Аз таърихи тараққиёти ҳар кишвар маълум аст, ки рушди босуръати мамлакат, дастовардҳои назаррас, некӯаҳволии мардум ба сатҳи таваҷҷуҳ ба таҳсил ва ояндаи ҷавонон дар он кишвар вобастагии зич дорад.
Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Зеро ҷавонон соҳибони имрӯзу фардои миллат, такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд.
Донишҷӯйи курси 6-уми Донишкадаи тиббии Фарғона Сарвиноз Ҳабибуллоева аз зумраи ҷавононест, ки аз имкониятҳои самарабахш истифода бурда, дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Сарвиноз аз овони ҷавонӣ ба илму фан шавқу ҳаваси баланд дошт. Дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ бо зеҳни баланди худ ҷойҳои фахриро ишғол намудааст. Ӯ мактаби умумтаълими рақами 6-уми ноҳияи Косонсойи вилояти Намангонро бомуваффақият хатм карда, соли 2019 ба Донишкадаи тиббии Фарғона дохил мешавад. Аз соли аввали таҳсил бо истеъдод ва саъю кӯшиши худ ба назари устодонаш афтид. Дар конференсияҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявию хориҷӣ пайваста иштирок намуда, ҷойҳои фахриро ишғол намудааст. Мақолаҳои илмиаш дар рӯзномаву журналҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Соли 2022 дар Самарқанд дар олимпиадаи байналхалқӣ аз фанни онкология ширкат варзида, ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Натиҷаи саъю кӯшишҳояш дар олимпиадаи «Авитсена – 2024», ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Синои Тоҷикистон баргузор шуд, сазовори ҷойи 1-ум ва соҳиби медали тиллою дипломи дараҷаи якум гардид.
– Иштирок намудан дар конференсияҳои байналхалқӣ шавқу рағбати донишҷӯро барои омӯхтани илм ва баррасӣ намудани қобилияту дарки масъулиятнокӣ нисбат ба касбаш зиёд мекунад, – иброз дошт Сарвиноз. – Мо – ҷавонон дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҳангоми гузоштани қадам сӯйи ҳадаф ва муваффақиятҳо метавонем дастгирии ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат ва Президентро бараъло эҳсос намоем. Ҳоло дар мамлакатамон барои омӯхтани илму ҳунар тамоми шароит муҳайёст. Беҳуда нагуфтаанд:
Агар хоҳӣ шудан бар сарварон сар,
Биомӯзу биандешу биофар.
Сарвиноз ҳамчун олими ҷавон ғолиби як қатор озмунҳо гардид. Аз ҷумла, ба қарибӣ дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб Гастрофоруми байналхалқии IX баргузор шуд. Дар он олимони ҷавони то 30-сола, шифокор-орденаторҳо, донишҷӯёни курсҳои 5-6-ум ширкат варзиданд.
Хурсандиовар аст, ки Сарвиноз дар озмуни байналхалқии «Олими ҷавон»-и гастрофорум иштирок карда, сазовори ҷойи якуми фахрӣ гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дастгирии пажӯҳишҳои илмии ҷавонон ва ҳавасмандгардонии фаъолияти табибони ҷавон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тахассуси онҳо мебошад. Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт аст. Зеро насле, ки созанда асту истеъдоди офариниш доранд, ҳамеша аз пайи ободии Ватан аст. Аз ин рӯ, Сарвиноз намунаи ибрат барои ҷавонон мебошад. Ӯ ҳамеша аз пайи омӯзиш аст. Мо умедворем, ки ӯ ҳамчун олими ҷавон корҳои илмию тадқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти илми тиб саҳми арзандаи худро мегузорад.
Мағфират Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Намангон.