯяд: – Ту ҳамеша ҷавон хоҳӣ монд, барои он ки дар назди ту ҳамеша кӯдакону ҷавононанд.
Фариштаи дувум мегӯяд:
– Ту зебо хоҳӣ буд бо афкору бо қалбат, зеро нест муқаддамтар аз амале, ки ҳастиву қалби худро ба кӯдакон бахшидааст.
Фариштаи савум мегӯяд:
– Ту умри ҷовидонӣ хоҳӣ дид, чунки умри худро дар симои шогирдонат идома хоҳӣ дод.
Ҳамсуҳбати мо зодаи деҳаи Сойхурди кӯҳистони Нурато мебошад. Дар мактаби овозадори рақами 43-юм омӯзишу парвариш ёфта, бахши ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро (ҳоло ба номи С. Айнӣ) хатм намуда, фаъолияти омӯзгориро аз мактаби рақами 32-юми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах оғоз намуд. Аз соли 1992 ҳамчун омӯзгори фанни ҷуғрофия дар мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато ба фаъолият шурӯъ кард. Аз соли 1998 ҳамчун рӯҳшинос ва аз соли 2019 инҷониб дар вазифаи ҷонишини директор оиди кори таълим адои вазифа дорад.
Абдураҳмон нозукиҳои пешаи худро хуб медонад. Бо моҳияти ислоҳоти ояндасози ҷабҳаи таълим, бо замон ва пешрафти ҷамъият, ки дар кишвар роҳандозӣ мегарданд, хуб шинос ва ин ҳамаро аз ҳамкорон дархост дорад. Пайваста бо омӯзгорон ва ҳам бо толибилмон, хосатан бо хатмкунандагон аз наздик кор мебарад. Худ, ки аз корбарӣ бо техникаи навини таълим хуб огоҳӣ дорад, ҳамкасбону шогирдонро ба он роҳандозӣ мекунад.
Саъйу ҳаракати ҷонишини директор оиди кори таълим самар овардааст. Рейтинги мактаб байни мактабҳои ноҳия хеле боло рафт. Давоми се соли хониши охир мактаби шумораи 30 байни мактабҳои ноҳия дар ҳама ҷабҳаҳои таълиму тарбия тибқи рейтинги мактабҳо мақомҳои аввалро ишғол мекунад. Се соли охир аст, ки хатмкунандагони мактаб 100 фоиз ба донишгоҳҳо дохил мешаванд.
Дастпарварони зиёди мактаб дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ босамар фаъолият намуда, ба обрӯ ва эътибор ноил гардидаанд. Абдураҳмон Раҳимов ифтихор дорад, ки имрӯз даҳҳо нафар шогирдонаш дар донишгоҳҳо таълим мегиранд.
Имрӯз чандин нафар шогирдони собиқи мактаб бо устодони худ паҳлу ба паҳлу фаъолияти омӯзгорӣ доранд. Ҳамаи онҳо ба устодони соҳибтаҷриба вобаста карда шудаанд. Дар мактаб раванди «Устод ва шогирд» хуб ба роҳ монда шудааст. Ғиёс Зайниддинов, Насим Раҳимов, Раҳим Набиев, Хуршед Субҳонов, Ҳасан Йӯлдошев, Фахриддин ва Нуриддин Нурназаровҳо омӯзгорони ҷавоне мебошанд, ки ояндаи дурахшони мактаб ба онҳо вобастагӣ дорад.
Дилбастаи кори худ аст Абдураҳмон. Мактаб гарчанд дар як баст фаъолият дорад, қаҳрамони моро баъзан шабҳо паси компутери корӣ дар коргоҳ пайдо мекунед. Ба ҳар як супориш зуд ҷавоб мегардонад. Аз ин ҷост, ки имрӯз мактаби 30-юм натанҳо дар ноҳияи Нурато, балки байни беш аз 300 мактаби вилоят шӯҳрат пайдо кардааст. Ин дастовард ҳар як омӯзгору толибилми мактабро шараф ва ифтихор аст.
Фаъолияти босамари Раҳимов борҳо қадршиносӣ гардидааст. Соли хониши равон ҳокимияти вилояти Навоӣ ба ӯ телевизор туҳфа кард. Умидворем, ки дилбохтаи ҷабҳаи таълимро минбаъд низ зафарҳо ёр гарданд.
Ӯзбакбойи РаҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.