Субҳи уммедам ба ёди рӯятон сар мекунам, Ҳар сухан, ҳар пандатон шаҳбайти дафтар мекунам. Саҷда меорам ба рӯҳи покатон додои ҷон, Гаҳ зи оби дида мадфангоҳатон тар мекунам. Усмон НАЗИР.
Ҳаёт чунон сохта шудааст, ки инсон то лаҳзаи вопасин хондану омӯхтан, сабақи зиндагӣ гирифтанаш лозим. Мо дар ин дунёи фонӣ бо ҳиссиёт – ғаму хурсандӣ, тарсу бебокӣ, муҳаббату нафрат, гармиву сардӣ, умеду ҳасрат омада меравем. Аммо дар бачагӣ ҳимояи аввалин – табассум ва суханҳои ширини волидайну атрофиён будааст. Ана баъд кӯдакистон, мактаб, дорулфунун, меҳнат ва ниҳоят рахти сафар бастан ба дорулбақо!
Воқеан, ман дир зиндагӣ бисёр чизҳоро омӯхтам. Баъди хатми Донишкадаи тиббиёти Самарқанд ҳамчун табиби бемориҳои рӯҳӣ фаъолият мебарам. Устодони ман хеле бисёр буданд, лекин барои ман аз ҳамаи онҳо беҳтарин, донотарин падари бузургворам хоҳанд монд. Ман сесола, хоҳарам шашмоҳа буд, ки модарам Саноат Қосимова (илоҳо ҷояшон дар ҷаннат бошад!) аз хастагии зардпарвин чашм аз олами ҳастӣ пӯшиданд. Дар 24 солагӣ фавти нобаҳангоми волидаи мукаррамаи ман зарбаи сахт буд, барои падарам, хешу пайвандон, ҳамкору шогирдон аз мактаби рақами 21-уми ноҳияи Самарқанд, ки дар таълимгоҳи мазкур аз фанни забони модарӣ ва адабиёт сабақ медоданд.
Агар хотирам фиреб надиҳад, аз байн як ё ду сол гузашт, ки дар оилаи мо зани ҷавони хушқаду қомат бо чеҳраи кушод пайдо шуд.
– Ана ин кас акнун ба ту ва хоҳарат модар мешаванд, – фаҳмонданд падари бузургворам, – аз тақдир ҷойи гурез набудааст, бачаҷон.
Ойбӣ (дар Самарқанд модарандар, зани дуюмро чунин меноманд) бо дилёбӣ, ширинсуханӣ, меҳрубонӣ на танҳо ба эҳтироми ман ва хоҳарам, инчунин хешу пайвандон, ҳамгузару ҳамсояҳо соҳиб шуданд.
Аммо калиди бахти хандонам, табиби дарду дармонам, маслиҳатгару раҳнамоям падарам буданд. Падарам ба фарзандон аз бачагӣ талқин мекарданд, ки худбовар, меҳнатдӯст, китобхон ва барои ба муроди дил расидан иродаи қавӣ дошта бошем. Боз ба мо шеъру афсона гуфта, некӣ аз болои бадӣ ғолиб омаданашро мефаҳмонданд. Ҳар гоҳ бо корҳои илмии худ ба Душанбешаҳр азми сафар намоянд, мо ғайр аз ширинӣ китобчаҳои расмдори бачагона туҳфа гирифта, бо завқ мутолиа мекардем.
Воқеан, падарам доктори фанҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Шавкат Шукуров шогирдони бисёр доштанд, ки гоҳ-гоҳ дар ҳавлии мо базми шеъру суруд авҷ мегирифт.
Суҳбати эшон бештар дар атрофи эҷодиёту зиндагиномаи шоир, файласуф ва мутафаккири форсу тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил (1644–1721) ҷараён гирифта, падарам аз он ифтихор доштанд, ки волидайни шоири нотакрор аз Самарқанд ҳастанд. Дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳо тарки ватан кардаанд ва рӯ ба Ҳинд овардаанд. Маълум, ки ашъори ӯ мушкилбаён аст, аммо падарам мӯшикофона ба мазмуну мундариҷаи он роҳ ёфта, шарҳу эзоҳ дода, ба ситоиши ҳозирон соҳиб мешуданд. Баъзеҳо аз ҳасаду нотавонбинӣ сӯяшон санг мепартофтанд, лекин падари дарёдилам ботамкин бо байтҳои Бедил ба фитнаангезон ҷавоб медоданд:
Шарори кина ҳар ҷо шӯълакор аст,
Агар кӯҳсор бошад, пунбазор аст.
Ҷаҳонсӯз аст барқи кина, ҳуш дор,
Мабодо домани кас гирад ин хор!
Падарам бештар бо шоирони рангинхаёл, журналистони ҳақиқатпараст, олимони фидоӣ риштаи дӯстӣ баста, аз суҳбати онҳо ғизои маънавӣ мегирифтанд.
Луғатшинос Тӯрақул Зеҳнӣ, академик Ботурхон Валихоҷаев, адабиётшиносҳо Солеҳҷон Ҳалимов, Абдусалом Самадов, Қобилҷон Тоҳиров, шоирон Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Фарзона, Салим Кенҷа, Хоҷа, Дилшода ва алалхусус бо Нормурод Каримзода қариб ҳар ҳафта дар атрофи як пиёла чой суҳбат ороста, рӯҳи Мирзо Бедилро шод менамуданд. Бо журналистон Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Мӯҳсин Умарзода, Муайяна Хоҷаева, Акбар Усмонов, Зоҳир Ҳасанзода, адибон Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқов, Адаш Истад ва дигарон муносибати хуб доштанд. Ҳоло агар бо шогирдони бешумори падарам рӯ ба рӯ шавам, онҳо низ бо миннатдорӣ ёди неки қиблагоҳам мекунанд. Дар гузарамон – Қозиқӯрғон низ чунин аст.
Бо падарам дар ҳама масъалаҳо маслиҳатгар будем. Ёд дорам, баъди хатми мактаб номаи камол гирифтаму саволи ба куҷо дохил шудан ба миён омад.
– Шоҳдухтар, шакар духтар, – бо навозиш ба мақсад гузаштанд падарам.
– Дареғо, фалакро бин, чӣ зулми нораво кард, моёнро аз модарат ҷудо кард, ки сабабаш бемории ғайричашмдошт буд. Табиб шав, ба дарди мардум дармон шав.
Ана ҳамин тавр ба Донишкадаи тиббии Самарқанд дохил шуда, соҳиби – санъати табобат шудам. Ва он рӯзе, ки дипломи мактаби олиро пешкаши падари бузургворам намудам, хурсандиашон интиҳо надошт.
Дар омади гап таъкид кардан ба маврид аст, ки раҳмати модарандар моро ҳамчун фарзандони хеш дӯст дошта, таълиму тарбия доданд, ки сипосгузорем.
Аммо фоҷиаи нохуш, ки январи соли 2009 рух дод, моро аз падари бузургвор ҷудо кард, ки бароям нобахшандагист. Шояд хато аз ман гузашт, ки қиблагоҳамро натавонистам розӣ кунам, ки ҳамроҳамон ба хориҷа барем ва шояд ӯ аз марги бемаънӣ раҳоӣ ёбад.
– Дадаҷон, рафтем, – дар ҳамон рӯзҳо зорӣ намудам ба ӯ, – набераҳоятон Сарвиноз, Шоҳина, Таҳмина ва домодатон Сӯҳробака аз дидоратон, ҳамроҳ будан хурсанд мешаванд.
– Бачаҷон, дафъаи дигар, корам бисёр, – узр пеш оварданд падарам, – хубтараш, ту нарав, дар наздам бош. Дилам роҳ намедиҳад, ки ту равӣ. Аҷибаш дар он буд, ки бори нахуст чорзону нишаста, илтиҷоомез хоҳиш карданд, ки чиптаҳоро супорам ва дар зодгоҳ монам.
Он лаҳзаҳои риққатовар ҳам тааҷҷубовар буду ҳам хандаовар. Ана баъд мо ҳар ду якдигарро ба оғӯш кашидем, гиристем, хандидем ва ман бо дили кашол ноилоҷ рахти сафар бастам.
Парешонхотир, мутаассир, аламовар рафтам ва ҳамеша пеши назарам ҳангоми хайрухуш сари ду по нишастани падарам буд. Болои сӯхта намакоб, хоб бинам ду дандонам фурӯ рехтааст, ки таъбираш аз шахси наздик ҷудо шудан мебошад.
Оҳ, агар медонистам, ки дар он шаби зимистонӣ аз сабаби набудани қувваи барқ падарам шамъ афрӯхта, дар бистари беморӣ болои китоб хобашон бурдааст ва шамъ аз шамол ё дигар сабаб рӯи хона афтода, оташ ба коми худ кашидааст, ба ҳеҷ куҷо намерафтам ва шояд қиблагоҳамро аз марги нобаҳангом раҳоӣ мебахшидам. Гарчанд аз байн беш аз 15 сол сипарӣ гашт, оромӣ надорам.
Оҳ, Худоё, гирёну нолон, пойлучу сарлуч, беҳушу девона, ғамкуштаву пурҳасрат сари қабри падарам, шаҳсутуни хонадонам рафтан ба тасвираш қалам оҷиз аст.
Дар сӯгвории модари муқаддасам ин қадар ғаму ғусса нахӯрда будам.
Воқеан ҳар сол 9-уми май мавлудии қиблагоҳамро бидуни соҳибҷашн қайд карда, болои қабрашонро гулпӯш мекунему халос. Ва ман ҳар гоҳ назди марқади қиблагоҳ барои зиёрат оям, мегӯям: Меҳрубон касонро бисёр дидам, вале ҳеҷ кас мисли падар нахоҳад шуд.
Зӯҳро ШУКУРОВА,
деҳаи Қозиқӯрғони ноҳияи Самарқанд.
Вилояти Самарқанд.