РОҲНАМОИ КОРИ ХАЙР

Муаллим, омӯзгор вожаҳое мебошанд, ки фарзанди инсонро ошною муқаддасанд. Зеро ин соҳибпешагон аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ба зиндагии пурбаракоту бомаърифат ҳидоят мекунанд.

Педагоги машҳур А. С. Макаренко фармуда буд, ки агар омӯзгор барои эҳёи тафаккури насли нав хидмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт. Шоир фармудааст:

Китоби қисмати маъно муаллим,

Чароғе дар раҳи фардо муаллим...

Имрӯз, ки мо Ӯзбекистони Навро бунёд мекунем ва ба Эҳёи Сеюм асос мегузорем, саҳм ва мақоми омӯзгор боз ҳам зиёд мегардад. Дар ин сабқат вазифа ва ӯҳдадории омӯзгорон афзуда, масъулияти бештар ба зиммаи онҳо мебошад.Насли наврас дар мактаб таълиму тарбия мегирад ва маҳз ҳамин наврасон, ба қавли Сарвари давлат «бунёдкорони Ӯзбекистони Нав ва Эҳёи Сеюм» ҳастанд.

Хушбахтона, зиёданд дар мамлакат омӯзгороне, ки ҳастии худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд. Яке аз ин гуна омӯзгорони фидоӣ Абдураҳмон Ғаффоров мебошад, ки дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато фаъолият дорад.Ӯро дар деҳоти кӯҳпояи Нурато ҳама мешиносанд. А. Ғаффоров омӯзгори хуб, сарвари дурандеш ва ба замми ин ровии хуб мебошад. Ӯ дар гуфтору рафтораш намунаи ибрат аст.

Он рӯз ӯро дар коргоҳаш пайдо кардам. Бо омӯзгори ҷавон Нодир Мусоев, ки ба мактаб нав ба кор омадааст, суҳбат дошт. Пас аз адои одоби муошират суолаш додам: – Абдураҳмон, соли нави хониш оғоз ёфт. Ҳамчун ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат чӣ нақшаҳо доред?

– Нақшаҳо зиёданд, вале мақсад яктост: тарбияи ҷавонони бомаънавият ва бомаърифат, ба камол расонидани ҷавонони бунёдкору созанда ва худшиносу худогоҳ, яъне ҷавононе, ки бо замон ҳамнафас бошанд. Иди дониш, дарси истиқлол ва тадбирҳо ба ин санаҳои муҳим бо як рӯҳбаландии хотирмон гузаронида шуд. Ҳоло бо ин ҷавон, ки шурӯъ ба фаъолияти омӯзгорӣ намудааст, суҳбат дорем. Корманди нав дониш дорад, вале фаъолияти омӯзгорӣ сиру асрори худро низ дорост. Ҷавонон набояд аз омӯзиши таҷрибаи устодон дар канор бошанд, омӯзгор бояд ҳунарманд бошад. Ҳунарманди асил ба дилу дидаи наврасон зуд роҳ меёбад.

– Тадбирҳо зиёданд, – суханашро идома дод ҳамсуҳбати мо, – бахшида ба рӯзҳои идҳои миллӣ, зодрӯз ва ё рӯзи ёдбуди шахсони таърихӣ мегузаронем. Ҳар як тадбир бояд дар ҷавонон эҳсоси ватандӯстӣ, дӯстиву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносиву худогоҳиро бедор ва ташаккул диҳад.Чанде пеш дар мактаб ҷамъомади навбатии маҳфили «Хирадманд» бо иштироки толибилмони 8 мактаби кӯҳпояи Нурато таҳти шиори «Бузургдошти рӯзномаи миллат – «Овози тоҷик» бисёр хотирмон баргузор гардид. Соли гузашта ба ин рӯзномаи 100-солаи миллат обуна шуда будам. Боварии комил дорам, соли равон ҷамоаи мактаби мо дастҷамъона боз ба «Овози тоҷик» обуна мешаванд.

Абдураҳмон Ғаффоров зодаи Эҷ мебошад. Аз оилаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби рақами 43-юми зодгоҳро хатм намуда, пас аз он дар факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ҳоло ба номи Б.Ғафуров) таҳсил гирифтааст.

Фаъолияти омӯзгориро дар мактаби зодгоҳ оғоз намуд. Дар ҳалқаи устодони худ фаъолияту кор кардан масъулиятро боз ҳам бештар мекунад. Таҷрибаи онҳоро батадриҷ омӯхтан вазифаи ҳар як корманди ҷавон аст, ки оқибати нек дар пай дорад. Ба замми дониши донишгоҳиаш, ҳамкорӣ бо устодон Абдуназари Набӣ, Салими Ғафур ва дигарон омӯзгори ҷавонро сабақ гардид.

Муаллим ақл, шарафу виҷдон ва симои асосии ҷомеа мебошад. Вай донишу заковат, маънавияту маърифати худро бедареғ ба кӯдакону наврасон медиҳад. Ягон кору амал, пешравӣ, бурд бе заҳмату машаққати устод ба авҷи аълояш намерасад. Зиёданд омӯзгорони заҳматкаш дар мактаб: Элмуроди Рӯзӣ, Собир Муродов, Холбика Нурназарова, Аброр Боймуродов, Завқӣ Ғаффоров ва дигарон.

Ифтихор дорад Абдураҳмон аз ҷамоаи омӯзгорону мактаб. Ҳамасола хатмкунандагони мактаб ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Соли равон 6 нафар шогирдон донишҷӯ гардиданд. Хатмкардаи мактаб  Мардон Ҳазратов, ки соли равон донишҷӯйи Донишгоҳи Ӯзбекистони Нав гардид, ҳамин сол дар озмуни байналмилалии  информатика дар Миср байни намояндагони 90 давлати дунё ҷойи сеюмро гирифт. Ҳамин сол собиқ дастпарвари мактаб Зоҳид Қӯрғонов дар шаҳри Хуҷанд рисолаи докториашро бомуваффақият ҳимоя намуд. Имрӯз хатмкунандагони мактаб дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Навоӣ, Самарқанд, Ҷиззаху Тошканд, Олмалиқ фаъолияти пурсамар доранд.

– Хушбахтам, аз он ки аз хонандагон ва хатмкардагони мактаби мо ягон нафар ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ напайвастааст, – мегӯяд Абдураҳмон Ғаффоров. – Пас мо раванди тарбия ва таълими маънавӣ-маърифатиро дуруст ба роҳ мондаем. Устод касест, ки дар симои ӯ омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, омӯзгор роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр будааст, – гуфт дар хотима мусоҳиби мо.

Бешубҳа, яке аз ҳамин роҳнамоёни кори хайр Абдураҳмон Ғаффоров мебошад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: