Бишкек, 10 декабр. АИ «Дунё». Дар сомонаи хонаи табъу нашри «Вечерний Бишкек» таҳти сарлавҳаи «Рақамикунонии хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон рақобатбардории соҳаро зиёд мекунад» мақолае чоп шуд.
Дар мақола хабар дода мешавад, ки Ӯзбекистон давлати миқдори аҳолиаш мунтазам афзоянда ва талаботаш ба маҳсулоти кишоварзӣ рӯзафзун ба шумор меравад.
Қайд мегардад, ки мувофиқи маълумоти оморӣ то 1 октябри соли 2024-ум аҳолии доимии мамлакат 37,3 миллион нафарро ташкил додааст.
«Барои рӯёндани маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз байн бурдани камбудиҳое, ки дар тамоми давраҳо – аз тайёр кардани замин ба кишт то расонда додани ҳосил ба нуқтаҳои коркард, сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ва таъмин кардани шаффофият дар соҳа ба миён меоянд, аҳамияти бузург дорад. Ба ин танҳо аз тариқи куллан рақамикунонии сектори аграрӣ муваффақ шудан имконпазир аст», – менависад муаллифи мақола, вазири хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов.
Дар мақола таъкид мегардад, ки ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ эътибори махсус дода мешавад. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулгардида рушди низомҳои қаробати иттилоотиву геоиттилоотӣ дар самтҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ, ҳамчунин ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва қарорҳои барномавӣ дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот вусъат пайдо мекунанд.
«Барои татбиқсозии ислоҳоти мазкур, пеш аз ҳама, фаъолияти самарабахши шуъба ва созмонҳои сохторӣ, ки барои рақамикунонӣ дар вазорат, кумита, оҷонсиҳо ва мақомоти дигари давлатии соҳаи хоҷагии қишлоқ масъул мебошанд, ба роҳ монда шуданд», – қайд мешавад дар матолиб.
Муаллиф таъкид менамояд, ки бинобар қарори Президенти Ӯзбекистон аз 24 феврали соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати такмил додани низоми истифода ва ҳифзи заминҳои таъиноти кишоварзӣ» вазифаи муовини вазири хоҷагии қишлоқ оид ба масъалаҳои рақамикунонии сектори аграрӣ ва шуъбаи тобеи он таъсис дода шуд.
«Ҳамчунин солҳои 2021–2024 дастгирии давлатии фермерон ва кластерҳо дар истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла ҷудо кардани маблағҳои имтиёзноки вомӣ, аз санҷиш гузаронидани техникаи хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани дониш ва саводи кормандон, истифодаи сарфакоронаи захираҳои замин ва об, ҷудо кардани субсидияҳо барои ҷорӣ намудани техника ва технологияҳо, иҷораи замин ба роҳ монда шуданд. Ғайр аз низомҳои мавҷудаи иттилоотӣ, 16 низоми нави иттилоотӣ ва геоиттилоотӣ бинобар як қатор самтҳои муҳим ҷорӣ гардиданд», – таъкид мекунад «Вечерний Бишкек».