Ҳамватанони азиз! Аз самими қалб шумо, тамоми халқи бисёрмиллатамонро бо 8 декабр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.
Бешубҳа, соли ҷорӣ ҳамаи мо аҳамияти ин ҷашнро амиқтар эҳсос мекунем. Зеро, пеш аз ҳама он дар шароити дигаргуниҳои таърихӣ дар соҳаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии ҳаёти мо таҷлил мегардад.
Бояд бори дигар таъкид намуд, ки дар ба ҳаёт татбиқ намудани Қонуни асосии навшудаи мо интихобот ба Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ, ки 27 октябри соли ҷорӣ дар рӯҳияи муборизаи озоду рақобатпазир баргузор шуданд, қадами муҳим гардид. Дар натиҷаи интихобот, ки сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ, ягонагӣ ва ваҳдати халқи заҳматкаш ва таҳамулпазири моро дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав нишон дод, дар кишвар низоми нави ҳокимияти намояндагӣ ташаккул ёфт. Ҳуқуқ ва ваколатҳои конститутсионии он пурзӯр гардида, масъулияташ ба дараҷаи назаррас зиёд шуд.
Боз як ҷанбаи муҳим: аз таҷрибаи гузашта, ки дар он ҳокимҳо ҳамзамон роҳбарии шӯроҳои маҳаллиро бар дӯш доштанд, мо ба низоми нав гузаштем, ки дар он бори аввал ба Шӯроҳо раисони аз сафи депутатҳо интихобшуда роҳбарӣ мекунанд.
Ба Шӯроҳои маҳаллӣ додани беш аз 30 ваколати ҳокимҳо гувоҳи густариши минбаъдаи тамоюлҳои демократӣ, халқпарварӣ дар ҷомеаи мо мебошад.
Мувофиқи қоидаи конститутсионӣ бобати он ки халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, мо ислоҳоти худро, ки ба густариши ваколатҳои парлумон ва Шӯроҳои маҳаллӣ, минбаъд баланд бардоштани фаъолнокии онҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок, бо ибораи дигар ифода намоем, ба овози ҳақиқии халқ табдил додани онҳо нигаронида шудааст, қатъиян идома медиҳем.
Дӯстони гиромӣ!
Дар кишвар барои пайваста ба ҳаёт татбиқ намудани тамоюлҳои афзалиятноки кафолати ҳуқуқ, манфиат ва шарафи инсон, ки дар Қонуни асосӣ зикр шудаанд, чораҳои васеъмиқёс андешида мешаванд.
Ба туфайли меҳнати фидокоронаи халқи мо дар солҳои охир иқтисодиёти миллии кишвар 2 баробар афзуда, даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба 3 ҳазор доллар расид, сатҳи камбизоатӣ аз 23 то 11 фоиз коҳиш ёфт, фарогирӣ бо таълими томактабӣ аз 74 фоиз ва таълими олӣ аз 39 фоиз зиёд гардид, ки ин бешубҳа натиҷаи таърихист.
Ба мақсади пайваста идома додани ислоҳот, дар амалиёт татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия дар таҳрири нав масъалаҳои рушди соҳибкорӣ ва дар ин замина – баланд бардоштани даромади аҳолӣ, таҳкими фазои эҳтироми тарафайн ва ризоият дар оилаҳо ва маҳаллаҳо, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани намояндагони наслҳои калонсол, занон ва ҷавонон дар маркази эътибори мо боқӣ хоҳанд монд.
Дар Қонуни асосӣ муқаррар шудааст, ки Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои мо ободонии минбаъдаи шаҳрҳо ва деҳот, сохтмони манзилҳои нави истиқоматӣ, муассисаҳои тандурустӣ, таълим, фарҳанг, санъат ва варзиш, навсозии шабакаҳои роҳу коммуникатсия, пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии мақсаднок аҳамияти аввалиндараҷа хоҳанд дошт. Аз ҷумла, ду баробар зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, гузариш ба низоми суғуртаи тиббӣ ва пурра таъмин кардани аҳолӣ бо хидматрасониҳои кафолатноки тиббӣ вазифаи таъхирнопазир мебошад.
Дар доираи барномаҳо дар соҳаи таълим мо дар солҳои наздик фарогирии таҳсилро дар мактабҳои олӣ ба 50 фоиз мерасонем. Танҳо дар соли 2025 барои таъмири кӯдакистону мактабҳои мавҷуда ва сохтмони боғчаҳои бачагонаву мактабҳои нав аз буҷаи давлатӣ 4 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Боз як самти муҳим дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа мебошад, ки барои он дар маҷмӯъ ҷудо намудани 46,5 триллион сӯм, аз камбизоатӣ баровардани 1 миллион нафар шаҳрванд пешбинӣ шудааст.
Мо инчунин корҳоро оид ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои шахсони дорои ногироӣ, иҷтимоисозии онҳо ва умуман таъмини фарогирӣ дар ҷомеа ба сатҳи нав мебарорем. Барои ислоҳоти низоми нафақа низ чорабиниҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Чи хеле ки маълум аст, дар таҳрири нави Қонуни асосӣ бори аввал ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи экология мустаҳкам гардида, ӯҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани тавозуни экологӣ махсус ҷудо шудааст.
Мо соли 2025-ро дар кишвар Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» эълон намуда, дар самти мазкур вазифаҳои дақиқро муайян намудем.
Итминони комил дорам, ки ин дар татбиқи меъёр ва тамоюлҳои дахлдори конститутсионӣ ҳамчун заминаи муҳим хидмат хоҳад кард.
Аз фурсат истифода бурда, шумо, ҳамватанони азиз, тамоми халқамонро даъват менамоям, ки дар таҳия ва татбиқи Барномаи давлатии соли оянда фаъолона иштирок намоед.
Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки ҳифзи табиат – ин ҳифзи инсон, ояндаи мо. Мо бояд сарвати бебаҳои худ – заминҳои ҳосилхез, чашмаҳои соф, дарёву кӯлҳо, кӯҳу водиҳоро ҳифз намоем, боғу паркҳо, фазои сабз бунёд кунем, то ки Ӯзбекистони азизамон боз ҳам зеботар гардида, наслҳои оянда дар кишвари озоду шукуфон зиндагӣ кунанд.
Ҳамватанони гиромӣ!
Конститутсияи мо ҳамеша кафили боэътимоди таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва таъмини бебозгашти ислоҳоти ҷорӣ буд ва боқӣ хоҳад монд.
Мо бо Қонуни асосии худ – рамзи равшан ва таҷассуми амалии шуури сиёсӣ ва иродаи халқамон фахр мекунем. Бар он назарам, ки омӯзиши ҳар як модда, ҳар як меъёри ин ҳуҷҷати беназири ҳуқуқӣ, зоҳир намудани эҳтиром ба онҳо барои ҳар яки мо қарзи муқаддас ва принсипи зиндагӣ гардад.
Итминон дорам, ки бо меҳнати поквиҷдонона, дарк намудани масъулияти худ, мо метавонем самаранокии ислоҳотро боз ҳам баланд бардорем ва ҳатман ба ҳадафҳои бузурге, ки дар назди мо қарор доранд, мерасем.
Бори дигар шумо, ҳамватанони азизро, бо Рӯзи Конститутсия самимона табрик гуфта, ба шумо сиҳатмандӣ, барои оилаҳоятон сулҳу осоиштагӣ ва фаровонӣ таманно дорам.
Бигзор эътибору шуҳрати Ватани азизи мо боз ҳам бештар гардад!
Бигзор, халқи мо, ки офарандаи тамоми дастовард ва ғалабаҳои мо мебошанд, хушбахт бошанд!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон