ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛӢ – МАНБАИ ДАРОМАДИ ИЛОВАГӢ

Одамон замини наздиҳавлии худро на танҳо барои эҳтиёҷи оилаи худ, балки бо мақсади манбаи даромади иловагӣ истифода мебаранд.

Ин ҳам ба рӯзгор барака ва ҳам ба бозор барои даровардани маҳсулоти иловагӣ имконияти хуб аст.

Назокат Ӯрмоноваи учқӯрғонӣ низ аз замини наздиҳавлии худ босамар истифода мебарад. Дар 4 сотих гармхона қулуфнай ва дар 2 сотих бо усули «тӯқсонбостӣ» кабудиву резаворҳо парвариш мекунад ва бо чорво ва паррандапарварӣ низ машғул аст.

– Ҳар сол аз замин се маротиба ҳосил мегирем, даромад ҳам ба меҳнатамон хос, 90-100 млн. сӯм даромади соф мегирем, – мегӯяд Назокат. – Аъзои оилаамон ҳама ба ман кумакрасонанд. Зиёда аз 40 сар гӯсфанд ва парранда дорем. Аз бозор чизе  харид намекунем, чунки ҳамааш аз худаамон мебарояд. Маҳсулоти зиёдатиро дар бозор мефурӯшем. Дар рафти кор аз технологияи замонавӣ истифода мебарем. Ин барои сабук кардани корамон ва афзудани ҳаҷми маҳсулот кумак мерасонад. 

Дар ҳақиқат, истифода аз заминҳои наздиҳавлӣ на танҳо манбаи даромади иловагӣ, балки мардумро бо  шуғл, бозорро бо маҳсулоти арзони хӯрокворӣ таъмин мекунад.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: