БИНОИ НАВ БА МАКТАБИ МАҲАЛЛАИ КАЛОН

Ғиждувон калонтарин ноҳияи вилояти Бухоро буда, байни ҳудудҳо аҳолиаш низ аз ҳама зиёд аст. Ин ноҳия 75-то маҳалла дорад.

Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 24 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Калон» воқеъ гардида, бинои таълимгоҳ, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта бунёд шудааст, барои 420 нафар талаба пешбинӣ гашта буд. То ҳол 800 нафар хонандагони ин даргоҳ дар ду навбат таълиму тарбия мегирифтанд.

Бо назардошти муроҷиатҳои аҳолӣ дар ин ҷо дар доираи барномаи маблағгузорӣ дар муддати кӯтоҳ бинои иловагии чорошёна барои 600 нафар талаба қад боло кард. Онро бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухара новострой» сохта, ба фаъолият омода карданд. Ин бинои замонавӣ дорои ҳама гуна имкониятҳо буда, барои камолоти наврасон хидмат мекунад.

Ҳангоми кушодашавии бино лентаи рамзӣ бурида, иштироккунандагони маросим вориди бинои нави мактаб шуданд ва бо як олам хушнудӣ аз шароити он огоҳ гардиданд.

А. Авезов,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: