Президенти навинтихоби Иёлати Муттаҳида фарқияти хароҷотҳои мудофиавии ИМА ва дигар аъзои Паймони Атлантикаи Шимолиро «ноодилона» номид.
"Онҳо бояд пардохтҳои худро иҷро кунанд. Агар ин иҷро нашавад, пас аз маросими савганд, муносибатҳои ИМА-ро бо НАТО дубора баррасӣ хоҳам кард," - таъкид намуд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи NBC News.
Сиёсатмадори амрикоӣ дар давоми муддати тӯлонӣ танқид менамояд, ки на ҳамаи кишварҳои узви НАТО мувофиқи шартномаҳои иттифоқи мудофиа ҳадди ақал 2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро ба хароҷоти мудофиа ҷудо мекунанд.
Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодӣ, дар байни кишварҳои НАТО, ба ҷуз ИМА, танҳо Полша ва Британияи Кабир аз соли 1990 инҷониб ҳар сол ба мудофиа бештар аз 2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиашонро сарф мекунанд. Дар Олмон норасоии сармоягузориҳои зарурӣ ба мудофиа тахминан 230 миллиард евро, дар Италия 120 миллиард евро ва дар Испания беш аз 80 миллиард евро ташкил медиҳад.
Начало формы
Конец формы