Баъди ба истиқлолият ноил шудан Ӯзбекистон соҳиби рамзҳои миллии худ гардид ва ҳамчун давлати мустақил дар ҷаҳон эътироф карда шуд. Конститутсия ҳам яке аз нишонаҳои асосии мустақилии диёрамон ба шумор меравад ва ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад.
Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд. Дар баробари пешрафти мамлакат кадрҳои болаёқат, зиёиёни фидокор, ҷавонони бомаърифат, ҳамватанони илмдӯст кишвари моро ба тамаддуни ҷаҳонӣ хоҳанд расонид. Барои ин мазмуну мундариҷаи таълиму тарбия ва таҷрибаи ба талаботи байналхалқӣ мувофиқ шуури моро бояд равшан кунад. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳои бузург баъди пешниҳодҳои оқилонаи халқи мо Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ эълон карда мешавад. Ин аст, ки сарвари давлатамон зимни вохӯрӣ бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ оид ба татбиқи тадбирҳои ташкилӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ӯзбекистон масъалаи маорифро зикр намуд: «Мо ба рушди соҳаи маориф, илму фан ва сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳем. Зеро дар рақобати шадиди имрӯза танҳо миллату давлати босаводу равшанфикр метавонад ба рушди дуруст ноил гардад. Азбаски мо мехоҳем насли нави ниёгони бузургамонро тарбия кунем, бояд рушди афзалиятноки кӯдакистону мактабҳо, таҳсилоти олӣ ва соҳаҳои илмро дар сатҳи конститутсионӣ пурзӯр намоем. Инчунин, дар қомуси умумии мо бояд меъёрҳое мавҷуд бошанд, ки ба муҳайё кардани шароити зарурӣ барои инкишофи муассисаҳои таълимии давлатии томактабӣ, сохтори мактаб ва таълими олӣ, шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла муассисаҳои таълимии хусусӣ алоқаманданд.
Бояд таъкид кард, ки маншаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ ҳам баланд бардоштани қадри инсон ва васеъ кардани ҳуқуқу озодиҳои он мебошад. Дар таҳрири нави банди якуми Конститутсия барҳақ таъкид шудааст, ки «Ӯзбекистон кишвари озод, демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ» (моддаҳои 1-18) мебошад. Дар банди дуюми Сарқонуни нав (моддаҳои 19-64) ҳуқуқи инсон ва таъмини озодиҳои он чун мақсади олии давлат қарор гирифтааст. Сарқонуни нав озодиҳо ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ӯзбекистонро назар ба пеш боло бурда, таъмини онро кафолат медиҳад. Шаъни инсон ва дахлнопазирии қадру қимати он, поймол нагардидани ҳуқуқи шаҳрвандон (моддаи 26) махсус ишора гардидааст. Ин аст, ки дар диёри мо нисбат ба баробарҳуқуқии зану мард эътибори калон дода шудааст. Ҳатто дар Сарқонуни мо низ ин ҳуқуқ сабт карда шудааст.
Хулоса, Конститутсияи мо ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, принсипҳои соҳибихтиёрии давлатӣ, эҳтироми шаъну шараф, некӯаҳволӣ ва манфиатҳои ҳар як инсон асос ёфтааст. Конститутсия ин рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо мебошад. Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Бояд ҳаминро таъкид кард, ки Конститутсияи нави Ӯзбекистон боиси ривоҷи босуръати ватани ҷоноҷонамон – Ӯзбекистон мегардад.
Манижа РАҲМАТУЛЛОЕВА,
донишҷӯи бахши тоҷикии факултаи педагогикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав.
Ҷамшед АБДУЛЛОЕВ,
устоди кафедраи таърих ва фалсафаи донишкада.