Дар вилояти Қашқадарё корҳои ниҳолшинонии тирамоҳӣ муташаккилона идома доранд. Дар мавсими имсола дар воҳа шинондани беш аз 10 миллион ниҳоли дарахтони ороиши ва манзаравӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Чироқчии вилоятшинондани 417 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ ба нақша гирифта шуда, дар қитъаҳои алоҳида, аз ҷумла канори роҳҳо, каналу дарёҳо беш аз 300 ҳазор бех ниҳол шинонда шудааст.
Дар ноҳия барпо намудани боғҳои ҷамоавӣ низ ба анъанаи хуб даромадааст. Дар 5 гектар замини аз маҳаллаи Зарбдори ноҳия ҷудогардида таъсис ёфтани «Боғи паҳлавонҳо» далели ин гуфтаҳост. Аз пайи кори хайр шудан хуб аст. Зиёд шудани боғҳо ба сабзу хуррамгардии кишвар ва тозагии табиатамон хидмат мекунад.
Аксбардор: Ҷ. НорҚобилов (ӮзА).