Ҳар вақт дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ахбори кӯтоҳи таъҷилӣ ва мақолаҳои долузарби худро эълон мекард, мо, рӯзномахонон, бо воситаи онҳо аз ҳаёту навигариҳои мухталифи ноҳияи Поп ва фикру андешаҳои диққатангезу аҳамиятноки муаллиф баҳра мегирифтем. Боз интизори шумораи ояндаи рӯзнома мешудем.
Якбора қаламиҳо ва номи он муаллиф аз саҳифаҳои рӯзнома нопадид гашт. Аҳли эҷод ва муштариён дар хавотир буданд, ки ин муаллиф дар куҷост?
Шиносон, яке корро бас кард, дигаре ӯро дардманд ҳам гуфтанд. Чанд вақт гузашт.
Лаҳзаи деринтизор фаро расид. Рӯзноманигори серкору боҳавсала Шуҳрат Инъомовро ҷустуҷӯкунон ба идораи рӯзномаи ноҳиявии «Поп тонги», ки коргоҳи пешинааш буд, омадем. Мақсади вохӯриамонро шунида, муҳаррир Тӯхтахон Тӯйчиева занг зад. Дар сарамон фикре мепечид, ки вай «аз зодгоҳаш – Чодак, масофа дур, кай меояд?» Не. Саҳв кардем, Шуҳратака сокини шаҳри Поп будааст, бо садои занги телефон зуд омад. Баҳри халал нарасондан ба ходимон, берун аз редаксия, гӯшаи ороми яке аз ошхонаҳои шаҳри Попро интихоб намудем.
Шуҳрат Инъомов марди миёнақад, солим, одӣ, зирак ва бо атрофиён самимӣ буд. Дар сари чой гуфтугӯйи мо сурат гирифт. Бе он ки мо саволе диҳем, муддаои моро фаҳмида, ӯ ба шарҳи ҳоли худ сар кард.
Бо фахру эҳтиром баён намуд, ки вай 6 декабри соли 1954 дар деҳаи Чодак, дар оилаи муаллим Саидохун Инъомов таваллуд шуда, падараш 50 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Модараш Ӯғилхон Инъомова буд.
Вақте Шуҳрат мактаби таълими умумии ба номи Садриддин Айнии зодгоҳашро хатм менамояд, бародараш сабақгири бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд буд. Вай ба додараш мегӯяд:
– Дар университет факултети журналистика ҳам будааст. Рафта хон, баъд хабару мақолаҳо менависӣ.
Додари орзуманд пешниҳоди ӯро бо ҷон пазируфт. То як чашм кушода пӯшидан Шуҳрат низ солҳои донишҷӯйиро сипарӣ намуда, мисли бародараш бо дипломи мактаби олӣ бозгашт. Дар рӯзномаи ноҳиявии «Поп тонги» аввал ходими адабӣ ва баъд котиби масъул шуда кор кард. Вай гармрӯ, дидадаро ва дар ҳар ҷо чун шахси кордон зарур буд. Аз ин сабаб дар кумитаи ҳизби коммунистии ноҳия низ фаъолият дошт. Сонитар боз ба редаксия, ба вазифаи ҷонишини муҳаррир гузашт.
Соли 1989, моҳи август таҳсилро дар Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии давлатии Тошканд, ки бо тавсияномаи кумитаи ҳизби коммунистии вилояти Намангон ба он ҷо омада буд, хотима дода, дар идораҳои ноҳиявии ҳизбӣ, дертар дар коргоҳи Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон, шуъбаҳои иҷтимоии ҳокимият ва таълими халқи ноҳия кор кард. Аз соли 2011 ва аввали овони нафақахӯриаш боз бо табъу нашри саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Поп тонги» машғул шуд.
Рӯзноманигороне буданд танҳо дар як самти кор фаъолият мебурданд. Саъю кӯшиши Шуҳрат Инъомов ҳамаҷониба – дар редаксия, идораҳои давлатӣ ва ҳизбӣ ҷараён гирифтанд. Баробари он корҳо ба китобхонон асарҳои худро низ туҳфа намуд. Китобҳои таърихӣ-оммавии «Поп саховатли юртим» («Поп – кишвари босахоям»), доир ба омӯзгорони эҷодкор «Поп оҳанглари» («Навоҳои Поп») ва дар хусуси муассисаҳои таълими ноҳия асари «Юксалиш йӯлидан» («Аз роҳи болоравӣ»)-и худро пешкаши ҳаводорон намуд, ки ҷамъи теъдоди нашри онҳо 10 ҳазор нусха буданд.
Масъули ҳозираи саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии «Поп тонги» Имомалӣ Усмонов мегӯяд:
– Шуҳратака устоди мо, шахси доно, фурӯтану писандидаанд. Рӯзноманигороне зиёданд, ки дар соҳаи худашон кор намекунанд. Шуҳратака баринҳо кам. Мо, кормандони рӯзнома, кӯшидем, он касро ба вазифаи муҳаррирӣ пешбарӣ кунем, аммо бо ғояти фурӯтаниашон таклифро қабул накарданд.
Метавон гуфт, ки Шуҳрат Инъомов бо кору фаъолияти намунавиаш арҷманди ду давр – аҳди шӯроҳо буду замони истиқлол аст.
Мавсуф имрӯз дар нафақа аст, лекин ҳамкориро бо рӯзномаашон давом медиҳад. Боиси хушнудист, қавл дод, ки инчунин ҳамкориро бо рӯзномаи «Овози тоҷик» боз ба роҳ хоҳад монд.
Қаҳрамони мо дар байни мардум низ эҳтиром дорад.
Фарзандони рӯзноманигори собиқадор – духтараш Фароғат, писаронаш Шерзод ва Фаррух чун падарашон кормандони шоиста, дар соҳаҳои гуногун меҳнат мекунанд. Бо онҳо наберагон низ барои пешрафт дар ҳаёт саъй менамоянд.
Бобои дуогӯйи ба 70-солагӣ қадамниҳодаи онҳо, ба бахташон тансиҳат, амон ва андар эҷод бошанд.
Миршароф МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.