АСАРЕ БО ДАРОЗИИ 22 МЕТР

Дар толори намоишгоҳи марказии Академияи бадеии Ӯзбекистон намоиши шахсии Рассоми халқии Ӯзбекистон, академики Академияи бадеӣ, раиси Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон Иброҳим Валихӯҷаев таҳти унвони «Нигоҳи нав» ташкил шудааст.

Асари бузургтарин «Суитаи Фарғона» ном дошта, аз 16 қисми якхела иборат аст. Дарозии умумии асар аз 22 метр зиёд аст.

Дар толори намоишгоҳи марказии Академияи бадеии Ӯзбекистон намоиши шахсии Рассоми халқии Ӯзбекистон, академики Академияи бадеӣ, раиси Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон Иброҳим Валихӯҷаев таҳти унвони «Нигоҳи нав» ташкил шудааст.

Дар намоишгоҳ 28 асари нави консептуалии ҳаҷмаш аз 3 то 6 метр намоиш дода мешаванд. Дар ин асарҳо рассом аз тасвирҳои суннатии одамон даст кашида, ба шаклҳои абстракт, матоъ ва рангҳо таваҷҷуҳ кардааст. Композитсияҳои ӯ эҳсосот ва ғояҳоро ифода намуда, тавассути рангҳои нарм ва гарм фазои ҳамоҳангӣ ва сулҳро эҷод мекунанд. 

Асари марказии намоишгоҳ «Сюитаи Фарғона» аз 16 қисм иборат буда, дарозии умумии он беш аз 22 метрро ташкил медиҳад. Инчунин асарҳои «Ренессанс», «Гармонияи вайроншавӣ», «Тумор», «Садо», «Таваллуди Офтоб», «Уфқ», «Шаби маҳтобӣ», «Боғи куҳна», «Баҳри Мармар» ва амсоли инҳо низ пешниҳоди шавқмандон гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: