Бинобар маълумоти омори байналхалқӣ дар дунё тақрибан 300 миллион ба муаммоҳои вобаста ба чашм гирифтор буда, анқариб 40 миллиони онҳо куллан нобино ҳастанд.
Дар вилояти Самарқанд 16 шуъбаи ноҳиявӣ ва шаҳрии Ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон мавҷуданд, ки 13 ҳазору 121 нафар беморро муттаҳид мекунанд ва 1318 нафари онҳо ногироҳои гурӯҳи аввал оид ба бемории чашм мебошанд.
Ин рақамҳои таассуфовар дар шаби мусиқии «Чашмони интизори рӯшанӣ», ки дар қасри бошукӯҳи фарҳангии «Нурафшон»-и Самарқанд баргузор гардид, садо доданд.
Дар чорабинии мазкур раисони шуъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии Ҷамъияти нобиноёни вилоят баромад карда, таъкид намуданд, ки туфайли сиёсати дурандешонаи сарвари давлат ба ногироҳо низ ғамхорӣ карда мешаванд.
– Алҳол дар Самарқанд китобхонаи махсус барои нобиноён арзи вуҷуд дорад, – гуфт директори маърифатгоҳ Шоҳида Қурбонова. – Дар ҷевонҳои он 41 ҳазору 410 адад асарҳои гуногун ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ мавҷуданд.
Дар тадбир эҷодкорони ҷавон Тоҷиой Охунова ва Мӯниса Низомова шеъру ғазалҳои худро қироат карданд.
Ҳозирон баромади дастаи ҳунарии хонаи маданияти рақами 6-уми маркази нобиноёни шаҳри Самарқандро бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд.
– Мо оламро бо чашми дил мебинем, – гуфт раиси вилоятии Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ Зойир Оқбутаев. Ӯ таъкид намуд, ки 13-уми ноябри соли 1745 педагоги машҳури фаронсавӣ Валентин Гаю ба Рӯзи нобиноён асос гузоштааст. Баъдан 3-юми декабр Рӯзи ногироҳо эълон гардид. Он рӯз мо дар атрофи дастурхони пурнозу неъмат, ки бо ташаббуси ҳомиёни хайрхоҳу савобҷӯ густарда мешавад, ҷамъ омада, шукри замони орому осуда мекунем.