Давоми се рӯзи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд муаллимони фаннӣ бо ҳаяҷони зиёд иштироки дастпарварони худро дар зинаи вилоятии озмунҳои фаннӣ муоина намуданд.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад
Кори муаллимӣ шабеҳи деҳқонист. Деҳқон бо умеди ҳосили фаровон меҳнат кунад, муаллим маҳсули меҳнати худро дар дониши шогирдонаш мебинад. Гузаронидани озмунҳои фаннӣ бошад, ба он заминаи мустаҳкам шуда метавонад. Давоми се рӯзи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд муаллимони фаннӣ бо ҳаяҷони зиёд иштироки дастпарварони худро дар зинаи вилоятии озмунҳои фаннӣ муоина намуданд. Озмун дар қатори дигар фанҳо аз забон ва адабиёти тоҷик низ ташкил гардид. Дар он аз ноҳияҳои Бекобод, Бӯстонлиқ, Бӯка, Паркент, Чиноз ва шаҳри Ангрен ҷамъ 46 нафар хонандагони синфҳои 9-11 ширкат намуданд. Озмун дар ду зина гузаронида шуд: тест ва эссе.
Ҷиҳати фарқкунандаи озмуни имсола аз солҳои дигар он буд, ки ба ҷойи иншо эссе нависонда шуд. Ин дар назари мо хеле хуб аст. Зеро ҳангоми навиштани эссе на танҳо қобилияти эҷодкорӣ, балки дараҷаи фикрронӣ ва савияи дониши хонанда боз аниқтару амиқтар муайян мегардад. Аз тарафи ташкилкунандагони озмун канал ташкил шуда, кори ҳар як хонанда пеш аз баҳогузорӣ он ҷо гузошта шуд, ки барои устодон хеле қулай буд.
Аз ҳама аҷибаш он шуд, ки имсол дар озмун ғолиби мутлақ шаҳри Ангрен гашт ва ин боиси фахри мост. Аз хонандагони синфи IX ҷойи аввал ба Сафина Тоҷиддинова бо 80 хол (муаллимаш Шаҳло Бобоҷонова, мактаби 17), ҷойи дуюм бо 79,1 хол ба Ойиша Шамсиддинова (муаллимаш Рухшона Абдуқодирова, мактаби 17) ва ҷойи сеюм бо 78 хол ба Муҳсина Абдулакимова (муаллимаш Фирӯза Марипова, мактаби 17) насиб гашт.
Байни хонандагони синфи Х дар зинаи аввали ғолибият бо 83 хол Маҳмуда Эргашбоева (муаллимаш Рухшона Абдуқодирова), дар зинаи дуюм бо 82 хол Ойшабону Усанова (муаллимаш Рухшона Абдуқодирова) ва дар зинаи сеюм бо 74 хол Гулчеҳра Қутбиддинова (муаллимаш Садаф Тошматова, мактаби 39) ҷой гирифтанд.
Байни хонандагони синфи IX ҳам се нафар: Парасту Абдуллоҷонова (шогирди Рухшона Абдуқодирова), Марҷона Асатуллоева (шогирди Шаҳло Бобоҷонова) ва Марҷона Асатуллоева (шогирди Садаф Тошматова) байрақи ғалабаро аз даст надоданд.
Ин се ғолибони номбурда шаъну шарафи мактаби худро акнун дар зинаи ҷумҳурӣ ҳимоя хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҷо бояд қайд кунам, ки хонандагони синфи XI мактаби 17 боз се нафар аз фанҳои забони давлатӣ ва англисӣ низ ба зинаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.
Албатта, ин ҳама ғалаба худ аз худ ба даст намеояд ва аз устодон меҳнату машаққати зиёде талаб мекунад. Баъди ба охир расидани озмун бошад, онҳоро вазифадор мекунад, ки тайёрии шогирдони худро ба дараҷаи баланд бардорад, то дар зинаи ҷумҳурӣ низ сарбаландона ширкат варзанд.
Ба хонандагони синфҳои IX ва X «офарин» гуфта, ба хонандагони синфи XI омад металабем.
Фирӯза Марипова,
омӯзгори тоифаи олии фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 17-уми шаҳри Ангрен.