ГАРМИИ ДАСТИ ДӮСТ АГАР ХОҲАМ...

Кӯҳистониён табиатан эҷодкор, меҳнаткаш ва боматонат мешаванд, дар меҳмондорию меҳрубонию меҳру оқибат низ аз дигарон тафовут доранд.

Ноҳияи Сӯх яке аз қадимитарин ноҳияҳои тоҷикнишини вилояти Фарғона буда, барои Ӯзбекистон эксклав ба шумор меравад.

Сокинони ноҳия бо чорвопарварӣ, боғдорӣ ва соҳибкорӣ машғуланд.

Бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ гурӯҳи намояндагон аз марказҳои миллӣ-мадании вилоятҳо, шоиру нависандагон, омӯзгорони фаъол ва журналистон ба ин ҷо сафар карданд. Мақсади асосии гирдиҳамоии дурӯза пеш аз ҳама тараннуми дӯстиву бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, дар фазои озоду обод умр ба сар бурдани халқҳои кишвар, инчунин, шиносоӣ бо ҳаёти мардуми ноҳия, шароити мактабҳои тоҷикӣ, таъмини онҳо бо технологияи замонавӣ, соҳаи соҳибкорӣ, хонакорӣ ва ғайра иборат буд.

Меҳмононро ҳокими ноҳияи Сӯх С. Саидмӯсоев, роҳбари Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Фарғона Масъуд Мирзо, омӯзгорон ва фаъолони маҳаллаҳо пешвоз гирифтанд. Онҳо даставвал аз хона-музейи кулолгарии Риштон дидан карданд.

Дар ҳақиқат, табиати зебо ва мафтункор, кӯҳҳои осмонбӯс, ҳавои тозаву шилдирроси обҳои зулол на танҳо ба эҷодкор, балки ба ҳар як инсони одӣ низ илҳом, нерӯ ва ба ҳаёту зиндагӣ гармӣ мебахшад.

Намояндагон бо сарварии ҳокими ноҳия, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Г. Субҳонова ва дигарон аз мактабҳои миёнаи рақами 10,11, 14, 16, 29, ки таълим ба забони тоҷикӣ аст, дидан карданд, барои хонандагон китобҳо тӯҳфа намуданд. Мактабҳо бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз буданд. Аз қироати шеър, сурудхонӣ ва арғуштравии писаракону духтаракон меҳмонон ба ваҷд омаданд. Худи ҳоким низ ба шеърхонии онҳо ҳамроҳ шуд.

Дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии «Макони сабз» ҳамчун рамзи дӯстӣ ва сарсабзӣ дар боғи мактабҳо арча ва ниҳолҳои дарахтони боровар шинонданд.

Рӯзи дуюм дар Кохи фарҳанги ноҳия анҷумани адабӣ-мусиқиву интеллектуалии «Наҷот – дар илм, бахт – дар дӯстӣ» баргузор шуд.

– Ноҳияи Сӯх дар вилоят яке аз ноҳияҳои пешқадамтарин дар ҳамаи соҳа: соҳибкорӣ, сайёҳӣ, меҳмонхонаи оилавӣ, таълим, тиб, хонакорӣ ва ғайра ба шумор меравад. Ба ҳар соҳибкоре, ки мехоҳад бо боғдорӣ, чорво, деҳқонӣ машғул шавад, аз заминҳои дашт майдонҳо ҷудо мекунем. Меваҳои шакаррезаш аллакай дар хориҷ харидоргир аст. Мактабҳо низ фаъоланд, хонандагони мактабҳо ҳар сол дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳурӣ иштирок намуда, ба ҷойҳои муносиб сазовор мегарданд, – гуфт С. Саидмӯсоев.

– Чунин гирдиҳамоиҳои маънавию маърифатӣ баҳри рушди забон, фарҳанг, пос доштани арзишҳои миллӣ, гиромидошти бузургон ва меҳру садоқати ҳамдигар хидмат мекунад. Сӯхи бостон бо алломаву донишмандони худ, табиати мафтункор, мардуми меҳнаткашу қавииродааш шуҳратёр гаштааст. Шоир барҳақ фармудааст:

Гармии дасти дӯст агар хоҳам,

Аз зимистон баҳор месохтам, – гуфт дар баромади худ А. Раҳмонзода.

Қироати шеър дар иҷрои директори мактаби миёнаи рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё Саодат Сангинова, баромади дастаи ҳунарии хонаи маданият табъи иштирокдоронро болида сохт. Аз ҷониби Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ба хонандагони ғолиб, ки дар озмуни «Китобхони беҳтарин» иштирок намуда буданд, китобу маҷалла ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Дар доираи чорабинӣ тақдимоти китоби шоирон, узви иттиҳодҳои нависандагони Ӯзбекистону Тоҷикистон, фарзанди ҳамин кӯҳпоя Муҳаммад Шодӣ –  «Ояти сабз» ва Расулбеки Аҳмадзод – «Фарди фардо» ба амал омад.   

Меҳмонон аз суфраи пурфайзу таомҳои миллӣ баҳраманд гардиданд. Сафари дурӯза хеле хотирмон буд, аз ҳама муҳимаш, фазои тоҷикона ба дилҳо як олам сурур бахшид.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: