РОҲҲО РАВОНУ ҲАМВОР МЕШАВАНД

Маълум, ки Сурхондарё дар ҷумҳурӣ аз зумраи вилоятҳои калон маҳсуб ёфта, бо се кишвар: Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсарҳад аст.

Пас, барои  омаду рафти бемамониати сайёҳон, ё худ хидматрасонии воситаҳои нақлиёт роҳ ва шоҳроҳҳои равону ҳамаҷониба мусоид лозим аст. Дар ин самт баъзе корҳо ба сомон расонида шуданд, вале барҳақона эътироф бояд кард, ки шоҳроҳҳое, ки аз ҳудуди вилоят мегузараду бо ин кишварҳо мепайвандад то ҳол ба талаби стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ намебошанд. Хушбахтона, баъди ташрифи охирини Президент Шавкат Мирзиёев дар ин раванд корҳо суръати нав гирифт. Баҳри боз ҳам суръат гирифтани ин масъалаи умдаи рӯз 26 ноябри соли ҷорӣ дар вилоят Кумитаи роҳҳои нақлиёти Ӯзбекистон барои ходимони ВАО ва блогерҳо пресс-тур ва анҷумани матбуотӣ доир сохт.

Пресс-тур дар қади шоҳроҳи М39, ки аз ноҳияи Шеробод мегузарад, бо шиносоӣ аз ҷараёни ниҳолшинонӣ дар заминҳои холӣ, ки барои амалӣ намудани лоиҳаи умумимилии «Макони сабз» ташкил гардида буд, оғоз гардид. Дар мавсими тирамоҳи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки майдонҳои холии ду тарафи ин шоҳроҳ, ки масофааш 61 км асту аз байни навоҳии Тирмиз, Ангор, Музработ ва Шеробод убур мекунад, тахту ҳамвор карда, аз сангрезаҳо тоза намуда, ба онҳо хоки нарм рехта, дарахтони манзаравӣ, гулҳои рангоранг шинонида шавад. Танҳо аз дарахтони манзаравӣ 300 ҳазор ниҳол бояд шинонида шавад.

Шоҳид гардидем, ки дар ин самт роҳсозони вилоят ҳам ҳудуди барояшон вобасташударо аз сангу шағал тоза намуда, хоки ҳосилхез рехта ба шинонидани дарахтони манзаравӣ пардохтаанд. Оиди иштироки фаъоли роҳсозони вилоят дар лоиҳаи умумимилии «Макони сабз» маълумоти васеъ дода шуд. Рӯзноманигорон низ дар ҳашари ниҳолшинонӣ ширкат намуда, дар бунёди боғҳои қади роҳ ҳисса гузоштанд.

– Дар ин ҷо 3 ҳазору 500 бех ниҳоли арча, тут ва чинор мешинонем, – гуфт роҳбари Саридораи роҳҳои нақлиёти вилоят Баҳодур Ҳотамов. – Бо усули борон обёрӣ карданро ба роҳ мемонем. Барои тез ва босифат амалӣ намудани ин кор аз 7 корхонаи саридора зиёда аз 200 нафар коргар ва аз ин ҳам зиёд техника ҷалб карда шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки дар болои дарёи Шеробод қариб 60 сол муқаддам пуле бунёд ёфта буд, ки он шоҳроҳи Шерободро бо ноҳияҳои Қизириқу Бандихон, Ҷарқӯрғону истгоҳи роҳи оҳани Сурхон мепайваст. Ин пул баъди беҳад зиёд шудани воситаҳои нақлиёти сабукраву боркаш ҳоло ба талаб ҷавобгӯ нест. Дар ду ҷониби ин пул бисёр вақт тирбандшавии воситаҳои нақлиётро мушоҳида мекунед. Барои бартараф кардани ин муаммо ва таъмини бехатарӣ ҳоло пули наве, ки ҳам мустаҳкаму ҳам васеъ аст, аз нав бунёд ёфта истодааст.

Дар ҳамин маврид таъкид кардан ҷоиз аст, ки бо ташаббуси Президент дар вилояти Сурхондарё барои таъмир ва тармими роҳҳои нақлиёт корҳои вусъатнок амалӣ шуда истодааст. Мувофиқи қарори раҳбари давлатамон аз 4 апрели соли 2022 «Дар бораи чораву тадобири амалисозии лоиҳаҳои таъмир ва тармими роҳҳои нақлиёт бо иштироки Бонки рушди Осиё» роҳҳои нақлиёти «4Р105 Дарбанд – Бойсун – Элбаён» ва 4Р100 Мангузар – Ҷарқӯрғон – Бандихон – Олтинсой – Деҳнав ҳоло таъмир ва тармим мегардад.

Ҳамин тавр мо ноҳияҳои Шеробод, Қизириқ ва Бандихонро убур намуда ба ноҳияи Бойсун, ки дар ин ҷо ҷараёни роҳсозӣ бо ҷадал пеш меравад, расидем. Зиёда аз як сол мешавад, ки роҳи нақлиёти «Дарбанд – Деҳнав» (4Р105) мукаммал таъмир ва тармим мегардад. Дарозии ин роҳ 111 км буда, соли 2027 пурра ба истифода дода мешавад. Ин роҳ солҳои охир умуман корношоям гардида, ронандагону мусофиронро хеле ба риққат меовард ва боиси арзу шикояти муттасили мардум гардида буд. Баъди супориши қатъии Президент кор дар ин самт бо ҷадал суръат гирифт. Ба нақша гирифта шудааст, ки қариб 108 километри он бо симон-бетон пӯшонида мешавад. Дар он 26-то пули мустаҳкам, 114 қубури обгузар, 2 бунгоҳи назоратие, ки вазн ва ҳаҷми воситаҳои нақлиётро месанҷанд, бунёд карда мешавад. Барои амалӣ намудани ин лоиҳаи бузургҳаҷм, ки арзишаш 147,6 миллион долларро ташкил менамояд бо ғолиби тендер – ҷамъияти саҳҳомии «Lankaran Yol Tikinti»-и Озарбойҷон шартнома ба имзо расидааст.

Бо ҷараёни хобонидани симон-бетон ва фаъолияти лабораторияи сайёре, ки дорои асбобу ускунаи замонависту сифат ва мустаҳкамии роҳро аниқ мекунад, аз наздик шинос шудем. Бо мутахассисон ва роҳсозони маҳаллӣ ва хориҷӣ суҳбат намуда, нисбати бунёди ин шоҳроҳ тасаввуроти аниқ пайдо намудем.

Баъди мушоҳидаҳои корҳои роҳсозӣ дар офис-бинои ҷамъияти саҳҳомии «Lankaran Yol Tikinti» раҳбари Саридораи роҳҳои нақлиёт Баҳодур Ҳотамов дар бораи бунёдкориҳои беназири роҳсозон батафсил ҳарф зад.

– Ба воҳаи Сурхон дар тӯли 25 соли охир бори аввал омадам, – гуфт журналист Шарофиддин Тӯлаганов. – То ин вақт дар бораи роҳсозӣ тасаввуротам умуман дигар буд. Имрӯз ҷараёни роҳсозиро дида лол мондам. Медонед-чӣ, барои чӣ чунин мегӯям? Мо имрӯз ҳам бо роҳи кӯҳна, ҳам бо роҳи нав ва ҳам бо роҳи тамоман нав гаштем. Бо чашми худ дидем. Алалхусус, аз бунёди роҳи симон-бетонӣ, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ аст, хеле ҳавасамон омад. Ба роҳсозон, ки меҳнати бомашаққат ва дар айни замон бошарафро ба сомон мерасонанд, арзи сипос менамоем.

Соли 2027 вақте ки ин роҳи васеъву равон ва мустаҳкам ба истифода дода мешавад, на танҳо ба ронандагону равандагони мусофир, ки аз Дарбанд то Деҳнав бо ин роҳ убур мекунанд, балки ба сокинони навоҳии Бойсун, Бандихон, Олтинсой, Шӯрчӣ, Деҳнав шароити мусоид ба вуҷуд меояд ва ҳатто барои мусофирони ноҳияҳои Сариосиё, Узун ва Тоҷикистон ҳам рафтуо намудан осон мегардад.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: