ЗӮРОВАРИИ ОИЛАВӢ – ИЛЛАТИ ҶАМЪИЯТ

Дар давоми даҳ моҳи cоли ҷорӣ ба марказамон 323 нафар бонувон муроҷиат карданд. Аз тарафи психологҳои марказ ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Аз он ҷумла, барои 183 нафар заноне, ки ба тазйиқ ва зӯроварӣ дучор шудаанд, хидматҳои махсус расонданд.

Дар мамлакатамон ба масъалаҳои бонувон аҳамияти калон дода мешавад.

Хусусан дар солҳои охир, дар шароити ислоҳоти нави демократӣ якчанд қонун ва фармоиш ба монанди «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои мардон ва занон», «Дар бораи ҳифзи бонувон аз тазйиқ ва зӯроварӣ» ва «Дар бораи чорабиниҳо доир ба дастгирии оила ва занону духтарон» қабул карда шудаанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо масъалаи баробарии гендерӣ ва як қатор чораҳои амалӣ муайян карда шудаанд.

Дар Ӯзбекистони Нав низ бонувони мо нафақат дар оила, инчунин дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият низ фаъоланд.

– Зан тарбиятгари миллат, оинаи ҷамъият мебошад, – мегӯяд роҳбари маркази ҳимояи иҷтимоии «Инсон»-и ноҳияи Чуст Шавкатҷон Йӯлдошев. – Аз таърих  маълум аст, ки бонувони мо хислатҳои хуб доштаанд. Онҳо ҷасуру боҳаё, боибою боимонанд, эътиқоди баланд доранд. Дар Ӯзбекистони Нав низ ба ҳаёти имрӯза ҳамоҳанг рафтор мекунанд. Аз минбарҳои баланди давлатӣ сухан карда, фикри худро баён менамоянд. Дар ҳама соҳаи ҷамъият ҳамчун роҳбар фаъолият мебаранд.

Мутаассифона, дар баъзе оилаҳо аз ҷониби шавҳар тазйиқ ва зӯроварӣ, поймол намудани ҳуқуқи зан, ҳатто ҳолатҳои ба марг расонидан мушоҳида шудааст.

Дар ин бобат гуфтан мумкин аст, ки дар ноҳияамон 194 нафар занону духтарони ба тазйиқ ва зӯроварӣ дучоршуда ба рӯйхат гирифта шудаанд. Ҳар як инсон, ӯ хоҳ зан бошад, хоҳ духтар, бояд ҳуқуқи худро донад. Барои зӯроварӣ ва тазйиқ, ҳатто суханҳои ноҷоя дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Аз тарафи ҳукумат барои бонувоне, ки ба чунин ҳолати нохуш дучор мешаванд, «ордери ҳимоя» дода мешавад.

Барои дастгирӣ ва ҳимояи бонувон ваколат дорем. Дар давоми даҳ моҳи cоли ҷорӣ ба марказамон 323 нафар бонувон муроҷиат карданд. Аз тарафи психологҳои марказ ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Аз он ҷумла, барои 183 нафар заноне, ки ба тазйиқ ва зӯроварӣ дучор шудаанд, хидматҳои махсус расонданд.

Бо иштироки инспектори профилактикӣ, ходими иҷтимоӣ ва фаъоли занону духтарони маҳаллаҳо мониторинг гузаронида, ба 6 нафари онҳо бо ҳамкории шуъбаи корҳои дохилии ноҳия чораҳои зарурӣ дида, «ордери ҳимоя» доданд. Ба 18 нафар бонувоне, ки фарзандони ноболиғ доранд, «ордери ҳимоя» дода, онҳоро реабилитатсия карда, ба маркази ҳудуди мутобиқсозӣ ва ба «Хонаи кумаки аввала» ҷойгир намуданд. Ба онҳо ёрии психологӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ расонданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: