ОИЛА МАНБАИ АСОСИИ ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ-АХЛОҚӢ

Аз қадимулайём аҷдодони мо ба тарбияи оилавӣ эътибори ҷиддӣ медоданд, барои барпо намудани оилаи нав ва мустаҳкаму солим тамоми кӯшишу ғайрати худро сарф мекарданд.

Оила чист ва аз киҳо иборат аст? Дар Конститутсияи Ӯзбекистон дар боби 14, моддаи 63 оварда шудааст: «Оила як қисми ҷудонашавандаи ҷамъият буда, ҳуқуқи он аз тарафи давлат ва ҷамъият ҳимоя карда мешавад». «Никоҳ» чист? Никоҳ аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънои якҷояшавӣ, наздикшавӣ ва вобастагиро дорад. Никоҳ асоси оиларо ташкил намуда, бо розигӣ ва баробарҳуқуқии тарафҳо асоснок карда мешавад. Оила як ҷамоаи хурди иҷтимоӣ аст, ки дорои қонунҳои ба худ мувофиқ мебошад. Оилаҳо дар якҷоягӣ ҷамъият, давлат ва мамлакатро ташкил мекунанд. Дар Конститутсияи Ӯзбекистон мавқеи иҷтимоии оила, масъулияти падару модар дар назди фарзанд ва масъулияти фарзанд дар назди падару модар аниқ ва равшан нишон дода шудааст. Ба оила ва мустаҳкамии он, ба саломатии кӯдакон ва модарон аз тарафи раҳбарони давлат эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст, ки мо инро аз солҳои аввали мустақилият то кунун бараъло эҳсос мекунем. Чунончи, аз номгузории солҳо маълум мегардад, эътибори ҳукумат ва Президент ба масъалаи оила то ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Соли 1998 — «Соли оила», соли 1999 — «Соли занон», соли 2000 — «Соли авлоди баркамол», соли 2001 — «Соли модар ва кӯдак», соли 2012 — «Соли оилаи мустаҳкам», соли 2013 — «Соли ҳаёти обод» ва соли 2014 — «Соли кӯдаки солим» эълон карда шуда, оиди мустаҳкам намудани оила, саломатии занон, сиҳатмандии авлоди баркамол ва саломатии модарону кӯдакон дастурҳои давлатӣ қабул карда шуданд. Муносибат аз тарафи давлат ва ҳукуматамон оид ба мустаҳкам намудани оила, муҳофизати иҷтимоӣ, дар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ додан, васеъ намудани меъёрҳои ҳуқуқии оила ва дигар масъалаҳо чорабиниҳои амалӣ андешида шуданд, ки ин чорабиниҳо дар мамлакат барои барқарорӣ, осоиштагӣ, бехатарӣ, дӯстии байни миллатҳо, баробарҳуқуқӣ, фаровонии ҷамъият, тарбияи инсони комил, озодии динӣ, эътибор ба илму маърифат, ҳимоя ва таъмин намудани озодӣ ва манфиати шаҳрвандон хидмат менамояд. Бузургон фармудаанд, ки фарзанд дарахти умри инсон аст. Маълум аст, ки дарахт дар ибтидо навниҳол буда, баъдан бо талошу заҳмати боғбон бузург мешавад ва пурбор мегардад. Ҳамчунин фарзанд ҳам дар ибтидо тифл аст ва баъд навҷавону бузургу солор мешавад. Дарахт дар кадом вақт метавонад пурсамар шавад ва меваи ширин диҳад? Дар он вақте ки боғбони донишманду дилсӯз дошта бошад ва он боғбон сараввал барои дарахт замини хушхоку ҳосилхезро муҳайё намояд. Мову шумо хуб медонем, ки дар бӯстон чӣ мерӯяду дар биёбон чӣ? Он чӣ, ки дар бӯстон мерӯяд, ҳама гулу райҳон аст ва ҳар чӣ дар биёбон мерӯяд, хасу хор аст. Замини шӯра сунбул барнаёрад, Дар ӯ тухму амал зоеъ магардон. Бамаврид аст, ки ақидаи донишманди оламшумул Ҳербертро барои тақвияти ин гуфтаҳо биёварем: «Модар тамоми башариятро тарбият мекунад. Модари хуб аз сад устоду омӯзгор бартарӣ дорад». Комилан дуруст аст. Модар дар симои фарзандаш тамоми насли башариятро тарбия мекунад. Нахуст устоди фарзанд модар аст ва сирати модар дар фарзандонаш такрор меёбад. Фарзанд ҳар он чи дорад, з-оғӯши модар аст, Гар зишт бошаду ва агар некахтар аст. Хӯе, ки дар нахуст касеро ба сар нишаст, Ҳамвора ӯро то ба дами марг бар сар аст. Модари хушахлоқ барои фарзанд дунёи маънавӣ аст. Ин мазмуни онро дорад, ки ҳамеша барои бегазанду беолоиш тарбия ёфтани фарзандон падару модаронро зарур аст, ки фарзандонашонро ба устоди хушахлоқ бидиҳанд ва бо кӣ дӯст будани онҳоро назорат кунанд ва нагузоранд, ки бо инсонҳои бадкору бадахлоқ дӯстӣ кунанд. Саъдии Шерозӣ фармудааст: Нигаҳ дор з-омӯзгори бадаш, Ки бадбахту бераҳ кунад чун худаш. Бузургон гуфтаанд: Бидон, эй азизи ман, ки Аллоҳ туро агар писар ё духтаре диҳад, инро неъмати Худо барои худ дон, барои инсон аз ин бузургтар неъмате нест ва аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст. Дувум, ин ки нону хӯроки модараш ва кӯдакро аз пулу моли меҳнати ҳалол таъмин кун. Агар писар бошад, чун бузургтар шавад, ба устодаш бидеҳ, то илм биомӯзад ва салоҳдорию аспсаворӣ ва шиновариро омӯзонад. Агар духтар бошад, пеши модар бошад, то ҳунари дӯзандагӣ, пазандагӣ ёд диҳад, то калон шавад, баъд ба мактаб диҳад. Аз падари муҳаддиси бузург Имом ал-Бухорӣ — Ҳазрати Исмоил мепурсанд, ки «Чӣ тавр ин писари донишмандро тарбия намуда, ба воя расонидед?» Кӯтоҳакак ҷавоб медиҳад: «Ман ба хонаам ҳеҷ чизи шубҳанокро наовардаам ва ба фарзандҳоям нахӯрондаам». Дар баробари илму ҳунар бузургтарин мерос барои падар фарзанди боахлоқ аст. Фарзанди боахлоқро падару модар ва устод бояд тарбият кунанд. Дар тарбияи фарзанд сахтгир ва меҳрубон бош. Фарзандро ба дил дӯст дор, на бар забон. Саъдии Шерозӣ мегӯяд: Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой, Писарро хирадмандӣ омӯзу рой. Хирадмандӣ, парҳезгорӣ бидор, Агар дӯст дорӣ, ба нозаш мадор... Дар Конститутсияи Ӯзбекистон (боби 14, моддаи 64) таъкид карда шудааст: «Падару модарон вазифадоранд, ки фарзандони худро то ба воя расидан тарбия кунанд ва хӯронда пӯшонанд». Аллома Намир ибни Лайс мегӯяд: «Солеҳ ва қобил будани фарзанд ин бо тавфиқи Аллоҳ аст, аммо ба онҳо таълим додан ва илму адабро омӯзонидан ин кори падару модар аст». Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд: Ба айвони дабистон сабт дидам инчунин байте, Падар оқил набошад тифл бадомӯз мегардад. Падару модарон чи хеле ки ба тарбияи фарзандон вазифадоранд, фарзандон низ ба тарбия ва нигоҳубини падару модар вазифа ва масъулият доранд. Дар Конститутсия (боби 14, моддаи 66) оварда шудааст: «Фарзандон вақте ки ба воя расидаанд ва қобилияти меҳнат карданро доранд, маҷбуранд ба падару модар ғамхорӣ кунанд». Сурайё Самиева, устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз. Адиба Акрамова, муаллимаи мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: