Таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба баррасии натиҷаҳои кор дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2025 ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуд.
Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ аст. Дар пояи ин раванди конститутсионӣ низоми дастгирии иҷтимоӣ ва кӯмак ба аҳолӣ қаринтар мегардад. Дар тамоми минтақаҳо марказҳои «Инсон» кушода шудаанд, дар маҳаллаҳо бошад, 102 намуди хидмати иҷтимоӣ ҷорӣ гардидаанд. Кормандони иҷтимоӣ бевосита ба хонаҳо рафта, боз ба 95 ҳазор эҳтиёҷмандоне, ки пештар ба реестр ворид нашуда буданд, кумак расониданд. Ба 51 ҳазор нафар ногироӣ муқаррар карда шуд, 26 ҳазор нафар протезаҳо гирифтанд. 4 ҳазор пирони танҳо маълум гардида, парастории онҳо дар манзилашон ба роҳ монда шуд. 5 ҳазор нафар кӯдакони ногиро ба кӯдакистон ва мактабҳо фаро гирифта шуданд.
Ба шарофати чунин корҳои шоиста миқдори муроҷиатҳо ба қабулхонаҳои халқӣ ва ҳокимиятҳо бинобар масъалаҳои хидмати иҷтимоӣ ва кумакрасонӣ 35 фоиз коҳиш ёфтанд.
Се моҳ муқаддам 14 ҳазор роҳбарони дараҷаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба 75 ҳазор оилаҳои камтаъмин барои кори индивидуалӣ вобаста гардида буданд. Дар натиҷа 17 ҳазор нафар аз оилаҳои мазкур ба корҳои доимӣ пазируфта, даромади 14 ҳазор нафар аз ҳисоби соҳибкорӣ ва хоҷагиҳои шахсии ёрирасон зиёд гардид. 30 ҳазор нафар кӯдак бо кӯдакистонҳо, маҳфилҳо ва таълими касбӣ фаро гирифта, ба 45 ҳазор нафар эҳтиёҷманд кумакҳои тиббӣ расонида шуданд.
Вале дар баъзе маҳалҳо кор самарабахш ташкил карда нашудааст. Чунончи, 184 нафар роҳбарон аз хонаи оилаҳои камтаъмине, ки ба онҳо вобаста шуда буданд, боздид ба амал наовардаанд. Сатҳи бо шуғл фарогирии одамони маъюб ба ҳисоби миёна дар мамлакат ба 20 фоиз расид, вале дар ноҳияҳои Ҷалолқудуқ, Чимбой, Пастдарғам, Чортоқ ва Деҳнав ин нишондиҳанда хеле паст аст. Аз 598 иншооти иҷтимоие, ки ба барномаи сармоявии соли оянда дохил карда шудаанд, ягонтоаш барои одамони ногиро мувофиқу мутобиқ нестанд.
Дар ҷамъомад камбудиҳо баррасӣ ва чорабиниҳои минбаъда муҳокима гардиданд. Президент бобати таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ташаббусҳои навро пешбарӣ намуд.
Таъкид гардид, ки барои дар соли оянда аз нодорӣ раҳо кардани 1,2 миллион нафар бояд масъалаҳои таълим, омодасозии касбӣ, тиббӣ ва беҳтар сохтани шароити ҳаёт ҳаллу фасл карда шаванд.
Мисолҳои ҳаллу фасли бомуваффақияти онҳо ҳаст. Чунончи, дар ноҳияҳои Тайлоқ ва Косонсой марказҳои рушди ибтидоӣ кушода шудаанд, ки дар онҳо 4,2 ҳазор кӯдакони оилаҳои камтаъмин ва бачагони ногиро таълими томактабӣ гирифтанд. Ба ҳокимони вилоятҳо супориш дода шуд, ки ин таҷрибаро омӯзанд ва дар ҳар як ноҳия ҷорӣ намоянд.
Ғайр аз ин, соли оянда дар ҳазор оилаи дараҷаи нодориаш баланд кӯдакистонҳои оилавӣ ба кор оғоз мекунанд. Аз соли нав 15 фоизи ҷойҳо дар чунин кӯдакистонҳо барои кӯдакони оилаҳои камтаъмин ҷудо гардида, як қисми пардохти кӯдакистон супорида мешавад.
Барои таълим додани бачагон аз оилаҳои камтаъмин имкониятҳои иловагӣ фароҳам мегарданд. 118 нафар ҷавонон забонҳои хориҷӣ, IT ва навгониҳои касбиро меомӯзанд. То 80 фоизи харҷҳои волидайн барои ин маҳфилҳо аз буҷа пардохта хоҳад шуд. Соли 2025-ум 3,5 ҳазор чунин ҷавонон ба мактабҳои олӣ дар пояи грант дохил мегарданд.
Ба 23 ҳазор нафар аз оилаҳои камтаъмин, ки мустақилона ҳаракат карда наметавонанд, падару модарон, ҳамсарон ё худ фарзандонашон нигоҳубин мекунанд. Аз моҳи январи соли 2025-ум барои 19 ҳазор нафари онҳо парасторӣ дар хона, барои 4 ҳазор нафари дигар бошад, нигоҳубини рӯзона ташкил карда хоҳад шуд. Ин имкон медиҳад, ки 15 ҳазор нафаре, ки пештар ба онҳо нигоҳубин мекарданд, бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд. Давлат 80 фоизи хароҷоти сектори хусусиро, ки барои хидматҳои парасторӣ пешниҳод мешаванд, сарпур месозад. Ин ташаббус нахуст дар шаҳри Тошканд, то охири сол бошад, дар тамоми вилоятҳо татбиқ карда мешавад.
460 нафар аз ҷумлаи оилаҳои камтаъмин ба кумакҳои тиббӣ, 6 ҳазор оила ба беҳтар кардани шароити манзил эҳтиёҷ доранд. Соли оянда ба фонди суғуртаи тиббӣ барилова 185 миллиард сӯм барои пардохти ҷарроҳиҳо нисбати ниёзмандон ҷудо карда хоҳад шуд. Маблағҳо аз «дафтарҳои иҷтимоӣ» танҳо барои беҳтар кардани шароити манзили оилаҳои камтаъмин ва зиёд кардани даромади онҳо сарф мегарданд.
Ҳоли ҳозир барои гирифтани хидматҳои иҷтимоӣ ва кумакҳо ба шаҳрвандон зарур меояд, ки беш аз 10 ҳуҷҷати гуногунро пешниҳод кунанд. Минбаъд ҳамаи онҳо ба картаи ягонаи иҷтимоӣ иваз карда мешаванд. Бо кумаки карта метавон аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода бурд, ҳамчунин барои пардохти энергияи барқ, газ ва таълим кумакпулӣ гирифт. Кумакпулӣ ва ёрдамҳои иҷтимоӣ низ ба картаи мазкур меафтанд. Ин низом дар Тошканд ва ноҳияи Янгийӯл то 1 июл аз санҷиш гузашта, сипас дар ҳама ҷо ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Дар машварат ҳамчунин масъалаҳои дастгирӣ намудани шахсони имконияташон маҳдуд баррасӣ шуданд. Дараҷаи истифодаи он дар 33 ноҳия хеле паст мебошад. Супориш дода шуд, ки дар ҳар як беморхонаи вилоятӣ ва ноҳиявӣ хидматҳои реабилитатсионӣ ташкил карда шаванд. Бо маблағ таъмин кардани хидматҳои эрготерапия, физиотерапия ва гимнастикаи табобатӣ дар 12 маркази реабилитатсионӣ 5 карат зиёд карда хоҳад шуд. Соли оянда ба рӯйхат илова кардани боз 7 намуди маблағ ба нақша гирифта шудааст, ки талаботи 80 ҳазор нафарро таъмин мекунад.
Ба шарофати имкониятҳои фароҳамгардида соли равон соҳибкорон 40 ҳазор нафар шахсони маъюбро бо кор таъмин карданд. Аз моҳи январ барои чунин корхонаҳо миқдори андози иҷтимоӣ 1 фоизро ташкил хоҳад кард. Ҳамчунин ба корхонаҳо имконияти то ба 50 миллион сӯм барои хидмати сурдотарҷумонҳо, рӯҳшиносон ва роҳбалади кормандони нобино ҷудо кардани субсидия пешниҳод карда мешавад. Оҷонсиҳои хусусии шуғл, ки шахсони маъюбро таълим медиҳанд ва бо кор таъмин мекунанд, метавонанд то ба 500 миллион сӯм грант гиранд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои дигаре, ки бо татбиқ намудани чораҳои пешбинишуда алоқаманд мебошанд, баррасӣ гардида, пешниҳоди мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ шунида шуданд.