Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 октябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба танзими равандҳои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар» аз назари ҳамватанон
Яке аз самтҳои чунин фаъолият расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва хизмати консулӣ ба шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошад. Дипломатҳо дар ҷойҳое, ки аҳолӣ зич зиндагӣ мекунанд, қабули сайёри консулӣ баргузор намуда, барои дастгирии ҳуқуқӣ ва консулӣ дар маҳалҳо кумак мерасонанд.
Аз ҷумла, дипломатҳои Ӯзбекистон ба шаҳри Роттердами Нидерландия ташриф оварда, ба шаҳрвандони Ӯзбекистон хизматрасониҳои зарурии ҳуқуқӣ расонда ва маслиҳатҳо дода, онҳоро бо нуқтаҳои асосии қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 октябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба танзими равандҳои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар» шинос намуданд.
Хабарнигори АИ «Дунё» бо ҳамватаноне, ки барои қабули консулӣ омада буданд, суҳбат орост.
Ҳусниддин Холбоев:
– Айни замон бо оилаам дар шаҳри Роттердам зиндагӣ мекунам. Мо қарори Президент Шавкат Мирзиёевро «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастгирии шахсоне, ки фаъолияти муваққатии меҳнатиро дар хориҷи кишвар анҷом медиҳанд» бо хушнудӣ қабул намудем. Ин ҳуҷҷатро ӯзбекистониёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ кор мекунанд, дер боз интизор буданд.
Мо эҳсос мекунем, ки дастгирии давлат устувор шудааст. Дипломатҳои мо мунтазам қабулҳои сайёри консулӣ баргузор мекунанд, ки дар он ҷо мо метавонем маслиҳат гирем, ҳуҷҷатҳои заруриро омода намоем ва мушкилоти мавҷударо ҳал кунем. Ба муносибати идҳои миллӣ барои ӯзбекистониён чорабиниҳои тантанавӣ ва консертҳо ташкил карда мешаванд, ки дар он мо – ҳама метавонем ҷамъ оем, аз суҳбат, мусиқӣ ва таомҳои ӯзбекӣ лаззат барем. Бузургтарин шодӣ аз он аст, ки мо сарфи назар аз он ки аз Ватан дур ҳастем, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ эҳсос мекунем.
Барои ҳамаи ин мо миннатдории самимии худро ба Президенти кишвари худ Шавкат Мирзиёев, Вазорати корҳои хориҷӣ, инчунин ҷамоаи сафорати худ изҳор менамоем.
Убайдулло Ибраҳимов:
– Ман зодаи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳастам. Дар айни ҳол дар ширкати «MMBS GROEP» дар шаҳри Утрехти Нидерландия кор мекунам. Тавассути хидмати интерактивии сафорати Ӯзбекистон дар масъалаи гум кардани шиноснома муроҷиат кардам. Баъд аз муддате, аз корманди консулӣ паём гирифтам, ки ҳуҷҷат омода аст ва шаҳодатнома барои бозгашт ба Ӯзбекистон ба ман рӯзи 24 ноябр дар рафти қабули консулӣ, ки дар шаҳри Роттердам баргузор шуд, супурда шуд.
Мо ба Сафорат барои ғамхорӣ ва муттаҳид сохтани ҳамватанон изҳори миннатдорӣ мекунем. Ин вақте ки шумо дур аз хонаи худ ҳастед, хеле муҳим аст.
Мо миннатдорем, ки дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон ҳуқуқҳои конститутсионии худро амалӣ кардем. Дар шаҳрҳои Утрехт ва Роттердам участкаҳои сайёри интихоботӣ кушода шуданд ва мо тавонистем пешакӣ овоз диҳем. Ҳамчунин, ба дипломатҳо барои ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва бозиҳои футбол бо иштироки ҳамватанон изҳори ташаккур мекунем.
Айша Самад:
– Ман аллакай се сол аст, ки дар Нидерландия зиндагӣ мекунам. Азбаски писари калониам дар Ӯзбекистон таваллуд шудааст ва муҳлати шиносномаи ӯ гузаштааст, ба сафорат барои иваз кардани шиноснома муроҷиат кардам. Ҳамчунин, вақти гирифтани шиноснома барои писари дуюмам, ки дар Нидерландия таваллуд шудааст, расида буд. Дипломатҳои сафорат шиносномаҳои фарзандони моро омода карданд ва онҳоро ба шаҳри Роттердам оварданд. Мо барои ин хеле миннатдорем.
Бахтиёр Тӯраев:
– Ман дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудаам. Соли 2012 ба Украина кӯчидам. Аз сабаби ҷанг дар Украина маҷбур шудам ба Нидерландия кӯч бандам.
Аз сабаби ба охир расидани муҳлати шиносномаам, ба сафорати Ӯзбекистон муроҷиат карда, барои иваз кардани шиноснома дархост додам. Ба шуъбаи консулгарии сафорат барои хидматрасониҳо изҳори сипос мекунам. Тавонистам шиносномаи нави худро дар Роттердам, дар рафти қабули сайёри консулгарӣ гирам. Барои чунин имкониятҳо миннатдории худро баён мекунам.
АИ «Дунё»,
ш. Амстердам.