Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари таълимӣ-амалии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони бахшҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оғоз гардид.
Дар он нутқи Сарвари давлат 18-20-уми ноябри соли равон дар Сенати Олий Маҷлис ва Палатаи қонунгузорӣ, инчунин вазифаҳои эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Семинарро Сарвазир Абдулло Арипов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар чорабинӣ раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева, мушовири Президент Ғафурҷон Мирзоев, вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, раиси Кумитаи туризм Умед Шодиев, кормандони Вазорати экология, кумитаи туризм ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Дар семинар таҷрибаи пешқадам доир ба ҳифзи гуногунии биологӣ, фаъолияти ҳудудҳои табиии ҳифзшаванда, рушди экотуризм ва ташкили марказҳои замонавии фароғатӣ табодули назар сурат гирифт. Дар робита ба он як қатор маърӯзаҳо ва тавсияҳои зарурӣ ироа шуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои таҷдиди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷорӣ намудани хидматрасониҳои нави замонавӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилояти Тошканд ба ноҳияи Бӯстонлиқ ташриф оварданд. Қайди он нукта низ ҷоиз аст, ки мустаҳкам намудани рақобатнокии сайёҳии кишварамон дар бозори ҷаҳонӣ, рушди экотуризм, этнотуризм, туризми экстремалӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои мардуми маҳаллӣ пурра мусоидат хоҳанд кард.
Ҳаёт ҲАМРОЕВ,
корманди бахши матбуоти Кумитаи туризми ҷумҳурӣ.