САМАРҚАНД: ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МАКОНИ САБЗ» ЧӢ ГУНА КОРҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД?

Бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлатамон лоиҳаи байналмилалии «Макони сабз», ки се сол қабл аз ин оғоз шуд, ба ҳаракати оммавӣ табдил ёфт.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур ҳар сол 200 миллион бех шинондани ниҳолҳои гуногуни меванок ва манзаравӣ пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Самарқанд низ дар чорчӯбаи лоиҳаи байналмилалии «Макони сабз» баҳри корҳои фоидабахши ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо ҳама камарбаста ҳастанд.

– Танҳо соли гузашта 11 миллиону 610 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану манзаравӣ шинонда шуд, ки нисбати нақша хеле зиёданд, – гуфт котиби матбуоти садорати тағйироти иқлим, ҳифзи муҳити зист ва экологияи вилоят Шералӣ Искандаров, – инчунин дар фасли танги тирамоҳ 6 миллиону 125 ҳазор бех ниҳол шинонда, зераш шохобчаҳои обгузар ва чакраобдиҳӣ ба фарҷом расид. Дар баъзе ҷойҳо баъди ба поён расидани маъракаҳои кабудизоркунӣ ниҳолҳо хушкида, ба оташдону танӯрҳо сӯзишворӣ шудаанд. Дар доманакӯҳҳои Зарафшон чун Оҳалик, Миронқул, Оқсой, Камонгарон ва дигар ҷойҳо, ки бо роҳи ҳашар ниҳолшинонӣ, шуд, барои бузу гӯсфанд, яъне чорво ба манбаъҳои озуқаворӣ табдил ёфтаанд. Барои минбаъд чунин ҳолатҳои номатлуб пайдо нашудан, шахсони масъул таъин кардем, ки ниҳолҳо сабзанд, боғу бӯстон пайдо шаванд.

Дар шаҳру ноҳияҳо боғҳои навро бо номҳои «Боғи Ӯзбекистони Нав», «Боғи ҳокимият», «Боғи модарон», «Боғи ҷавонон» бунёд кардем, ки ҳудуди онҳо гуногунанд. Албатта, сабзонидани ниҳолҳои дарахтон зери назорат қарор хоҳад гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Самарқанд партовгоҳ вуҷуд дошта, дар ин манзил низ ниҳолшинонӣ дар авҷ аст. Бинобар ҳамин корхонаҳои саноатӣ, ки дар ин минтақа фаъолият доранд, масъули тадбири хайр мебошанд.

Умуман дар вилояти Самарқанд барои нигаҳдории боғу бӯстон ва гулгаштҳои навбунёд 47 адад техникаи пуриқтидор, садҳо нафар шахсон ҷалб шудаанд ва 36 чоҳ кофта об баровардем, ки дар фасли тобистон хушк нашаванд. Зеро «Макони сабз» на танҳо кабудизоркунӣ, инчунин бо корҳои фоидабахш машғул шудани мардум аст.

Оре, ҳамин тариқ, бо ташаббуси сарвари давлатамон соли 2025 «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» эълон гардид, ки бешубҳа барои ҷаннати рӯйи Замин табдил ёфтани Ӯзбекистони Нав хидмат хоҳад кард.

Ёд дорам, солҳои таҳсил дар синфи ибтидоӣ гоҳ-гоҳ ба ҳавлии модаркалонам Саодатбибӣ рафта, дар боғи биҳиштосои ӯ сайру гашт мекардем. Дар рӯйи ҳавлиашон дарахти зардолу қад кашида, аз аввали баҳор то тирамоҳ ғулинг мекард. Боре мо, бачаҳои шӯху беқарор, мусобиқакунон шохи онро шикаста ба ғурачинӣ пардохтем. Раҳматӣ модаркалонам омада, бо афсӯс сар ҷунбонда гуфтанд, ки агар ман дасти туро шиканам, чӣ мешавад?

Моён бо тааҷҷуб ба якдигар нигаристем.

– Бечора дарахт ҳам ҷон дорад, вале забон не, – ба фаҳмондан пардохта шохи шикастаро бо латтапора бастанд, – Худованди меҳрубону ғамхор ҳама чизро мебинад. Ҷойи одами гунаҳкор дӯзах! Ба ту насиҳат, минбаъд ту ва ана ин додарат ниҳол шинонед, ки Парвардигори раҳмдил бахшанда аст. Инро аз қадрият ба маҷбурият гузаштан мегӯянд.

Аз ин воқеа беш аз 60 сол гузашт ва моён ҳамон бо бунёди боғ машғул ҳастем.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: