Маросими ба истифода супурдани меҳмонхонаи «OMORFI BUKHARA», ки дар кӯчаи Намозгоҳ маҳаллаи Турки ҷандии шаҳри Бухоро барпо шудааст, баргузор гардид.
Дар он масъулони идораи сайёҳии вилоят, вакилони ташкилотҳои мутасаддӣ ва ҷомеаи васеъ иштирок намуданд.
Дар меҳмонхона, ки меъмории милливу замонавиро дар худ муҷассам кардааст, акнун 10 нафар писарону духтарон ҷойи кори доимӣ меёбанд.
Дар ин меҳмонхона ҷамъ 14 хона (34 ҷой) мавҷуд мебошад.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.