ИШҚИ ҲУРЛИҚОИ ИНҶИҚ

  • ИШҚИ ҲУРЛИҚОИ ИНҶИҚ
  • ИШҚИ ҲУРЛИҚОИ ИНҶИҚ

(Ҳикоя)

Хатмкардаи факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Институти сиёсатшиносии Санкт-Петербург Ҳабиб Темиров 14 декабри соли 1954 дар деҳаи Ҷӯши ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд дида ба дунё кушодааст.

Корро соли 1956 ба сифати журналист дар рӯзномаи вилоятии «Зарафшон»-и вилояти Самарқанд шурӯъ намуд. Дертар хабарнигори рӯзномаи «Халқ сӯзи» буд. Чанде дар ҳокимиятҳо вазифаҳои масъулро бар дӯш дошт. Аз соли 1999 то ба қарибӣ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Қишлоқ ҳаёти» буд. Дар айни ҳол дар Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон бо фаъолияти педагогӣ машғул мебошад.

Муаллифи қиссаву ҳикояҳои намакини «Одаме дар хиёбон», «Ҳангоми ғуруб», «Асрори қасри сиёҳ», «Макр ё муҳаббат», «Як рӯзи пеш аз қиёмат» мебошад. Соли 1993 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудааст.

Нависандаи хушсалиқа имсол по ба зинаи 70-уми умр ниҳод.

Ба ин муносибат ҳикояи ӯ «Ишқи Ҳурлиқои инҷиқ»-ро ба хонандагони «Овози тоҷик» пешкаш намуда, барояш тандурустӣ ва комёбиҳои эҷодӣ таманно менамоем.

Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».

***

Ҳабиб Темиров

(Ҳикоя)

Яке аз рӯзҳои фасли баҳор буд. Бо рафиқам қарор додем, ки баъди кор, дар хиёбон вомехӯрем. «Дар тарабхонае мешинем», – гуфт ӯ.

Ба ваъдагоҳ чун одат панҷ-шаш дақиқа пештар омада, дар таги дарахтони арғувонӣ, ки аз онҳо бӯйи борон меомад, сигоркашон гардиш мекардам, ки ҷавондухтаре маро ҷалб намуд. Вай дар пойи муҷассамаи барқаде, ки дар хиёбон гузошта буданд, меистод. Ҷуссаи хурдакаке дошт, ки ба худаш мезебид. Ҳарчанд дар чеҳраи гандумиаш гузашти солҳо осори худро гузошта буданд, қомати мавзун дошт. Дар тан боронӣ дошт, мӯяшро беҳавсала ба тахтапушташ партофта буд. Ба фикрам, вай касеро интизор буд. Бо нӯги мӯзачаи соқаш кӯтоҳ ба роҳрави мармарин асабӣ хат мекашид.

– Шумо, ки... акои Эҳсон нестед? – ғайричашмдошт пурсид ӯ.

Аз ин илтифоти тасодуфӣ саросема шуда,  ҷавоб додам:

– Не.

– Узр. Аз нигоҳҳои синчакоронаатон фикр кардам, ки ...

– Барои нигоҳ узр... Аммо ман аз он ки ба акои Эҳсон монандам, хушҳол гардидам. Кошкӣ ба акои Эҳсон табдил меёфтам.

Вай қоҳ-қоҳ зада хандид. Садояш чун садои зангӯла ҷарангдору маҳин буд.

– Эҳтимол, худашон ҳастед? Маро фиреб дода-а...

Ин ҳангом гӯё чизеро дарк кардам.

– Бо ӯ аз ин пеш ҳам вохӯрда будед?

– Не. Тавассути телефон ошноӣ пайдо кардем. Қарор додем, ки имрӯз бори аввал вомехӯрем. Наомад. Фиребгар...

– Акнун магарам суруди «Ваъдаро додиву ҳоло дар куҷоӣ, бевафо»-ро хиргоҳӣ мекунед. Агар хоҳед, ҷӯр мешавам. Ё аз ин ҳам беҳтараш ҳаст: «Дина Эҳсон ваъда доду воаҷаб, пайдо нашуд».

Вай боз инони хандаро сар дод.

– Шӯх будаед. Номатон чист?

– Номам Шоҳид, аммо омода ҳастам, ки барои шумо Эҳсон бошам.

Вай боз хандид. Ман, аз он, ки суханҳоям ба ӯ маъқул шуда истодаанд, илҳом мегирифтам.

– Агар сир набошад, номи шумо чист?

– Ҳурлиқо!

– Номатон муносиби ҷисматон будааст.

– Монед-чӣ!

– Рост мегӯям. Басо хушрӯ будаед. Аммо...

– Аммо гуфтаниед, ки чаро бо фиребгаре тавассути телефон шинос шудед. Ҳамин тавр?

– Не, ман... дигар чиз гуфтанӣ будам. Модоме ки саволро кӯндаланг гузоштед, малол наояд, ҷавоб диҳед.

– Малол меояд.

– Ин тавр бошад, ҷавоб надиҳед. Дар асл, ин кори шахсии ҳар кас.

Ин ҳангом рафиқам пайдо шуду риштаи суҳбатамон гусаст. Барои он ки гапи зиёдатӣ нашавад, ба пешвозаш шитофтам.

– Касеро, ки интизораш будед, омад? Равед, хайр.

– Хайр... Дарвоқеъ. Агар хоҳед, ки суҳбатамон идома пайдо кунад, занг занед. Рақами телефонам – сето чор, сето панҷ...

Ӯ чизе нагуфт. Шояд ба ҷойи он ки рақами телефони ӯро пурсам, рақами телефони худро пешниҳод намудам, малол омад.

Бо рафиқам шароби «Садаф»-ро нӯшида, дар ҳолати сархушӣ ба фикр фурӯ рафтам, ки «Чаро бо ӯ аз наздик шинос нашудам?»

Рӯзи дигар занг зад. Хурсанд шудам.

– Салом, ҷавони аълохон!

– Чаро ин тавр мегӯед?

– Рақами телефонатон аз 4 ва 5 иборат. Илова бар ин, ба аълохонҳо монандӣ доред. Ҷавони хушрӯ будаед...

Тапиши дилам тез шуд. Охир, таъриф ба кӣ намефорад?

«Аҳ-а, – гуфтам худ ба худ, – яъне Эҳсон наомадааст. Шояд ҷавоне бо номи Эҳсон тамоман вуҷуд надорад, барои бо ман ошноӣ пайдо кардан ин баҳонаро бофтагист».

Ҳурлиқоро ба вохӯрӣ даъват намудам. Омад. Духтарон дар баҳор боз ҳам зеботар мешаванд. Аммо Ҳурлиқо, воқеан, хушрӯ буд. Мо дар боғҳои сабзе, ки тоза бедор мешуданд, оҳиста-оҳиста қадам мезадем.

– Шумо дар дили ман маъво гирифтед, – гуфт ӯ ғайричашмдошт, – дер боз ҳеч кас ба ин андоза писанд наомада буд. Ҷавони зебову хушчақчақ будаед. Шояд оиладор ҳастед? Хуб, ин аҳамият надорад. Ман... дар ҳаёт фиреб хӯрдаам. Дар оилаи хубу баобрӯ ба воя расидам. Падарам... Барвақт гузаштанд. Модарам ҳам. Касе набуд, ки маро зери назорат гирад. Хоҳарбузурге дорам. Вай ҳам бо ташвишҳои зиндагии худ. Ҷавонеро дӯст медоштам. Мегуфт, ҳамхона мешавем,  аммо ба ваъдааш вафо накард. Ба дунболи дигараш рафт. Дили бахшанда дорам. Баъди хонадор шуданаш ҳам вомехӯрдем. Баъд... Чӣ шуду аз ӯ дилам монд. Ҳоло танҳоям. Ба қарибӣ яке аз дугонаҳоям рақами телефонамро ба Эҳсон ном ҷавон додааст. Занг зад. Гап задем. Аз занаш ҷудо шуда будааст. Гуфт, ки безебам, қадам паст, дар чашмонам айнак дорам. Гуфтам: « Ҳар кӣ ҳам бошед, як бор бинам». Ваъда доду наомад. Шояд худдорӣ кард... Шумо бошед, далер ҳастед. Духтаронро зуд ром мекунед. Аммо ман ба зудӣ таслим намешавам...

Ин гуфту қоҳ-қоҳ зада хандид.

Аввал ба кино даромадем. Сипас хӯрок хӯрдем. Шароби дӯстдоштаамро нӯшидем. Ба рӯйи ӯ сурхӣ дамиду дӯстрӯтар  шуд. Баъд ӯро ба кулбаам, ки дар як гӯшаи шаҳр воқеъ буд, овардам. Танҳоиямро дида, ба тааҷҷуб афтод.

– Деҳотиед? – пурсид ӯ.

– Не. Ҳамин хел... Ҳеч кас надорам.

Аз ҳайрат чашмони нилии ӯ бозтар шуданд. Ман магнитофонро гузоштам. Оҳанги хуше садо дод. Ӯро ба рақс хондам. Ҳангоми рақс ба ӯ аз бобати дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтан, институт, кори илмӣ ва дигар сабабҳои хонадор нашуданам нақл кардам. Чеҳраи ӯ шукуфт. Маро сахт ба оғӯш кашида, рӯяшро ба рӯям гузошт.

– Пас, мешавад мо издивоҷ кунем?

Чизе нагуфтам. Вай ғайричашмдошт аз рӯйҳоям бӯсид.

– Бо ман ҳамхона шавед, акои Шоҳид! Яктану якҷон зиндагӣ мекунем. Як умр ёри вафодор, хидматгоратон мешудам.

Баъд якбора маъюс гардид, дастони дар гарданам ҳалқааш суст шуданд.

– Маро... Хатои маро шояд намебахшед... Ҳамин тавр?

Вай аз оғӯшам раҳо гашту ба курсӣ нишаст. Дар ҳалқаи чашмонаш ашк давид.

Аз дастонаш нарм дошта, ба оғӯш кашидам. Ва... Он суханони муқаддасеро, ки як умр дар бисотам нигоҳ медоштам, ба ӯ гуфтам. Шояд аз ҳаяҷон буд, ки ҳарфҳоям пой дар ҳаво, канда-канда мебаромаданд.

– Шумо... ту ҳам аз рӯзи аввали дидан дар дилам маъво гирифтӣ. Чунин ба назар мерасад, ки туро як умр меҷустам ва инак, баъди интизориҳои тӯлонӣ пайдо кардамат. Эҳтимол... ишқ, муҳаббат ҳамин бошад? Бигӯ, ту низ маро дӯст медорӣ?

Ҳурлиқо чизе нагуфт. Сарашро ба сари синаам монда, нафаси чуқур кашид. Гумон кардам, ки ин нафас ҳосили орзуи бахти ногаҳонӣ буд...

Хулоса, якчанд рӯз ҳамроҳ ба сар бурдем. Ҳар ду маслиҳат кардем, ки рӯзҳои наздик аз никоҳ гузашта, баъди ҷамъ кардани маблағе, тӯйи хурдакаке барпо мекунем. Дар ин хусус ба раиси маҳалла – коргари куҳансоли завод Қобилака гуфтам. Вай хурсанд шуд.

– Писарам, дуруст фикр кардаӣ. Танҳоӣ –  шуғли беҳуда. Шумо барин ҷавонҳо бояд ба Ватан-Модар фарзандони солим тарбия кунед. Вақтро аз даст надиҳед.                  

Ин суханҳо ҳазл буданд ё рост, ба ман маъқул шуданд. Аз ину он қарз гирифта ба тӯй омодагӣ гирифтам.

Аммо... Як бегоҳӣ Ҳурлиқо наомад. Фардо ҳам, пасфардо ҳам. Ба хонааш занг задам. Хомӯшӣ. Рафтам. Нест. Аз ҳамсояҳояш пурсидам. Яке аз ҳамсояҳояш ба куҷо рафтанашро фаҳмонд. Ба он ҷо рафтам. Дар яке аз мавзеъҳои канори шаҳр, дар хонаи одии бомаш паст зиндагӣ мекардааст. Дарро ҷавони паканаи гандумранги айнакдор кушод.

– Салом, ба шумо кӣ лозим?

– Ҳурлиқо...

– Ҳозир...

Ҳурлиқо дар тан хилъат берун омад. Вай аз Ҳурлиқои пештара даҳҳо маротиба зеботар буд. Шояд манзараи ғарибонаи кулба ва ҷавони назарногири паҳлуяш ба ҳуснаш афзуда буд. Чеҳраи гулгуну бахтиёр дошт. Аммо ӯ хушҳолиашро аз ман пинҳон дошт. Ба ман маъюс нигарист.

– Маро... Маро беҳуда ҷустаед. Ман муносиби шумо нестам. Эҳсонакаро ёфтам. Илтимос, хафа нашавед.

Инро гуфту ба дарун даромад. Ба Эҳсони сархам назар андохта, як муддат истодам. Баъд маҳзун зери лаб «хайр» гуфтаму баргаштам. Бо дили нохоҳам як-як қадам мемондаму фикру хаёлҳои ба ҳам зид дар сарам чарх мезаданд. Гоҳе бо танаффур Ҳурлиқоро зани «бетаъин»-у «сабукпо» меномидам. Гоҳе худро тасаллӣ медодам, ки «чӣ илоҷ, муҳаббат ҳиссиётест гунгу нозук».

Вақте ба кӯчаи калон мебаромадам, борон шиддат пайдо карда буд. Ба фикрам, ин борони нахустини фасли баҳор буд. 

Борон меборид, ман бошам, дар кӯчаи фарох танҳо қадам мезадам...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Саодат Бекназарова.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: