БУЗУРГДОШТИ ПРОФЕССОРИ ФОЛКЛОРШИНОС

Дар мактаби миёнаи рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд тақдимоти китоби «Афсонаҳо ва латифаҳои тоҷикӣ»-и доктори фанҳои филологӣ, профессор, шодравон Саъдӣ Маҳдӣ (1932-2005) баргузор гардид.

Бо ҳамин муносибат дар толори таълимгоҳ хешу пайвандони муаллиф, аҳли фарҳангу адаб, фаъолони маҳалла, вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ҷамъ омаданд.

Доктори фанҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев хотироти хешро доир ба дӯсти наздикаш нақл намуд.

– Раҳматӣ Саъдӣ Маҳдӣ одаме буд, ки давраро гул мекунонд, – иброз дошт нотиқ, – касе, ки дар суҳбати ӯ менишаст, орзу мекард, ки бо ин инсони донишманду аҳли завқу шавқ, устоди ҳазлу шӯхӣ бори дигар нишинад. Забони ширину дилкаш дошта, суруду таронаҳои аҷиби мардумӣ мехонд. Вай чун Холиқ Мирзозода, Раззоқ Ғаффоров барои ривоҷу равнақи забони модарӣ саҳми арзанда гузошт.

Дар поёни тадбир хонандагони таълимгоҳ аз рӯйи латифаҳои китоби Саъдӣ Маҳдӣ намоиши саҳнавии ҷолиби диққатро гузоштанд.

Як қисми асарҳои шодравон Саъдӣ Маҳдӣ ба китобхонаи мактаб тақдим гардид.

Баҳодури ЗОҲИР.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: