НИҲОЛШИНОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Навоӣ аз вилоятҳои саноатии мамлакат аст. Дар ин ҷо бисёр корхонаҳои азими саноатӣ ҷойгир шудаанд. Аз ин рӯ дараҷаи муфлисшавии ҳавои шаҳри Навоӣ нисбати дигар минтақаҳои кишвар баландтар аст. Ин ҳолат мардуми шаҳрро нороҳат мекунад. Ягона роҳи халосӣ аз ин мушкилот – зиёд намудани «Макони сабз» мебошад.

Чандин сол аст, ки бо ташаббуси сарвари давлат дар саросари мамлакат Барномаи умумимиллии «Макони сабз» роҳандозӣ мегардад. Ин ҷараён ба ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфтааст. Ниҳол ва бутташинонӣ, бунёди боғҳои нав ва майдонҳои сарсабз мазмун ва моҳияти хос пайдо кард. Аҳамияти боғу буттазорро ҳама хуб дарк намудаанд.

Тибқи маълумот, дар 35 гектар замини атрофи корхонаҳои азими саноатӣ 171 ҳазор бех ниҳолу буттаҳои гуногун шинонидаанд.

Ҷамъияти саҳҳомии «Қизилқумсемент» аз шаҳри Навоӣ дар масофаи 8 километр воқеъ аст. Ҷамоаи ҷамъият дар бунёди «Макони сабз» саҳми арзанда мегиранд.

– Бунёди «Макони сабз», – мегӯяд ҷонишини сардиректори корхона Адҳамҷон Тоҳиров, – ин муҳити тозаи экологӣ, омили саломатӣ ва дарозумрии инсон мебошад, ҳамчунин мероси гаронбаҳоест ба насли оянда. Ба ин мақсад дар масофаи 8 километри ду самти роҳ 30 ҳазор бех ниҳолҳои ба камобӣ ва гармӣ тобовар нишондем. Масъалаи обёрии онҳоро дар ҳамкорӣ бо идораи экологияи вилоят ҳаллу фасл намудем.

Ҷамоаи Ҷамъияти саҳҳомии «»Навоиазот» дар бунёди «Макони сабз» саҳми бештар мегиранд.

– Дар наздикии дарвозаи ҷанубии корхона тибқи иҷрои барномаи «Макони сабз» 2600 бех ниҳоли тут шинонида шуд, – гуфт зимни суҳбат ҷонишини сардиректори корхона оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва сохтмон Умар Турдиев. – Дар бунёди «Макони сабз» 300 коргари корхона ва намояндагони идораи экологияи вилоят фаъол иштирок намуданд. Ниҳолҳое, ки нишонда шуданд, аз ҷониби нозирон ба платформаи электронии «Макони сабз» ворид гардид.

– Тирамоҳи соли равон тибқи барномаи «Макони сабз» дар ҳудуди вилоят 5 миллиону 621 ҳазор бех ниҳолҳои мевадеҳ ва манзаравӣ кошта мешавад, – мегӯяд намояндаи идораи экологияи вилоят Гулноза Мирзоева. – Кӯчати ниҳолҳо ба манзил расонида шудаанд. Ба назорат ва нигоҳубини ниҳолҳои 11 шаҳру ноҳияи вилоят 38 агроном вобаста карда шудаанд.

Ниҳолшинонӣ дар вилоят идома дорад.

Ӯзбакбойи РаҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: