Дар деҳаи Хаймари Болои ноҳияи Самарқанд ба муносибати 80-умин солгарди шоири ширинкалом, омӯзгори собиқ Донишкадаи педагогии ба номи Садриддин Айнӣ, сарбози байналмилал Хуршед Қамар анҷумани фарҳангӣ баргузор шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ дар маркази маҳалла ба зери муҷассамаи шаҳиди диёри афғон гулҳои тару тоза гузоштанд.
Сипас дар толори таълимгоҳи рақами 12-уми зодгоҳи ӯ тадбири асосӣ ба вуқӯъ пайваст.
Раиси Шӯрои нурониёни маҳалла Раҳмонқул Облоқулов ба анҷуман ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар чорабинӣ устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қа-марзода, раиси Шӯрои вилоятии Иттиҳодияи маълӯлон ва ҷангчӣ-фахриёни «VETERAN»-и Ӯзбекистон Эркин Мавлонӣ, шоир Нормурод Каримзода ва дигарон ба сухан баромада, ёди неки ҷанговари байналмилал, шоири ширинкалом Хуршед Қамар намуда, таклиф карданд, ки кӯчаи Хаймари Боло дубора номи ӯро гирад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.