Чанде пеш ҳайати вакилони ҳокимияти вилояти Намангон бо роҳбарии ҷонишини ҳокими вилоят Оқибҷон Инъомов дар Чин шуданд ва дар провинсияи Жиангсу бо иштироки роҳбари Палатаи савдо Ян Бо ваколатхонаи Намангонро кушоданд.
Ҳоло дар заминаи «Равзанаи ягона» барои сармоягузорони чинӣ дар шаҳри Пекин барои содироту воридот ва сармоягузорӣ ёрии амалӣ расонида мешавад. Ташкил намудани ин хел ваколатхонаҳо дар шаҳрҳои Шанхай, Шенҷен, Синдао, Гуанҷжо ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ташрифи намангониён ба Пекин форуми инвеститсионии «Чин – Намангон» низ баргузор гардид. Дар форум чорабиниҳои фарҳангӣ, баромадҳои мусиқии тарафайн ташкил карда шуд. Дар форум зиёда аз 300 ширкати номдор иштирок намуданд ва бо намояндагони онҳо мулоқот гузаронида шуд. Дар доираи форум 15 лойиҳа, аз ҷумла, энергетикаи «сабз», сохтани биноҳои бисёрошёна дар мавзеи «Янги Намангон», барпо намудани сиҳатгоҳ ва меҳмонхонаҳо дар ноҳияи Чортоқ, сохтани роҳҳои магистралӣ, ташкил намудани ҳудуди саноати хурди Чин бо миқдори 5 млрд. доллар аҳдномаҳо имзо карда шуд.
Ҳайат дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, инвеститсия ва иқтисодиёт низ аҳдномаҳо имзо карданд.
Ташкил намудани корхонаҳои муштараки саноатӣ натанҳо боиси мустаҳкамшавии риштаҳои дӯстиву ҳамкории тарафайн, балки барои беҳгардонии таъмини эҳтиёҷи рӯзафзуни аҳолӣ ба маҳсулоти саноатӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ кумаки муҳим мегардад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.