ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА САНЪАТИ СОХТУ НАВОЗИШИ РУБОБ БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ ЮНЕСКО ДОХИЛ ГАРДИДАНД

4-уми декабр дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Асунсиони Парагвай баргузор шуд, Ҷашни Меҳргон ва санъати сохт ва навозиши рубоб ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият дохил гардиданд.

Меҳргон ҳамчун ҷашни бостонии ҷамъоварии ҳосил аз ҷониби Тоҷикистон ва Эрон, ҳунари сохтан ва навозиши рубоб аз ҷониби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон пешниҳод шудаанд.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии пешазисломии мардуми форсизабон буда, тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Он ҳамчун рамзи пайванди инсон бо табиат ва сипосгузорӣ аз баракатҳои он доир мегардад.

Дар сомонаи расмии ЮНЕСКО оид ба ин Ҷашни ориёиҳо чунин маъ­лумот дода шудааст: “Меҳргон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар сол аз 2-юми октябр то 2-юми ноябр таҷлил мешавад. Маросим аз намоиши хӯрокҳо ва дастранҷи деҳқон иборат аст. Мусиқӣ, рақс, намоишҳои театрӣ ва варзишҳои маҳаллӣ (ба монанди гӯштин) ҷузъи ин ҷашн мебошанд. Меҳргон муттаҳидшавии ҷомеаро та­вассути ба ҳам овардани миллатҳои гуногун мустаҳкам мекунад”.

Рубоб сози тории қадимӣ буда, дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ паҳн шудааст. Рубоб бештар бо плектор ё камонча навохта меша­вад ва садои форам дорад. Намудҳои гуногуни рубоб мавҷуданд. Рубобҳои тоҷикӣ (помирӣ), афғонӣ ва қашғарӣ аз машҳуртарини он мебошанд. Ин сози мусиқӣ дар кишварҳои Африқои Шимолӣ, Туркия ва ҷануби Испания низ истифода бурда мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии ЮНЕСКО, “рубоб дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум нақши муҳим мебозад. Онро дар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла идҳо, арусиҳо ва маросимҳои дафн истифода мебаранд. Ин асбоб дар намоишҳои оркестрӣ ва мусиқии муосир истифода мешавад”.

Бояд гуфт, ки шомил шудани Ҷашни Меҳргон ва санъати сохтану навозиши рубоб ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО қадами муҳим дар ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ мебошад. Ин иқдом на танҳо фарҳанг ва таърихи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, балки пайванди мардум бо арзишҳои бостонии худро қавитар месозад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: