Аз таърих медонем, ки сараввал инсоният маскуни ғор буд. Пас аз тӯфони Нуҳ алайҳиссалом, ки сатҳи об паст шуд, вай аз кӯҳҳои баланд ба поён фаромада, ба касби шикорчигии худ зироатпарвариро зам кард.
Дар он замон, ки ҳоло бунёд кардани хонаҳои синҷдору ғиштин аз тафаккури одамон дур буд, онҳо дар куҷову бо кадом тартиб умр гузаронида бошанд? Нахустхонаҳо аз гил бунёд мегардиданд, ки агар ба ин фикр бо шубҳа нигарем, нодуруст мешавад...
Рӯзе бо коре ба идораи собиқ совхози ба номи Илич сар халондам.
– О, о домулло, бед канӣ, – гуфт сармусоҳиб, ки пайванди мо буд, бандаро бо хурсандӣ пешвоз гирифта, – навигарӣ ҳамин, ки акнун гунбадҳои Бибикабудпушро азнав бо хишти пухта бунёд мекунем. Ва барои ин аз хазинаи касабавӣ ба миқдоре маблағ ҳам ҷудо кардем.
Ӯ миқдори маблағи ҷудокардаро гуфт. Бо ин пул он солҳо 5-то «Жигули»-и нав харидан мумкин буд...
Бибикабудпуш номи яке аз қабристонҳои қадимаи ноҳияи Шофиркон буда, дар он ҷо ду хонаи гилбунёд низ вуҷуд дошт. Дилам чизеро дарк кард магар, рӯзи дигар фотоҳаваскор муаллимон Рашид Сафаров ва Ато Фаттоевро ҳамроҳ гирифта, барои суратгирӣ рафтем. Рашидака писараш Фарҳодро низ ҳамроҳ гирифт. Ҳар ду хонаи лойбунёдро ба сурат гирифтем. Рашидака чун муаллими ҷуғрофия ҳамон сол мебоист аз аттестатсия мегузашт. Барои ин хидматаш дар рӯзномаи «Шофиркон овози» мақолаеро бо номи «Танӯрхона аст ё гунбад» дарҷ намудам. Пас аз сӣ соли пурра – соли 2022 дар китоби «Саҳродаги қизил гул», ки тариқи нашрияи «Бухоро» ба чоп расида буд, ин сурат мулки мардум гашт.
Он хонаҳои лойбунёд дуто буда, баландии бинои ғарбӣ 3-3,5 метр, шарқиаш бошад, каме пасттар ва нисбати ҳамсояаш васеътар буд. Дар он тахминан 30 кас ҷойгир шуда метавонист. Дари даромади ҳар ду ба ҷануб нигоҳ мекард. Солҳои мактабхонӣ ҳангоми чаронидани гусфандҳо борҳо бо ҷӯраҳои ҳамсолам ба он хонаҳо медаромадем. Боре ҳангоми таътили зимистона ба даруни хонаи ғарбӣ гулхан афрӯхтем. Баъди чанд дақиқа хона чун танӯр суп-сурх шуда тафсид. Дар баландии 2,5 метри чор девори хона сурохиҳо буданд, ки ба фикри банда вазифаи муътадилии ҳаворо таъмин мекарданд. Гунбади хона бошад, дар радиуси як метр кушода буд, ки вазифаи дудбароро иҷро мекард, ҳангоми афрӯхтани гулхан дидем, ки дуди он ба хона паҳн нашуда, рост аз ҳамон сурох баромада мерафт. Шояд аҷдодонамон дар миёна гулхан афрӯхта, баъд пойҳояшонро ба он дароз карда, ҳампаҳлӯ, ҳатто дар зимистони қаҳратун аз сармо наҳаросида, ором гирифта бошанд.
Баъди моҳе боз гузарам ба ин ҷо афтод. Гунбадҳо, ки аз дури дуриҳо ба назар мерасиду касро ба сӯяш мехонд, ин дафъа нанамуд. Саросема ба дидори он осори атиқа, ки мероси ниёгон буд, шитофтам. Биноро аллакай яксони замин кардаанду бригада – гурӯҳи одамон барои он гунбадро аз хишти пухта бунёд кардан тараддуд медиданд. Аз байн 32 соли расо чун шамол гузашт. Ҳоло чоряк асри қарни XI ҳам қариб ба охир мерасаду аммо аз бунёди он гунбад дарак нест.
Аммо он сурат чун ганҷинаи нодиртарин дар хазинаи ман монд. Худ ба худ гоҳо тасаллӣ медиҳам: лоақал сураташ монд-ку! Ба ҳамин ҳам шукр.
Алимурод Темиров,
ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.