Тарҷумаи «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Шамс» бо чолишҳои мутааддӣ рӯ ба рӯст. Ин чолишҳо шомили тафовутҳои забонӣ ва фарҳангӣ, печидагиҳои забонӣ ва адабӣ ва тафсирҳои мухталиф аз мафоҳими ирфонӣ ва фалсафӣ аст.
Мутарҷимон бояд бо диққат ва дониши амиқ аз забони мабдо ва мақсад ва ҳамчунин ошноӣ бо заминаҳои таърихӣ ва фарҳангии Мавлоно ба тарҷума бипардозанд.
Яке аз мушкилоти аслӣ интиқоли дақиқи мафоҳими ирфонӣ ва фалсафии Мавлоно ба забони дигар аст, ки ниёзманди дарки амиқ аз мафоҳим ва тавоноии баёни онҳо ба шакли қобили фаҳм барои мухотабони ҷадид мебошад.
Барои ирояи тарҷумаи дуруст аз осори Мавлоно ва «Маснавӣ» боястӣ бар адабиёти форсӣ тасаллути кофӣ дошт. Тасаллут ба забони форсӣ ва шеъри Мавлоно, ниёзманди таркибӣ аз мутолиа, тамрин ва дарки амиқ аз фарҳанг ва таърихи Эрон мебошад. Яқин аст, ки барои чунин тавоноӣ бояд мутолиаи мутуни классикӣ дошт; аз манобеи омӯзишӣ дар адабиёти классик истифода кард; дар сурати лузум аз клосҳо ва коргоҳҳо баҳра бурд ва дар ниҳоят мутолиа дар тафосир ва шарҳҳои осори Мавлоно ва тамрини тарҷума метавонад муфид бошад.
Дар ин мутолиа саъй мешавад бо равиши мутолиаи таҳқиқӣ ва китобхонае бо нигоҳи татбиқӣ ба Маснавӣ пардохта шавад. Барои тарҷумаи татбиқии осори Мавлоно, метавон аз равишҳои таҳқиқии мухталифе истифода кард, ки дар ин миён таҳлилҳои муҳтаво, сабкшиносӣ, татбиқии фарҳангӣ, таърихӣ, мутолиаи татбиқии тарҷумаҳои мухталиф истифода кард.
Ин мутолиа нигоҳе таҳқиқӣ ва татбиқӣ бар чолишҳои мавҷуд дар тарҷумаи осори Мавлоно, ба вижа «Маснавии маънавӣ» дорад.
Ганҷинаи адабиёти ҷаҳон ҳар рӯз бо тарҷумаҳои ҷадиди «Маснавии маънавӣ» ғанитар мешавад.
Ин асар, ки аз даҳаи бистуми қарни гузашта вориди дунёи маънавии Ғарб шуд, акнун ҷойгоҳи худро дар миёни шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон тақвият кардааст.
Гарчи нахустин тарҷумаҳои осори Мавлавӣ ва хоса «Маснавӣ» ҳудуди ду сада баъд аз даргузашти вай (миёнаҳои қарни IX ҳиҷрӣ миёнаҳои қарни XVI милодӣ) ба туркӣ дар замони Усмонӣ сурат гирифтааст, аммо аз нимаи дувуми қарни XIX милодӣ ба ин сӯ тарҷума ва пажӯҳишҳои афроде чун Негилсон, Арбарӣ, Винфилд ба англисӣ, Анна Мари Шимли ба олмонӣ, Абдулбоқӣ Гулпинорлӣ ба туркӣ ва Адиби Фирӯзшоҳӣ ба синдӣ дар муаррифии осори Мавлоно ба миллатҳои дигар нақши муҳим доштааст.
Агарчи осори Мавлавӣ то кунун ба наздики 34 забони пуркорбурд (аз ҷумла забонҳои туркӣ, арабӣ, англисӣ, олмонӣ, шведӣ, итолиёӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, албонӣ, испониёӣ, туркманӣ, урду, қазоқӣ, ӯзбекӣ, чинӣ, юнонӣ, русӣ, молоӣ, туркӣ-озарӣ, курдӣ, сувоҳилӣ, буснёӣ, ҳуландӣ ва қирғизӣ) тарҷума шуда, бо ин ҳол шеъри Мавлоноро аслан бояд ба форсӣ хонд.
Шӯрушайдоӣ, мусиқии даруниву маъонии баланди онро танҳо метавон ба форсӣ хонду дарк кард.
Ин баёни шигифтангез танҳо дар форсӣ намод пайдо мекунад.
Тарҷумаи ин шеърҳо бисёр душвор аст, аммо мухотаб, ки дар ниҳоят форсӣ намедонад ва мехоҳад Мавлоноро бихонад, бояд дасти кам рӯҳи адабии забони ӯро дарёбад. Бинобар ин мутарҷим, ки осори Мавлоноро тарҷума мекунад, аз дини ислому ирфон ва фарҳанги эронӣ аз наздик ошно бояд бошад.
Зимнан дар «Маснавӣ» оёти Қуръон 760 бор нақл шуда ва 703 ҳадис дар 745 макон ба кор рафтааст.
Аз назари Мавлоно инсон асосан рӯҳи номаръӣ ва шабеҳи фариштагон ва мутааллиқ ба олами рӯҳонӣ аст. Рӯҳ аз Худост. Худованд онро дар қолаби гиле, ки сохта буд – шакл, яъне бадани инсон даровард. Ин қолаб ба таъбири Мавлоно сурат, яъне ҷусса, моддӣ, фонӣ, гузаро аст. Дуруст, мисли либосе, ки мепӯшем, муваққатӣ аст. Вақте вақташ мерасад, ин ҷома аз тан хориҷ машавад ва дар олами мода мемонад, бадани ғуборолуд дубора хок мешавад. Ва рӯҳ ҷовидона аст, ба асли худ – ба олами маънавият, коинот – ба Худо бозмегардад. Танҳо роҳи татҳири ишқ, таслим шудан дар баробари ишқи Худост.
Яъне шефтаи дурахшишҳои зудгузари ҷаҳон набошем, сареъ ва амиқ бифаҳмем, ки ҳамаи инҳо сурату тасвир ҳастанд, фаҳмида шавад, ки бояд ба дунболи маъно бувад, ба дунболи моҳият бувад (ва маънову моҳият аз назари Мавлоно «Алмаънӣ ҳуваллоҳ» аст, яъне Худо, ҷангидан барои ин аст, ки тамоми умрро фақат бо дурустӣ ва садоқат зиндагӣ кард, ба фикри оқибат ва охират буд, маъно ва асли омадан ва рафтан ба олами нурро на дар олами моддӣ, балки дар олами маънавӣ бояд ҷустуҷӯ кард. Мақсуд аз «Маснавӣ» дар асл як ҷомеаи сӯфиёна аст.
Аммо ин ҷанба аз онро фақат касоне, ки аз тариқати сӯфиёна пайравӣ мекунанд ё касоне, ки онро хуб мешиносанд, метавонанд дарк кунанд. Мардуми дур аз дидгоҳи сӯфиёнаву фаҳми ирфонӣ, аз «Маснавӣ» – дар мавзуъҳои махлуқу ғайримахлуқ, махлуқу халқ, оламу инсон, сирату сурат, иллату маълул, сурату маъно, зоҳиру ботин, маргу бақо, ин ҷаҳону он дунё, малакуту дунё, монанди шоҳу гадо, нестиву ҳастӣ, куфру имон, ваҳдату фақр, дунёи моддиву маънавӣ ва ба ганҷинаҳое аз маъонӣ, сандуқе аз ҳикмат, асари комил, ки мояи зебоӣ, ишқу бемеҳрӣ, адолату беадолатӣ, амонату ҷанг, росту дурӯғ, вафодориву хиёнат, хайру шарр, ҳикмату ҷаҳл, ишқу хашм, илова бар лаззат, нафрату шафқат, покиву риё, саховату бухл, содагиву ҳила садҳо ҳикмати зебое дар мавриди ҳазорон даргирии инсониву дунёвӣ баҳра хоҳӣ гирифт. Мутаассифона, бисёре аз тарҷумаҳо таҳтуллафзиву мансур аст ва аз дунёи Мавлонову асолати Мавлавӣ дур мондаанд.
Мисолан, дар ғазали Мавлоно Боркис Мавлоноро «тавсеа» ва «модерн» мегӯяд: «Ман мусалмон, масеҳӣ, яҳудӣ, бутпараст, дин ё узви ҳеч низоми мазҳабеву фарҳанге нестам».
Чӣ тадбир, ай мусалмонон,
ки ман худро намедонам,
На тарсо, на яҳудам ман,
на габрам, на мусалмонам.
На шарқиям, на ғарбиям,
на барриям, на баҳриям,
На аз кони табииям,
на аз афлоки гардонам.
Агар бигӯем, ки аксар тарҷумаҳо наметавонад ҷавобгӯйи дарунмоя ва маънои осори Мавлоноро таҳвил диҳад, муболиға намешавад, вале иғроқ нест, ки Мавлоно ба лутфи тарҷумаҳои Колман Боркис – шоири амрикоӣ бо истифода аз тарҷумаи калима ба калимаи Ҷон Муин (Ҷавод Муин)-и эрониюласл ҷаҳони ғарбро тасхир мекунад.
Боркис гуфта, ки дар ҳоле, ки китобҳои худаш фақат чаҳор то панҷ нусха дар моҳ ба фурӯш меравад, аз китобҳои Мавлоно рӯзона садҳо нафар харидорӣ мекунад.
«Маснавӣ» асари бебадалест, ки бо нубуғи шоирона рӯҳу маънавияти хонандаи закиро ҳам бо нури илоҳӣ ва ҳам дунёварӣ (заминӣ) рӯшан мекунад, медурахшад. Ҳадафи аслии Маснавӣ бедор кардани зеҳни нохудогоҳон аст.
Роҳи тарҷумаи осори Мавлоно дар Ӯзбекистон солҳои истиқлол боз шуд. Ҷумъаниёз Ҷабборов ва Шоислом Шомуҳаммадов аввалин бор ин корро оғоз карданд. Бархе аз ғазалиёти шоирро тарҷума карданд. Баъдҳо Сироҷиддин Саййид низ дастае аз ғазалиёти ӯро ба ӯзбекӣ баргардонд.
Ҷамол Камол ибтидо бархе аз ривоёти «Маснавӣ» ва бархе аз рубоиҳоро тарҷума кард ва китобе ба номи «Барои парвоз бол надорам, вале мепарам» мунташир кард. Ва баъдан «Маснавӣ»-ро ба таври комил ба қазовати мухотаб расонд.
Асқар Маҳкам низ бахши бузурге аз китоби аввалини асарро ба сурати китоби ҷудогона бо тарҷума ва таълиқоти шеърӣ ба забони ӯзбекӣ мунташир кард.
Эргаш Очилов – пажӯҳишгар ва мутарҷими боистеъдод рубоиёти Мавлавиро соли 2013 мунташир кардааст.
Саҳми тарҷумонҳои моҳир Асқар Маҳкам, Ҷамол Камол ва Одил Икром «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро дар солҳои мухталиф ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардаанд ва тарҷумаҳои онҳо аз тарафи мухотаб хеле муштоқона истиқбол шудааст. Агарчи ҳар тарҷумаи анҷомидашуда вижагиҳои хоси худро дорад ва ҳар мутарҷим саъйе кардааст аз асли мутун дур наравад, вале боз ҳам аз баъзе халалҳо холӣ нест.
Асқар Маҳкам (1958-2007) мутарҷими боистеъдод ва шоири номӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки озодандеш дар шеъри нави ӯзбекӣ дар вазнҳои сарбаст, байти сапед, вазни ангушту арӯз шеър сурудааст. Он тавре ки гуфтем, дафтари аввали Мавлавиро ба номи «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ» соли 1999 дар Тошканд мунташир кардааст. Ҳамчунин маҷмуаи «Ғазалиёти Девони Шамси Табрезӣ» тавассути ӯ ба забони ӯзбекӣ баргардонда, ки китоб мавриди назари ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон мунташир шудааст.
Ҷамол Камол (1938-2022) ҳикматҳои Мавлавӣ (соли 2013) ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавиро солҳои 2000-2004 ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва дар шаш ҷилд нашр кардааст.
Одил Икром (1960) «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавиро соли 2021 ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи эшон хеле тарафдорони зиёде дорад, чун тарҷума ба забони ӯзбекӣ хеле равон даромадааст.
Инак, ба тарҷумаҳо таваҷҷуҳ мекунем. Мисолан, Мавлоно дар дафтари аввал мегӯяд:
Моҳ, к-ӯ афзуд з-ахтар дар ҷамол,
Шуд зи ранҷи диққи ӯ ҳамчун хаёл.
Тарҷумаи Ҷамол Камол:
Ойда юлдуздан-да ортиқдирчирой,
Ой эмас, нозикхаёлдир кӯкда ой.
Тарҷумаи Одил Икром:
Ой эрур юлдузданам соҳибжамол,
Гар тутилса – сил, қолар ундан хаёл.
Дар ин байт ҳар ду мутарҷим ҳам аз маъно дур рафтаанд, дар натиҷа вожаҳои изофӣ истифода шудааст, ки дар матни аслӣ дида намешавад. Беҳтар мебуд ин тавр бошад:
Ой қани чиройда юлдуздан ортган
Хаёл каби бӯлди у ранжу ғамдан.
Боз:
Ин талаб дар мо ҳам аз эҷоди туст,
Растан аз бедод, ё Раб, доди туст.
Дар байти зер Одил Икром саҳеҳтар тарҷума кардааст, вале Ҷамол Камол вожабофӣ кардааст. Дар натиҷа ба коҳиши маънии асл дучор шудааст:
Тарҷумаи Ҷамол Камол:
Бу талабдир лутфи ижодинг сенинг,
Зулмдан, ё Раб, дейиш додинг сенинг.
Тарҷумаи Одил Икром:
Не талаб бор бизда – ижодинг эрур,
Кетса гар зулм, адлу эҳсонинг эрур.
Беҳтар мебуд ба ин тарз бошад:
Биздаги бу талаб ҳам, ижодингдан сенинг,
Ё Раб! бедодликдан халос адлинг сенинг.
Боз ҳам:
Чун ту дар Қуръони Ҳақ бигрехтӣ,
Бо равони анбиё омехтӣ.
Дар ин байт таваҷҷуҳи мутарҷимон бештар ба қофия буда, Ҷамол Камол ҳатто тафовути авлиёву анбиёро дар назар нагирифтааст:
Тарҷумаи Ҷамол Камол:
Тангри Қуръонида бӯлса рағбатинг,
Авлиёлар бирла бӯлгай суҳбатинг.
Тарҷумаи Одил Икром:
Сен агар огоҳ Ҳақ Қуръонидан,
Нам туярсан анбиёнинг жонидан.
Мебоист ин тавр мегуфт:
Гар паноҳ топсанг Ҳақнинг Қуръонига,
Қоришгайсан анбиё руҳига.
Дар ҳоле ки Ҷамол Камол саъй мекунад қофияи аслиро ҳатто ба қимати фидо кардани маънӣ дар бештар маворид ҳифз кунад ва бар ин асос ба ҷамолоте бо изофоти форсӣ тамоил дорад. Одил Икром ағлаб маънои байтро иштибоҳ мегирад, гӯйӣ дар ҳоли ӯзбекисозии он аст.
Дарвоқеъ, дар тарҷума ҳифзи як шакли зебо ва интиқоли муҳтавое дурахшон ба таври ҳамзамон бисёр душвор аст. Бо ин ҳол инро набояд нуқси забонӣ донист, ки асар ба он тарҷума шудааст.
Ҳатто дар ҳеч забони ғанӣ зарқу барқ, фасоҳату зарофати як забони хориҷӣ ба як шакл зоҳир намешавад. Гоҳе бояд зиннати шоирона – барроқият, печидагиро қурбонӣ кард, то амиқтарин маъно ҳифз гардад.
Наргис Шоалиева,
дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ ва ӯзбекии Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон.