БИНОИ НАВ БА ИХТИЁРИ ХОНАНДАГОН СУПОРИДА ШУД

Дар ноҳияи Учқӯрғони вилояти Намангон бинои нави мактаби миёнаи ихтисосонидашудаи рақами 43-юм, ки барои 300 нафар пешбинӣ шудааст, ба истифода супурда шуд.

Дар доираи инвеститсияи соли ҷорӣ бар ивази 5 миллиарду 251 миллион сӯм баробари сохтани бинои изофавӣ биноҳои мавҷуд низ пурра аз таъмир бароварда шуд.

Бинои нав бо иштироки роҳбарони секторҳо, куҳансолон, масъулони мактабҳои таълими миёнаву томактабӣ ва ҷамоаи васеъ ба ихтиёри хонандагон супорида шуд.

Пас аз маросими тантанавӣ дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар ҳавлии мактаб ниҳол шинонда шуд.

Дар сурат: лавҳа аз чорабинӣ.

Суратгир: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: