Дар толори анҷуманҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ тибқи нақшаи кории Маркази миллию мадании тоҷикони ҷумҳурӣ доир ба мавзӯи дӯстии мутафаккирони бузурги мо – Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ ва 100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар байни гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои донишгоҳ озмуни зеҳнии «Донишманд» баргузор гардид.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Сарвари давлат дар баромадҳои худ доир ба мутолиаи китоб, аҳамият ва зарурати таблиғи он дар байни ҷавонон, умуман, ҷомеа, борҳо таъкид намудааст. Яке аз панҷ ташаббуси Стратегияи барномаи давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати маънавии ҷавонон ва ташкили пурмазмуни вақти холии онҳо ба китобхонӣ мебошад.
Чанде пеш дар толори анҷуманҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ тибқи нақшаи кории Маркази миллию мадании тоҷикони ҷумҳурӣ доир ба мавзӯи дӯстии мутафаккирони бузурги мо – Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ ва 100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар байни гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои донишгоҳ озмуни зеҳнии «Донишманд» баргузор гардид. Дар он намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ, вилояти Тошканд, қазоқ, рус, корейс, муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олӣ, муҳассилини гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳ, шоиру нависандагон ва журналистон иштирок намуданд. Омӯзгори калони бахши забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ Ҳ. Султонзода таъкид намуд, ки чорабинии имрӯзаи мо ба рушди забон, фарҳанг, дӯстӣ ва таҳаммулпазирии миллатҳо, бардавомии дӯстии мутафаккирони бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, инчунин, 100-солагии рӯзномаи маҳбуби мо – «Овози тоҷик» бахшида мешавад.
– Албатта, чунин чорабиниҳои маърифатию маънавӣ ба рушди забон, миллат, урфу одат, тарғиби мутолиаи китобу китобхонӣ хидмат мекунад. Вақте ба толори донишгоҳ ворид шудем, чашмамон ба таблои хушранг, ки дар он «100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик» муборак!», «Озмуни зеҳнии «Донишманд» навишта шуда буд, афтид. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯён-омӯзгорони оянда китобу рӯзнома мехонанд, забони модарии худро пос медоранд, – гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Г. Субҳонова.
Ҳаминро бояд гуфт, ки дар озмун талабагони гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои «Фанҳои гуманитарӣ», «Методикаи таълими ибтидоӣ», «Методикаи таълими томактабӣ» байни худ қувваозмоӣ намуданд. Ҷараёни озмун таҳти назари омӯзгори донишгоҳ Темур Мадалиев гузаронда шуд. Саволу ҷавобҳо дар доираи мавзӯъҳои мухталиф буданд. Саволҳо аз фаъолияти нахустини рӯзнома, фидоиён ва тарғибгарони аввалини он, аз ҳаёт ва фаъолияти шоиру нависандагони классик ва муосир, эҷодиёти қаламкашони ҷавон, манзараҳои нотакрори табиати кишвар, мардуми меҳнаткаши он тартиб дода шуда буд. Дар монитор симои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон намудор шуданд. Онҳо гӯё бо нигоҳи хирадмандонаи худ ба тарғибгарони адабиёти тоҷик, ба омӯзгорони оянда мамнунияти худро баён менамуданд.
Озмун бо рӯҳияти воло ба роҳ монда шуда, дар он гурӯҳҳое, ки аз курсҳои 1-3-юми факултаҳои номбурда созмон ёфта буданд, фаъол иштирок намуданд. Ҷойи аввалро дастаи «Баҳористон»-и курси якуми факултаи «Методикаи таълими ибтидоӣ» бо 27 хол, ҷойи дуюм ва сеюмро бошад, дастаи «Ҳафт авранг»-и курси савум бо 26 хол ва «Ирфон»-и курси якуми факултаи «Фанҳои гуманитарӣ» бо 25 хол соҳиб шуданд. Аз рӯйи рафти озмун маълум шуд, ки ҳамаи донишҷӯёни гурӯҳҳо ба гузарондани озмуни зеҳнии «Донишманд» хуб омодагӣ дидаанд. Донишҷӯёни закиву ҳозирҷавоб – Руфина Қазоқова, Шаҳзода Иброҳимова, Сабрина Ҳусейнова, Интизор Ҷӯраева ва дигарон ба саволҳо ҷавобҳои қаноатбахш доданд. Дар поёни чорабинӣ ба иштирокдорони озмуни зеҳнии «Донишманд» ифтихорнома, бастаи китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо супурда шуданд.
С. Бекназарова,
Г. Кабирова,
хабарнигорони «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.