Ҷамоаи Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо сафари эҷодӣ ба шаҳри Самарқанд омаданд.
Онҳо дар саҳнаи Театри драмавии русии ба номи Чехови вилоят асарҳои Ато Ҳамдам «Агар ҷанг намебуд» ва адиби номдори турк Азиз Несин «Хунхори торросӣ»-ро намоиш доданд.
Қабл аз оғози намоиш Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, вориси муносиби ровии зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов Ортиқи Қодир ҳозиронро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар ҳама давру замон аз ҳамсояи нек шарофат буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Воқеан, тоҷикону ӯзбеконро дар тӯли таърих умумиятҳои зиёди таърихӣ чун гӯшту нохун бо ҳам қарин гардонидаанд.
Боиси ифтихору хушнудист, ки соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз шуд, ки бешубҳа, бо ному корнома, дурандешӣ ва ҷасорату матонати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иртиботи ногусастанӣ дорад.
Ба ифтихори ин ду нафар сиёсатмадори абарқудрат месазад кафкӯбӣ кунем, гуфт ӯ.
Тамоми меҳмонону мизбонон аз ҷо бархоста, чанд муддат кафкӯбӣ карданд.
– Имрӯзҳо барои муошират ва рафту омади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар, баргузории анҷуманҳои гуногуни фарҳангӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Барои ҳамин мо гӯё бол бароварда, рӯ ба Самарқанди бостон овардем. Қабл аз оғози намоиш Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ, майдони Регистон, масҷиди Бибихонум, Шоҳи Зинда ва дигар ёдгориҳои таърихии Самарқандро зиёрат кардем.
Сипас, тӯли се рӯз мухлисони санъат аз баромади дастаи ҳунарии театр ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ ғизои маънавӣ гирифта, ба ҳунарпешагони театр бо кафкубӣ ва гулҳои тару тоза арзи сипос намуданд.
Ҳунарпешагон Давлатшоҳ Убайдуллоҳ, Салоҳиддин Шукуров, Суҳроби Эгамназар, Моҳона Саодатхонова, Бобомурод Ҳаитов, Убайдуллоҳ Саъдуллоев ва дигарон нақшҳои хешро бо маҳорати баланд иҷро намуданд.
Аз номи мухлисони санъати бадеӣ Аълочии таълими халқии Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд Шуҳрат Самадов, номзади фанҳои санъатшиносӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Баҳора Хуррамова, директори Театри драмавии русии вилоят ба номи Чехов Шарофиддин Содиқов, ровии номдор Аъзамҷон Лутфуллоев ва дигарон ба аҳли ҳунари театр миннатдорӣ изҳор дошта, гуфтанд, ки Самарқанд ҳамеша интизори меҳмонони олиқадр аз Тоҷикистони бародарӣ аст.
– Театри мо таърихи қадима дорад, – гуфт директори театр, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машрабов. – Он соли 1929 дар Душанбе таъсис ёфтааст. Дар саҳнаи мо асарҳои адибони бузург Фотеҳ Ниёзӣ, Мирсаид Миршакар, Абдумалик Баҳорӣ, Меҳмон Бахтӣ, драматургони рус ва ҷаҳон гузошта шудаанд.
Театри мо дар замони шӯравӣ низ чандин маротиба меҳмони Самарқанд шудааст. Инак, боз омадем, то ки мухлисони худро шод кунем ва умед аст, ки соли оянда боз меҳмон шавем.
Театр дар тарбияти маънавӣ ва эстетикии тамошобинон нақши бузург мебозад.
Афсӯс, ки солҳои охир мардуми мо ба тамошои театр ниҳоят кам меоянд.
Умед мекунем, ки сафари эҷодии театри машҳури Тоҷикистон дар Самарқанд сафи мухлисони театрро зиёд мекунад.
Ёдовар мекунем, ки дар доираи сафари ҳунарӣ байни театрҳо созишномаи ҳамкорӣ имзо гардид, ки он барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда мусоидат мекунад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.