ТАЪСИРИ ПСИХОЛОГИИ ПИРОТЕХНИКА БА САЛОМАТӢ

Вақте таъсири маводи тарфгариро ба психология, ҳолати эмотсионалӣ, саломатии ҷисмонии инсон таҳлил мекунем, аён мегардад, ки воситаҳои пиротехникӣ на танҳо боиси барҳам задани оромии шаҳрвандон, балки сабабгори гирифтории инсонҳо ба бемориҳои гуногун мегарданд.

Доимо дар ҷашну чорабиниҳо, бахусус, бо фаро расидани Соли нави милодӣ садои маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар кӯчаву хиёбонҳо бештар шунида мешавад. Вазифаи асосии чунин мавод ҷалби таваҷҷуҳ, баланд бардоштани рӯҳия ва эҷоди таассуроти эмотсионалӣ мебошад. Маводи тарфгарӣ тавассути рӯшноӣ ва садои худ ба эҳсосоти инсон таъсир мерасонад ва ин метавонад ба натиҷаҳои мусбӣ ё манфии равонӣ бирасонад.

Вақте таъсири маводи тарфгариро ба психология, ҳолати эмотсионалӣ, саломатии ҷисмонии инсон таҳлил мекунем, аён мегардад, ки воситаҳои пиротехникӣ на танҳо боиси барҳам задани оромии шаҳрвандон, балки сабабгори гирифтории инсонҳо ба бемориҳои гуногун мегарданд.

Дуруст, ки маводи тарфгарӣ тавассути нури дурахшон, садо ва рангу ҷилоҳои худ ба ҳолати эмотсионалии одамон таъсир расонда, кайфиятро болида месозанд, ба онҳо шодмонии ғайричашмдошт, ҳайрат ва хушбахтӣ мебахшанд. Аммо таркиши онҳо хавфу хатареро низ ба вуҷуд меоварад, ки ба саломатӣ таъсири манфӣ доранд. Садои ногаҳонию баланди маводи тарфгарӣ метавонад боиси осеб дидани садопардаҳои гӯш, баландшавии фишори хун, хастагӣ, стресс, бехобӣ, тарсу ваҳм, баландшавии сатҳи холестерин ва ҳатто тез-тез задани дил гардад. Чунин таъсирот бештар дар одамони миёнсол ва пиронсол, кӯдакон ва махсусан нафароне, ки аз асабоният ё психотравма азоб мекашанд, мушоҳида мешавад. Тадқиқотҳои равоншиносӣ нишон медиҳанд, ки чунин садоҳо, махсусан таркишҳо, дар баъзе одамон аксуламалҳои осебпазирро ба вуҷуд меоранд.

Бояд гуфт, ки дар таркиби маводи тарфгарӣ нитрати калий, перхлорати калий, хокаи ангиштсанг, сулфур, алюминий, оҳан, сурма, барий, магний, стронсий, қурғошим ва хром мавҷуд аст. Ҳангоми ба кор даровардани он сулфур (олтингӯгирд) ва хокаи ангиштсанг оташ гирифта, бо таъсири туршсозанда металлҳои ранга ҷило медиҳанд.

Дар натиҷа, ба фазои атроф дуди заҳрноки оксиди нитроген, оксиди сулфур, оксиди металл, микрозаррачаҳо ва пайвастагиҳои органикии нимсӯхта паҳн мешаванд. Бо таъсири чунин дудҳои заҳрнок бемориҳои роҳи нафас, шуш ва дил авҷ мегиранд.

Инчунин, дуди маводи тарфгарӣ вазнин буда, муддати  дароз дар фазо муаллақ мемонад. Нафаскашӣ аз он ба одамону ҳайвонот ва паррандаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Баъди таҳшин шудани пасмондаи дуди маводи тарфгарӣ заҳри онҳо ба хок ва об низ мерасад.

Дар натиҷа, бо таъсири заҳри металлҳои вазнин ба ашхоси дар ҳудуди таркиши маводи тарфгарӣ қарордошта дилбеҳузурӣ, диққи нафас (астма), бемориҳои гурда, намудҳои гуногуни саратон таҳдид мекунад.

Ғайр аз ин, маводи тарфгарӣ ба кӯдакон низ таъсири психологӣ дорад. Аксар бачаҳо оташак, садо ва ҷилою рангҳои чунин воситаҳоро бо шавқу ҳаваси зиёд қабул мекунанд. Бо вуҷуди ин, садои баланд ва паҳншавии ғайрисистемавии онҳо метавонад боиси тарсу ҳарос, андӯҳи шадид ва стресс дар баъзе кӯдакон гардад. Агар чораҳои бехатарӣ риоя нашаванд, дар наврасон бо эҳтимоли калон бемориҳои доимии психосоматикӣ, вайроншавии хоб ва изтироб мушоҳида мешавад.

Илова бар ин, истифодаи маводи тарфгарӣ ба муносибати онҳо бо ашхоси дигар низ таъсир мерасонад. Яъне агар кӯдак таркиши воситаҳои пиротехникиро хурсандона қабул кунад ӯ метавонад аз садои он шод шавад, лаззат бибарад ва дар ҷашнҳо бо кайфияти болида иштирок намояд. Аммо агар бача аз оташбозӣ битарсад, ин мумкин аст, ки ба ҷомеашиносӣ ва кайфияти онҳо таъсири манфӣ расонад.

Истифодаи маводи тарфгарӣ дар ҷашнҳо ва рӯйдодҳои муҳим таъсири иҷтимоӣ низ дорад. Онҳо одамонро ба истироҳат ва ҳамҷиҳатӣ водор мекунанд, ҳамзамон ба ҳамбастагӣ ва муносибатҳои иҷтимоии онҳо таъсир мерасонанд. Худ одатан, воситаҳои пиротехникӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи одамон ва як гурӯҳи иҷтимоӣ истифода мешавад. Аммо ба таври ғайричашмдошт ё бидуни чораҳои бехатарӣ истифода намудани онҳо метавонад боиси изтироб ва ноумедии баъзе одамон гардад ва дар муносибатҳо мушкилотро ба миён оварад.

Хулоса, маводи тарфгарӣ тавассути чанд омил ба ҳаёти инсон таъсири мусбӣ ё манфии равонӣ расонида, аз хоҳиши шахс, синну сол, ҳолати рӯҳӣ ва муҳити иҷтимоӣ вобаста аст. Риояи чораҳои эҳтиётӣ ва бехатарӣ ҳангоми истифодаи воситаҳои пиротехникӣ бошад, барои камтар намудани таъсири манфии онҳо ва эҷоди таассуроти мусбӣ мусоидат мекунад.

Розия НАМОЗОВА,

омӯзгори кафедраи психологияи Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: