Кишоварзони вилояти Самарқанд иди касбӣ – Рӯзи ходимони хоҷагии қишлоқро бо комёбиҳои назаррас пешвоз гирифтанд. Суҳбати мо бо сардори шуъбаи хоҷагии қишлоқи вилоят Руслан Муродов дар бораи бурду бохти соҳаи мазкури вилоят қарор гирифт.
– Маълум аст, ки самти асосии хоҷагии қишлоқ – таъмини бехатарии озуқаворӣ мебошад, – гуфт Руслан Муродов. – Бинобар ҳамин барои ҳосили фаровони соли 2024-ум дар 33084 гектар майдон сабзавот, 1165 гектар маҳсулоти полиз ва 20 ҳазор гектар картошка кишт шуда, ба ивази ҳосили дилхоҳ дастархони пурнозу неъмати мардум таъмин гардид.
Пахтакорони вилоят дар 72 ҳазор гектар замин пунбадона кошта, дар асоси талаботи агротехникӣ парвариш намуданд. Дар натиҷа ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 38 сентнерӣ расид.
Беш аз 2200 хоҷагии фермерӣ дар 58 ҳазор гектар ниҳолҳои тезпаз ва ба бемориҳо тобовар парвариш карданд.
Дар натиҷа ҳосилнокӣ нисбат ба соли гузашта ба 1,8 сентнерӣ, ё ки 27 ҳазор тонна афзуд.
Чорвопарварӣ низ сол то сол ривоҷ меёбад. Ҳоло дар вилоят моли калони шохдор ба 1,7 миллион сар ва афзоиши соҳаи мазкур ба 102 фоиз расид. Дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ 326 ҳазор тонна гӯшт ва як миллиону 40 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
Дар соли ҷорӣ барои ривоҷу равнақи чорвопарварӣ ба арзиши 600 миллиарду 670 миллион сӯмина 82 лоиҳа амалӣ гардид.
То охири сол адади чорворо ба як миллиону 804 ҳазор сар расонидан ба нақша гирифта шудааст.
– Русланҷон, дар урфият мегӯянд, ки паррандапарварӣ яке аз ҳафт хазина аст.
– Ҳақ асту рост. Имрӯзҳо шумораи паррандагон дар вилоят ба 15,3 миллион сар расидааст, ки нисбати соли гузашта ба 107 фоиз афзуд. Истеҳсоли гӯшти парҳезӣ 166 ҳазор тонна ва тухм 1,3 миллиард донаро ташкил дод.
Воқеан паррандапарварӣ дар Самарқанд нисбат ба дигар вилоятҳои кишварамон бештару хубтар ривоҷу равнақ меёбад. Ҳоло дар Самарқанд 213-то хоҷагиҳои паррандапарварӣ мавҷуд ва шумораҳои онҳо хоҳад афзуд.
Инчунин дар вилояти мо 513-то хоҷагиҳои моҳипарварӣ арзи вуҷуд дошта, дар беш аз ҳазор гектар ҳавзҳои сунъӣ ва 2,3 ҳазор гектар табиӣ «луқмаи ҳалол» парвариш меёбанд. Аз обанборҳо дар мавсими имсола 17,9 тонна моҳӣ шикор карда, ба дастархони мардум гузоштем. Дар ин самт 29 лоиҳа, ки 19 миллиард сӯм арзиш дорад, амалӣ гардид ва дар натиҷа 185 ҷои корӣ пайдо шуд.
– Аҷиб, салоҳияти фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ чӣ гуна аст?
– Агар дар соли 2023-юм ба миқдори 174,2 миллион доллар меваю сабзавот ба кишварҳои хориҷӣ ирсол гардидааст, имсол ин рақам аз 335 миллион доллар афзуд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳоло дар вилоят 251 анборхонаҳои замонавӣ арзи вуҷуд дошта, беш аз 200 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки дар фасли зимистон зебу зиннат, яъне дастархони пурнозу неъмат гардад.
Дар Самарқанд 12-то ноҳияи пахтапарварӣ, 11-то ғаллапарварӣ, 12-то мева-сабзавотпарварӣ, 6-то картошкапарварӣ фаъолият доранд.
– Чанде пеш мо бо роҳбари хоҷагии фермерии ба номи Абдурауф Давронбобо, деҳқони соҳибтаҷриба Абдуғаффор Давронов ҳамсуҳбат шудем ва ӯ гуфт, ки дар кишоварзӣ ибораи «тӯқсонбостӣ», яъне кишту кори тирамоҳӣ низ мавҷуд буда, он асоси даромади фасли зимистон аст.
– Вай дуруст гуфтааст. Зеро дар тӯли 90 рӯз тухмии сабзавот дар фасли зимистон ривоҷу равнақ меёбад. Бинобар ҳамин мо дар фасли тирамоҳ ба 70 ҳазору 379 гектар майдон сабзавот кошт, дар фасли баҳор ба фурӯш бароварда, иқтисоди хешро мустаҳкам мекунем.
– Таманнои шумо ба ходимони хоҷагии қишлоқ?
– Сарвари давлатамон деҳқону боғбон, фермеру механизаторон, хуллас онҳоеро, ки бо истеҳсоли маводи озуқаворӣ машғул ҳастанд, бо Рӯзи ходимони хоҷагии қишлоқ табрик гуфт, ки мо низ ҳамоҳанг ҳастем.
Бигзор дар соли оянда низ обу ҳаво барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат намояд.
Суҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.