Муҳити фарҳангии Бойсун ду ҷиҳати ба худ хос дорад. Якумаш ин аст, ки муҳити мадании ин маскан бори аввал соли 2001 аз тарафи ЮНЕСКО ба сифати объекти мероси ғайримоддиву мадании Ӯзбекистон ҳамчун «Мероси фарҳангии даҳонӣ ва ғайримоддии инсоният» эътироф гардид ва соли 2008 пас аз ворид шудани Ӯзбекистон ба Созишномаи ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ-и ЮНЕСКО аз Рӯйихати репрезентативи мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният ҷой гирифт.
Дуюм ин аст, ки дар муҳити фарҳангии Бойсун ҳамаи ҷузъҳои 5 самте, ки (анъана ва шаклҳои зуҳуроти худ, санъати иҷро, урфу одат, маросим ва ҷашнҳои ҷамоа, донишҳои вобаста ба табиат ва коинот, дониш ва малакаҳои вобаста ба ҳунармандии анъанавӣ) барои дохил гардидан ба Рӯйхати репрезентативи мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният тавсеа дода мешавад, мавҷуд аст. Чунин самтҳо дар муҳити мадании Хива, Фориҷ, Қӯқон ва дигар мавзеъҳои мамлакатамон низ вомехӯрад, аммо баргузориву риоя кардан ба чунин маросим ва анъанаҳо бештар хоси бойсуниён мебошад.
Аз адабиётҳои этнографӣ бармеояд, ки Бойсун ва деҳаҳои атрофи он бо эҷодиёти даҳонии халқ ва анъанаҳои хоси худ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунад. Сабаби ин аз қадим то ба имрӯз дар якҷоягӣ умр ба сар бурдани мардуми деҳаҳои Сариосиё, Авлод, Пасурхӣ, Бибиширин, Кӯчкак, Работ, Кофируни ноҳия, ки асосан аз тоҷикон, гурӯҳҳои этникии турк, қӯнғирот, қатағон, хӯҷа ва ғайра иборат аст, мебошад. Яъне дар ин ҷо гурӯҳҳои этникӣ, забон ва шеваҳои гуногун бо ҳам омехта, «маскани бойсун қӯнғирот» ба вуҷуд омада, маданиятҳои хос пайдо гардидааст.
Дар Бойсун то имрӯз побарҷо мондани арзишҳои милливу урфу одатҳои қадима ба ҷойгиршавии ҷуғрофии он низ вобаста аст. Манзилгоҳи одам-неандерталҳои қадима дар ғори Тешиктош, дарвозаи Темур ва девори Кушони назди сарҳади Дарбанд, қалъаи Қӯрғонзоли юнону мақдуниҳои қадим, қалъаи Поёнқӯрғони даври кушониён ва дигар объектҳои таърихӣ дар ин ҷо ҷойгир мебошанд.
Табиист, ки чунин омилҳо ба тарзи зиндагонӣ ва урфу одатҳои бойсуниён таъсири худро гузоштааст. Ҳар як маҳаллаву деҳаи Бойсун намуди фарҳангӣ, расму русум ва оинҳои хоси худро дорад.
Боигарии маънавии барзиёди бойсуниён ин халқи меҳнатдӯсту таҳаммулпазири он мебошад, ки ба ду забон — тоҷикиву ӯзбекӣ сухан мегӯянд. Ин сарзамин шахсони зиёди пуриқтидору донишмандро тарбия намудааст. Яке аз дурдонаи беназири адабиёти қадим — достони «Алпомиш» маҳсули маънавии бойсуниён буда, воқеаҳои асосии он дар худи ҳамин ҷо рух додааст.
Шоирони классик Муллодӯсти Нодири Бойсунӣ, Мулло Худойбердӣ Бойсунӣ, академикҳо Мулло Раҷаб Бойсунӣ ва Муллоҷон Эркаев, нависандагони халқии Ӯзбекистон Шукур Холмирзоев ва Эркин Аъзам, Шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим, бахшии халқӣ Шобердӣ Болтаев, гӯштигирон Тоштемир Муҳаммадиев, Абдулло Тангриев, Давлат Чориев фарзандони номии ин сарзамин мебошанд.
Оиди омӯхтани муҳити мадании Бойсун аз тарафи Э. Ртвеладзе, Л. Сверчков, В. Мокробордов, И. Тӯхтаев, А. Саъдуллоев экспедитсияҳо ташкил гардида, мақолаҳои илмӣ чоп шудаанд. Инчунин фолклоршинос, мусиқишинос ва санъатшиносони зиёд адабиёти даҳонӣ ва фарҳанги ғании ин диёрро омӯхтаанд, аз ҷумла, А. Аширов ва А. Қаюмов «Тарзи зиндагонии аҳолии Бойсун», М. Ҷӯраев «Солномаи халқи Бойсун», И. Абдураҳимов «Маросим ва бозиҳои тамошобоби Бойсун», «Ҷашни Наврӯз дар Бойсун», Р. Абдуллоев «Мероси мусиқии Бойсун», А. Ҳакимов «Каштандӯзии анъанавии Бойсун», Э. Гул «Гилембофии Бойсун» ном асарҳои худро офаридаанд.
Акнун ду сухан дар бораи маънои луғавии калимаи «Бойсун». Дар бораи этимологияи ин калима Сайфулло Турсунов дар «Топонимҳои вилояти Сурхондарё» навиштааст: Бойсун – Бойсин дар достонҳо ба маънои «кӯҳ», «макон» омадааст. Тавре ки дар манбаъҳои таърихӣ қайд шудааст, калимаи «син», «шин», «чин» аз забони хитой маънои «халқ», «халқият», «қавм»-ро, калимаи туркии «бой» бошад, дорои маънои «бузург», «калон» мебошад, инчунин, калимаи Байкал (Бойкӯл) маънои «кӯли калон», «кӯли бузург»-ро дорад. Аз ин бармеояд, ки Бойсун маконест, ки аҳолии зиёд дорад. Имрӯз дар вилояти Сурхондарё деҳаҳои зиёде ҳастанд, ки бо калимаи «бой» оғоз мешавад: Бойқишлоқ, Бойбича, Бойбӯрӣ, Бойовул, Бойқазоқ, Боймоқлӣ ва ғайра.
Эътироф шудани муҳити фарҳангии Бойсун аз ҷониби ЮНЕСКО боз як сабаби пурра омӯхтани намунаҳои мероси мадании он гардид. Ҷашнвораи фолклории «Баҳори Бойсун», ки бори аввал соли 2002 баргузор шуда буд, пас аз танаффуси 13-сола, дар соли 2017 дубора эҳё шуд, ки ҳоло дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. 7 феврали соли 2022 қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани ҷашнвораи байналмилалии «Баҳори Бойсун» қабул гардид. Ҳоло дар доираи ин ҷашнвора конфронсҳои илмиву эҷодӣ, семинар ва суҳбатҳои мизи мудаввар, консерту намоишгоҳҳо ташкил дода мешавад. Дар доираи он тавассути ташкили сайру саёҳат меҳмонони хориҷӣ бо зиёратгоҳҳои Ҳазрати Султон Валӣ Балогардон, Бибиширин, дараи Тангисар, истеҳкоми сарҳадии Дарбанд, истироҳатгоҳи Амонхона шинос карда мешаванд.
Умедҷон Турсунов,
корманди хурди илмии Донишкадаи фарҳангшиносӣ ва илмиву тадқиқотии мероси ғайримоддии фарҳангӣ.