Хуршед пас аз сайри оламгир оҳиста-оҳиста ба сӯйи шаббоши худ мерафт.
Вай ҳоло аз паси шонаҳои баланди кӯҳсорон анвори худро ба замини рӯзирасон ва кулли мавҷудот бедареғ мебахшид. Ин манзараи дилфиребро мушоҳида намуда, ба фикр фурӯ меравам: «Аҷаб саховате дорад Офтоби оламтоб. Яздони пок вайро тавре офаридааст, ки ба ҳама яксон нуру гармӣ мебахшад. Ҳар махлуқе, ки дар рӯйи замин ҳаст, аз анвори ҷонбахши ӯ бархурдор мегардад.
Ман аз Хуршед чашм намеканам. Вай аз ман дида барнамедорад. Ман аз ҷамоли вай сер намешавам. Аммо мудом рафтори ин офаридаи Худоро ба тарозуи таҳқиқ андохта, дар шигифт мемонам.
«Мо – одамон чаро наметавонем аз Хуршед омӯзем?» – фикр мекунам ва дар ҳоле, ки саропоямро як ҳисси маъюсӣ фаро мегирад, дубора ба ҷамоли нуронии вай менигарам, ки ҳамон беминнат ба сӯйи мо анвори ҷонбахши худро ҳадя месозад.
Офтоб ба сайри доимии худ идома медиҳад ва ман медонам, ки чанде пас рӯйи худро аз мо пинҳон мекунад ва олам дар иҳотаи як зулмоти дилгиркунанда мемонад. Оё дубора ҷамоли нуронии Хуршедро мебинем? Посухи ин суолро касе намедонад, ба ҷуз Халлоқи олам! Чаро мо ба дарки ҳамин ҳақиқати сода расидаву аъмоли худро бознигарӣ намекунем?
«Чаро вай ҳар рӯз пас аз атову бахшишҳои беминнат моро танҳо гузоштаву ба шабистони худ меравад?» – дубора аз дил мегузаронам. – «Шояд моро барои он танҳо мегузорад, ки замоне аз аъмоли рӯзмарраи худ биандешем».
Вай мунтазир аст, то мо – фарзандони Одам ба дарки як маънӣ бирасем: «Якрӯ будан, дасти сахо боз нигаҳ доштан, ширинсухану чарбзабон будан, ба ҳам табассум нисор намудан, ба қадри якдигар расиданҳо...»
Офтоб фардо сари субҳ боз чашм мекушояду аз як гӯшаи олам то канори дигараш сайр мекунад ва мебинад, ки инсонҳо ҳанӯз тағйир наёфтаанд, аз ӯ дарси ибрат нагирифтаанд.
Одамизод! Кай ҳушёр мешавӣ, кай аз хоби гарон мехезӣ? Бингар, ки Офтоб чӣ гуфтан мехоҳад? Каме бошад ҳам самимияте дошта бошем. Ба қалби дӯст нохун назанем ва хуншор насозем. Дилозориро аз гуноҳҳои бузург медонад, аммо мо бо суханҳои дурушту подарҳаво хотири ҳамдигарро ошуфта мекунем. Наход дар амал татбиқ намудани хислатҳои неки инсонӣ кори душворе бошад? Кинатӯзӣ амали шайтон аст!
Хуршед ҳамон ба гардиши азалии худ идома медиҳад. Ҳама оламро ба як чашм дида, ҳар чӣ дар кулбори худ дорад, бебаркаш нисор мекунад.
Офтобвор бояд зист!
Маҳзура Халилова,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.