АФЗАЛИЯТИ СУҒУРТАИ ТИББӢ ДАР ЧИСТ?

Бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар соҳаи нигаҳдории тандурустии аҳолии ҷумҳурӣ боз як иқдоми нек – суғуртаи тиббӣ ҷорӣ шуд, ки аз 1-уми январи соли 2025 дар вилояти Самарқанд низ амалӣ мешавад.

Ин намуди ҳифзи саломатии инсон дар вилояти Сирдарё дар тӯли се сол аз таҷриба гузашт.

Суғуртаи тиббӣ чист ва чӣ гуна афзалият дорад?

Бояд гуфт, ки суғуртаи тиббӣ дар кишварҳои хориҷӣ маъмул буда, дар Ӯзбекистони Нав акнун доман паҳн мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки тани гарм бе дард намешавад. Бинобар ин мо ба маслиҳату назорати шифокор муҳтоҷ ҳастем.

Афзалиятҳои суғуртаи тиббӣ дар он аст, ки кас дар тамоми қаламрави Ӯзбекистон кафолату ҳуқуқи бепул табобат ёфтан дорад. Барои он дар поликлиникаи оилавӣ музди муайяне супурда, аз табиби шахсӣ роҳхат гирифта, дар шифохонаи давлатии дилхоҳ ба ташхису табобат имконият пайдо мекунад.

Боиси хушнудист, ки шахсони ногиро, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, чернобилчиён, шахсони ордену унвон дошта ба тарзи имтиёзнок соҳиби суғуртаи тиббӣ хоҳанд шуд.

Поликлиникаи оилавии мо дар шоҳроҳи Спитамен ҷойгир буда, ба панҷ маҳаллаи гирду атрофи худ – Ватанпарвар, Ҳунарманд, Ҳазора, Дӯстлик ва Боғисаро хидмат мерасонад. Беш аз 30 нафар шифокорон ва қариб 80 нафар ҳамшираҳои шафқат дар атрофи беморону корафтодагон парвона.

Беҳзод Ботуров,

сартабиби поликлиникаи оилавии рақами 9-уми шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: