ГУЗАРГОҲИ ДИЛ

Рӯзе сармуҳаррирамон Эркин Воҳидов ману Эркин Аъзамро ба хонааш хонд.

МУРОҶИАТ ДАР ЗЕРИ БАРФ

Рӯзе сармуҳаррирамон Эркин Воҳидов ману Эркин Аъзамро ба хонааш хонд.

– Акнун, йигитҳо, баъзан ҳамин хел корҳо ҳам шуда мемондааст, – гуфт каме ноҳинҷор ва муддаои худро баён кард.

Пагоҳӣ ӯро ба КМ даъват карда, як супориши нозук додаанд. Яъне илтимос кардаанд аз номи арбобони намоёни маданият, санъат ва адабиёт матни муроҷиати ба ғунучини пахта даъваткунандаро омода намоянд.

– Акнун ин гуна матнҳо назар ба шоирҳо аз қалами носирҳо хубтар мебароянд, – гуфт Эркинака, – барои ҳамин то пагоҳ нусхаи хомакии онро навишта оред, ҳамроҳ дида мебаромадем.

 «Амри воҷиб»-ро ба гардан гирифта, аз кабинети роҳбар баромадем. Баъди кор ба квартираи Эркин Аъзам дар Қарасув рафта, иншои лоиҳаи муроҷиат ба халқи Ӯзбекистонро сар кардем.

Як-ду сол пештар аз ин Брежнев ба Ӯзбекистон омада, аз  минбари баланд «Надо, Шарафчик, надо!» гуфта, ӯҳдадории 6 миллион тонна пахтаро ба гардани Ӯзбекистон бор карда буд.

Ғайриимкон будани иҷрои ин нақшаи бузург ба ҳама маълум бошад ҳам, то моҳи январ ҳаракати аз нест ҳаст кардан бо унвони «сиёсати пахта» давом мекард.

Қалами мо, ки аз дер танҳо ба таҳрири асарҳои бадеӣ омӯхта шуда буд, ба навиштани суханҳои дурӯғ ва баландпарвоз сар намефуровард. Барои ҳамин ду-се рӯзномаи ҳизбиро назди худ гузошта, «Ҳоло дар саҳроҳоямон ҳосил зиёд», «Имрӯз  дар Ӯзбекистон ҳама пахтакор», «Тиллои сафедро дастҳои тиллоӣ меофаранд», «Ҳосилро то мисқолҳои охирин несту нобуд накарда чида гирифтан – вазифаи ҳар яки мо» барин ҷумлаҳои қолабиро кӯчонда, нисфишабӣ муроҷиати ба махав ошноро навишта тамом кардем.

 Коғазу қаламро ғундошта, яке аз тиреза нигарем, барф борида истодааст! Дар ибтидои моҳи ноябр боридани ин гуна барфи сахт ва ғафсро шахсан ман бори аввал медидам.

Пагоҳӣ палтову телпак пӯшида, хунукхӯрон ба кор омадем. Ҳаво хеле сард, роҳҳо яхбаста.

Ба назди сармуҳаррирамон даромада, фармоишро супурдем. Ба коғаз як чашм давонду «раҳмат» гуфт, либоси ғафс пӯшида ба КМ равон гашт.

Пагоҳаш он кас дар таркиби намояндагии нависандагони СССР ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафт.

Аз байн ду-се рӯз гузашт, лекин муроҷиати дар зери барф тавлидёфтаи мо аз чӣ бошад ба матбуот набаромад. Кӣ медонад, балки он ба ташкилотҳои фармоишгар маъқул наафтод. Баъд фаҳмем, ҳамон рӯзҳо Брежнев бемори вазнин шуда, дар КМ ин муроҷиат ба дили ҳеч кас нағунҷида будааст.

 

НАРХИ БИЛЕТ ВА МУРҒ

Ба Худо шукр, он рӯзҳои вазнин ҳам оҳиста-оҳиста паси сар шуданд. Дар соҳа компутеркунонӣ ба тартиб андохта шуд. Як миқдор пул ёфта, аз Маскав ягон бист компутер харидем. Дар идораамон касе «забони» онро намедонист. Мутахассиси бузришеро, ки Димитрий Дмитриевич Яковлев ном дошт, ба кор қабул кардем.

Дим Димич як ҳафта овора шуда, бо ду-се ҳамроҳаш ба машбюро компутерҳоро васл намуд.

Лекин бонувони «машинкачӣ» бо компутер навиштанро умуман намедонистанд, лозим омад онҳоро дар куҷое хононем. Имкон нест бист нафарро барои хонондан ба Маскав фиристем. Барои ҳамин худи Яковлев хонда омада, дигаронро мехонондагӣ шуд.

Вай баъди понздаҳ рӯз аз сафар баргашт ва хандида воқеаеро гуфта дод.

– Ба Маскав бисёр парвоз кардаам. Одатан баъди ду-се соат мурғбирён медоданд, ин дафъа аз чӣ бошад, хӯрок бедарак. Аз стюардесса, ки туфлиашро туқ-туқ зада ин сӯ-он сӯ мегузашт, оҳиста пурсидам: «Бубахшед, мурғро кай медиҳед?»

Стюардесса ба ғазаб омад. «Чӣ хел мурғ? Чӣ хел таом? Фикр карда гап мезанӣ? – гуфт бо овози баланд. – Ту охир ба панҷоҳу шаш сӯм билет харидаӣ, нархи мурғ бошад ҳафтоду ҳашт сӯм, ҳаминро медонӣ?»

Баъд фаҳмам, роҳкиро ҳамон дар нархи пештара мондааст, мурғро бошад, ба парвози озод гузоштаанд, ба замми ин бечора стюардесса се моҳ боз бе маош кор мекардааст...

 

«БА ТАҲОРАТИ КАСИ ДИГАР НАМОЗ НАХОНЕД»

Драматург Д.М. арз карда омад. «Сарвиноз» ном песаро дар нашриётамон дар ҳоли китоб баровардан мехостааст, шуъба нолоиқ дониста баргардондааст. Тақризи беруна ҳам салбӣ будааст.

– Душманонам ташкил кардаанд инро, – гуфт драматург дарғазаб шуда. – Талаб мекунам, ки дастнависро шахсан худатон дида бароед.

Маҷбур будам «дар консерт бино бар талаби меҳнаткашон» иштирок намоям. Асар ниҳоят ғариб, илоҷе надоштам ба хулосаи салбии муҳаррири шуъба ва муқарриз ҳамроҳ нашавам.

Саъй кардам бо хобрафтаннӣ ба муаллиф фикрамро фаҳмонам, илтимос кардам песаҳои дигараш бошад, гирифта оварад. Аммо драматург:

– Мана ҳамин песаро мебароред, ба набаровардан ҳақ надоред. Чунки ин асар Мукофоти давлатии ба номи Ҳамзаро гирифтааст, – гуфт пофишорӣ карда.

Мукофоти давлатӣ он тараф истад, «Сарвиноз» сарпӯши чойнак ҳам нагирифтанашро хуб медонистам, барои ҳамин ҳайрон шуда:

– Нашунида будаам, кай гирифтааст? – пурсидам.

– Нашунида бошед, айби ман нест, – гуфт муаллиф бо димоғи баланд, – соли ҳафтоду як гирифтааст.

– Истед, соли ҳафтодуякум мукофоти давлатӣ умуман дода нашудааст-ку? Охир мукофот солҳои ҷуфт дода мешавад, – гуфтам драматургро мот кардан хоста.

Д. М. бетоқат даст афшонд:

 – Соли ҳафтодуяк нагирифта бошад, дар соли ҳафтоду ду ё  ҳафтоду чор гирифтагист. Умуман кадом сол буданаш ба шумо чӣ фарқ дорад? Донед-надонед ҳақиқат дигар намешавад – «Сарвиноз» мукофоти давлатӣ гирифтааст! – гуфт вай ҷазабааш гирифта.

– Чӣ хел, барои чӣ гирифтааст? – гуфтам ман ҳам худдорӣ накарда.

Вай ду-се дақиқа сукут варзиду, баъд папкаашро кофт, газетаи зардшудаеро баровард ва бо тантана ба рӯи миз партофту:

– Мана, дида монед! – хитоб намуд.

Газетаро кушода бинам, дар саҳифаи дувум, дар эълон оиди дода шудани мукофотҳои давлатӣ, ба зери исму фамилияи композитори машҳур бо қалами сурх хат кашида шудааст.  Баробар бо симфония ва ораторияҳояш қатори мусиқиҳое, ки барои спектаклҳо навиштааст, «Сарвиноз» ҳам қайд ёфта буд.

– Дидед? Шуд? – гуфт Д. М. каррос гулӯ дарронда.

Ин вақт ғайриихтиёр:

– Э, ба таҳорати каси дигар намоз нахонед-дия, ака, – гуфта мондаам.

– Ин чӣ гуфтагиатон? – дӯғ зад Д. М. – Шуд. Таҳоратро нишон дода мемонам  ҳоло!

Вай ин тавр гуфта дастнависашро бардошт ва бо ҷаҳл аз хона баромада рафт.

Баъди як ҳафта, дарҳақиқат, «нишон» дод: аз болоям ба КМ шикоят навишт. Дар ариза навишта шуда буд, ки сармуҳаррири нашриёт ба вай – драматурги коммунист «то таҳорат карда намоз нахонӣ, асарат намебарояд, гуфта дӯғ зад».

Бедодии мислаш дар таърихи Ӯзбекистон диданашуда, яъне дар ҳамин гуна як нашриёти калон ҷойи сармуҳаррир барин лавозими масъулиятнокро банд кардани як одами бепартиявӣ  муаллифи шикоятро ба ҳайрат ва ғазаб оварда буд.

Дар охири аризаи бо ӯзбекӣ навишташуда аз чӣ бошад ду ҷумла: «Возникает вопрос: куда смотрит руководство Госкомпечати УзССР? Куда смотрит руководство издательства?»  ба забони русӣ, ба ранги сурх  навишта шуда буд.

 

«ДУМ»-АШРО ХУДАТ МЕМОНДАГИСТӢ...»

Рӯзе Саид Аҳмадака ба нашриёт сим зад:

– Дар бораи Абдуллоака (Абдулло Қаҳҳор) китоби хотираҳо баровардан мехостаед,  Кибриёапа мақола навиштанамро илтимос карда буд, дастнависро ба ту мефиристам, хонда мебаромадагистӣ.

– Хуб шудааст, – гуфтам.

– Фақат як илтимос, – гуфт устод, – ман ба фарқи «х»-и «дум»-дор ва «х»-и «бедум» намеравам, худат «дум»-и даркориро мегузоштагистӣ.

– Гап нест, хотирҷамъ шавед, – гуфтам табассумомез.

– Лекин Саид Аҳмадакам хеле тупой будааст, нагӯӣ  гуфта ба ин ҷо-он ҷо «дум» гузоштам, боз менигаристагистӣ,  – гуфт ӯ ва хайрухуш кардем.

 Баъди ду-се соат дастхат расида омад. Кушода бинам, устоди баракатёфта аз «Аҳмад», «ҳаво», «ҳусн», «ҳалво», «ҳамшира» барин калимаҳо «дум»-ро гирифта партофта, ба зери «хат», «харидор», «хайрият», «хавотир» бемалол «дум» гузошта баромадааст.

Мутарҷим Муҳаммад ШОДӢ.

(Аз китоби «НАВОӢ-30»).

Хайриддин СУЛТОН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: