«Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб сар мешавад!» Таҳти чунин ғояи накӯ, ки аз тарафи Сарвари давлат пешбарӣ шудааст, дар соҳаи таълим ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегардад. Дар ин раванд ба масъалаи фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ низ эътибори алоҳида медиҳанд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Президент Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ дар ҷамъомади Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бахшида ба ин масъала, яъне баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи ҷавонони ҳамаҷониба комил таваҷҷуҳ намуд.
«Дар солҳои оянда Ҳукумат вазифадор аст, ки сатҳи фарогирии кӯдакистонҳоро то 80 фоиз ва муассисаҳои таълими олиро ҳадди ақал то 50 фоиз расонад. Бо истифода аз 61 миллион доллари ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар соли 2025 сохтмони 252 кӯдакистони нав ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, 174 кӯдакистон ва 379 мактаб таъмир ва аз нав сохта мешаванд. Барои ин мақсадҳо 4 триллион сӯм аз буҷет ҷудо мешавад», гуфт Сарвари давлат, ки аз ғамхорӣ ва эътибори махсуси ҳукумат ба соҳаи маориф далолат медиҳад.
Воқеан, мактаб манбаи асосии дониш ва таҷриба мебошад, ки маҳз дар ин даргоҳи муқаддас бунёдгузорони Ӯзбекистони Нав ба камол мерасанд. Марҳилаи аввалини таълиму тарбия бошад, аз кӯдакистонҳо оғоз меёбад. Аз ин рӯ, масъалаи бунёди боғчаҳои замонавӣ, муҳайё кардани шароити зарурӣ дар онҳо ва афзунсозии фарогирии хурдсолон бо таълими томактабӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад.
Ин буд, ки мо аз рӯйи чанд масъалаи марбут ба таълими томактабӣ ба Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бо чунин мазмун хат фиристодем: «Имрӯз дар мамлакати мо бо мақсади такмил додани системаи таълими томактабӣ, ки бахши муҳими низоми таълими пайвастаи умумӣ мебошад, инчунин, васеъсозии шабакаи муассисаҳои таълими томактабӣ, таъмини онҳо бо кадрҳои ботаҷриба, роҳандозии барнома ва технологияҳои муосир дар раванди таълиму тарбия, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдакон мусоидат мекунанд, ба куллӣ баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо ба мактаб як қатор корҳо амалӣ мегарданд.
Барои донишандӯзӣ, рушди зеҳнӣ, маънавӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии бачагон баробари маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ, забони таълим низ аҳамияти калон дорад.
Тавре маълум аст, ҳоло дар мактабҳои ҳамагонии мамлакатамон раванди таълим бо 7 забон амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, ба мо аз минтақаҳои гуногуни мамлакатамон вобаста ба системаи таълими томактабӣ, раванди таълим ва аз рӯйи масъалаҳои дигар муроҷиатҳо дастрас мегарданд. Мо ин муроҷиатҳоро умумӣ карда, аз Шумо оид ба масъалаҳои зерин, дар асоси мисолҳо (маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ, ки тақдим шудаанд, ном ва адади онҳо) мехоҳем маълумоти пурра диҳед:
1. Дар ташкилотҳои таълими томактабии қаламрави ҷумҳурӣ раванди таълим ва тарбия бо кадом забонҳо амалӣ мегардад?
2. Дар бораи ташкилотҳои таълими томактабии мамлакат, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият пеш мебаранд, маълумот диҳед...
3. Дар ташкилотҳои таълими томактабие, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият доранд, чӣ қадар кӯдакон фаро гирифта шудаанд (аз рӯйи забонҳо ва теъдоди кӯдакони фарогирифта)?
4. Забони таълим ва тарбияи ташкилотҳои таълими томактабӣ дар асоси кадом меъёрҳо муқаррар мегардад?
5. То ҳол бобати бо маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ (дар забони модарии онҳо) таъмин кардани ташкилотҳои таълими томактабии мамлакат, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият пеш мебаранд, чӣ гуна корҳо амалӣ гардиданд?»
Ба ин хати мо аз номи ҷонишини вазири Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Ф.Боқиев ҷавоб омад.
Дар иловаи хат чун ҷавоб ба се саволи аввал таъкид гардидааст, ки дар мамлакат 38233 ташкилоти таълими томактабӣ (6891 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ ва 31342 кӯдакистони ғайридавлатӣ) фаъолият дорад ва дар онҳо 2289900 нафар кӯдакони синни томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин кӯдакистонҳо ҷараёни таълим ва тарбия бо ӯзбекӣ, русӣ, қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо роҳандозӣ шуда, дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ – 2130207 нафар, қароқалпоқӣ – 6258 нафар, тоҷикӣ – 249 нафар, қазоқӣ – 177 нафар, қирғизӣ – 116 нафар ва дар гурӯҳҳое, ки таълим бо дигар забонҳост 16433 нафар фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи маълумоти вазорат дар ташкилотҳои таълими томактабии Қароқалпоқистон 80560 нафар дар гурӯҳҳои қароқалпоқӣ, 131 нафар қазоқӣ ва 56 нафар қирғизӣ, инчунин, дар вилояти Самарқанд 46 нафар бо қазоқӣ ва дар кӯдакистонҳои вилояти Навоӣ 60 нафар дар гурӯҳҳои забони қирғизӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ташкилотҳои таълими томактабии вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Самарқанд ва Сурхондарё мутаносибан 140, 30, 42 ва 37 нафар кӯдакон дар гурӯҳҳои тоҷикӣ таълиму тарбия мегиранд.
Дар ҳамин маврид мехостем маълумоти дигареро баён кунем. Аз рӯйи маълумоте, ки аз ин ду сол муқаддам, дақиқтараш, 18 октябри соли 2022 ҷонишини вазири вақти Вазорати таълими томактабӣ У.Бегимкулов (ҳоло фаъолияти ин вазорат қатъ гардида, ташкилотҳои сохтори ташкилии он дар ихтиёри Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ аст) роҷеъ ба забони таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо, ташкилотҳои таълими томактабие, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият доранд ва фарогирии кӯдакон дар онҳо тақдим кардааст ва мо дар даст дорем, чунин маълумот дарҷ гардидааст: «Дар мамлакат ташкилоти таълими томактабии алоҳида, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият мебарад, вуҷуд надорад. Дар кӯдакистонҳо танҳо гурӯҳҳо мавҷуданд, ки дар онҳо раванди таълиму тарбия бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, 2459 гурӯҳ бо забони қароқалпоқӣ амал карда, дар онҳо 59709 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар ҷумҳурӣ дар 12 гурӯҳ 338 нафар бо забони тоҷикӣ ва дар 107 гурӯҳ 2337 нафар кӯдакон бо забони қазоқӣ таълиму тарбия мегиранд. Гурӯҳҳо бо забонҳои қирғизӣ ва туркманӣ вуҷуд надоранд».
Нуктаи дигаре, ки дар ин маълумот таваҷҷуҳи моро ҷалб кард, теъдоди гурӯҳҳо бо забонҳои бародарӣ ва шумораи бачагони онҳо буд. Мувофиқи маълумоти қаблӣ дар вилояти Ҷиззах 180 нафар (6 гурӯҳ), дар вилояти Сурхондарё 138 нафар (5 гурӯҳ) ва дар вилояти Сирдарё 20 нафар (1 гурӯҳ) кӯдакон дар гурӯҳҳои тоҷикӣ фаро гирифта шудаанд. 1075 нафар бачагон дар кӯдакистонҳои Қароқалпоқистон (49 гурӯҳ), 141 нафар дар вилояти Бухоро (8 гурӯҳ) ва 1121 нафар дар ташкилотҳои таълими томактабии вилояти Навоӣ (50 гурӯҳ) бо забони қазоқӣ таълиму тарбия мегиранд.
Вақте ин маълумотҳоро, ки масъулон дар солҳои 2022 ва 2024 пешниҳод карданд, муқоиса мекунем, номутаносибие ошкор мешавад. Яъне бино ба ҳолати 18 октябри соли 2022 дар Навоӣ дар 50 гурӯҳи ташкилотҳои таълими томактабии вилоят 1121 нафар кӯдакон бо забони қазоқӣ таълиму тарбия мегирифтанд. Аммо бубинед, ки тибқи ҳолати 25 ноябри соли 2024 дар вилояти Навоӣ ягон гурӯҳи қазоқӣ вуҷуд надорад. Ё мисоли дигар: ду сол қабл дар Бухоро ягон гурӯҳи тоҷикӣ амал намекард, аммо ҳоло ҷонишини вазир Ф.Боқиев маълумот медиҳад, ки дар кӯдакистонҳои ин вилоят 140 нафар бо забони тоҷикӣ таълиму тарбия мегиранд.
Ин рақамҳо ва номутаносибии маълумотҳо моро дудила кард ва барои мушаххас кардани онҳо ба садоратҳои таълими томактабӣ ва мактабии вилоятҳо муроҷиат кардем, ки дар ин бора баъдан маълумот хоҳем дод.
Бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик».