ЗИНАИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар шаҳри Навоӣ зинаи вилоятии озмун аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар зинаи вилоятии озмун толибилмони синфҳои 9-10 ва хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ, ки дар зинаҳои поёнии озмун ғолиб омадаанд, иштирок карданд. Байни довталабони хонандагони синфҳои 9 ва 10-ум толибилмони мактаби шумораи 43 дониш ва фаъолияти хуб нишон доданд. Байни довталабони синфи нӯҳум се нафар толибилми мактаби шумораи 43  Азиза Низомова ҷойи аввал, Шарофат Ҳакимова ҷойи дувум ва ҷойи савумро Фарзона Халилова ( ҳар се нафарро омӯзгор Ш. Сайфуллоев) сазовор гардид.

Байни довталабони синфи даҳум бошад, Ганҷина Ҷумъаева ҷойи аввал ва Наврӯз Қурбонбоев ҷойи дувум (ҳар ду аз мактаби шумораи 43, омӯзгор Э. Рӯзиев) ва Шодигул Бекова (омӯзгор Ф. Йӯлдошев) аз мактаби 49 ҷойи савумро ишғол намуданд.

Баҳсу талош байни хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ шиддатнок гузашт. Ҳайати доварон ҷойи аввалро ба хатмкунандаи мактаби шумораи 30 Ҳулкар Расулова (омӯзгор Ҳ. Рӯзиев) насиб диданд, ки ба зинаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт. Ба ҷойҳои дувум ва савум мутобиқан хатмкунандагони мактабҳои шумораи 38 ва 49 Шоҳрух Саломатуллоев (омӯзгор И. Артиқов) ва Умеда Додоева (омӯзгор Ф. Йӯлдошев) сазовор гардиданд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: