Мо пештар аз хусуси дар Ғиждувон ташкил шудани осорхонаи зери осмони кушод, яъне эҳёи «Қӯрғони Ғиждувон» хабар дода будем.
Ду-се сол муқаддам бобати дар пойгоҳи ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Қӯрғон» ва «Чорсӯ»-и ноҳияи Ғиждувон таъсис додани маҳаллаи сайёҳӣ қарори дахлдор қабул шуда буд. Мувофиқи он дар асоси анъанаҳои миллӣ лоиҳа таҳия шуд ва ҷараёни корҳо оғоз ёфтааст. Мақсад барқарор кардани ҳолати аслии иншооти мазкури мероси таърихӣ, моддӣ ва мадании маҳаллаҳои қадимӣ, ҳамчунин афзун гардондани салоҳияти сайёҳии ҳудуд аст.
Дар 18 гектар майдон топосурати «Қӯрғон» омода гардид ва аз ҷониби «OJ Progect bulding» лоиҳаи аввалини «Қалъаи Ғиждувон» тайёр карда шуд. Таҳти раҳнамоии коршиносони байналхалқӣ ва Институти байналмилалии тадқиқоти Осиёи Марказии Ӯзбекистон масҷидҳои «Бозори қаймоқ», «Болои қассобон» «Бобораҳимбой», ки ба асри XIX дахл доранд ва «Ҳаммоми куҳнаи сангин», ки ба асри XVI мутааллиқ аст, аз нав эҳё шуданд. Бо мақсади барои меҳмонон фароҳам овардани шароити мувофиқ дар назди масҷиди «Бозори қаймоқ» бо услуби миллӣ ду айвон сохта шуд. Бобати ба истифода супоридани «Ҳаммоми куҳнаи сангин» (асри XVI) чораҳо андешида мешаванд.
Маълум аст, ки Ғиждувон аз қадимулайём диёри ҳунармандон ва тоҷирон аст. Имрӯз низ дар маҳаллаи «Қӯрғон»-и маркази ноҳия бештар аз сад нафар ҳунармандон: нонвойҳо, ҳалвогарону қассобон, гаҳворасозон ва ғайра буду бош доранд. Бонувони ин ҳудуд аҳлу тифоқанд. Онҳо баъзан ба як хонадон ҷамъ омада, кореро ба сомон мерасонанд. Дар ин ҷараён сурудхонӣ, ривоятгӯӣ мекунанд.
Ғайр аз иншооти қадимие, ки номашон зикр шуд, дар ин ҷо беш аз даҳ иморати қадимӣ, қариб бист меҳмонхонаи оилавӣ, зиёда аз даҳ оилаи ҳунармандон ба қабули зоирон ва меҳмонон омода ҳастанд.
Дар кӯчаҳои Косибон ва Арабони ин маҳалла ташкил кардани дуконҳои ҳунармандӣ, майдонҳои алоҳида барои мусаввирон, ҷамоаҳои фолклорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Чанде пеш раиси Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ У.Шодиев, ҷонишини ҳокими вилоят Б.Шаҳриёров, сардори садорати сайёҳии вилоят С.Бобокалонов, ҳокими ноҳияи Ғиждувон Ш. Ашуров ва намояндагони ҷамоатӣ ба маҳаллаи «Қӯрғон» ташриф оварда, бо инфрасохтори ҳудуд ошно шуданд. Онҳо дар чорабинии мақоми «Деҳаи этнотуризм»-ро гирифтани маҳалла иштирок ва ғиждувониёнро бо ин дастовард муборакбод карданд.
А.Авезов, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.